Сафари ҷавонон ба Данғара

Сафирони давлатҳои хориҷро барои сайёҳат Данғара бурданд

242
(Таҷдидшуда 18:46 20.03.2020)
Ба ҷавонони хориҷие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд зебогиҳои Данғараро нишон медиҳанд

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон дуввумин Ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони "Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод" баргузор мегардад.

Ҷавонони кишварҳои хориҷ ба Данғара рафтанд
Ҷавонони кишварҳои хориҷ ба Данғара рафтанд

Бино ба гузориши Кумитаи ҷавонон, ин Ҷашнвора имсол ба муносибати эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", дар остонаи Наврӯз, гузаронида мешавад.

Истироҳат дар Тоҷикистон: аз фардо таътили баҳории хонандагон оғоз мешавад

"Субҳи барвақт гуруӯи ҷавонони хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсилдошта, ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафирони давлатҳои хориҷӣ, корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони намояндагони созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ба самти ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон барои ширкат дар Ҷашнвораи  байналмиллалӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ба сафар баромаданд", - омадааст дар хабарнома.

Фардо дар Наврӯзгоҳ беҳтарин куштигирони тоҷик рақобат мекунанд

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки онҳоро волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат" ҳамроҳӣ мекунанд.

242
Барчаспҳо:
Ҷашнвора, Наврӯз, Данғара
Историк Гафур Шерматов

Рӯнамоии китоби таърихнигори тоҷик дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ: видео

49
(Таҷдидшуда 11:38 08.08.2020)
Таърихнигори тоҷик Ғафур Шерматов китоби худро дар бораи аҳамияти иштироки Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Рӯнамоии китоби тозанашри таърихшинос оид ба ҶБВ дар Маркази илму фарҳанги Русия сурат гирифтааст, дар ин бора телевизиони “Мир 24”гузориш додааст.

Китоби тозанашр "Ҷанг ва Ғалаба. Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ"  унвон дошта, муаллиф барои таҳияи он панҷ сол заҳмат кашидааст.

Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

Ба гуфтаи Шерматов, тамоми саҳмҳо ва ҷангҳоеро, ки зодагони ҶШС Тоҷикистон кардаанд, дар як китоб ҷой додан номумкин аст, аммо ӯ дар матн муҳимтарин марҳилаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки ба  Тоҷикистон рабт дорад, қайд кардааст.

Аз Сталинград то Берлин: саргузашти собиқадори 112-солаи ҶБВ аз Тоҷикистон

Аксари сафҳаҳои китоб ба ҳаёти аҳолии ҷумҳурӣ дар рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд.

Дар муаррифии китоб инчунин намояндагони пойгоҳи низомии 201-и Русия ва сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ширкат варзиданд.

49
Барчаспҳо:
таърих, рӯнамоӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муҳаққиқ, Ғафур Шерматов
Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев

Мақоми нави Афзалшоҳ Шодиев баъди барканорӣ аз раҳбарии Филармония ва муддате истироҳат

2907
(Таҷдидшуда 16:43 06.08.2020)
Ҳунарманди шинохтаи тоҷик, пас аз барканорияш аз раҳбарии Филармонияи давлатӣ тӯли шаш моҳ дар истироҳат буд. Қаблан гуфта буд , ки вақти холигияшро мехоҳад сарфи эҷод кунад.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз вазифаи раҳбарии Филармонияи давлатӣ барканор шуда буд, мақоми нав гирифт, дар ин бора бародари ӯ Набиҷон Шодиев дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳунарманди шинохта роҳбарии Муассисаи давлатии "Ансамбли тарона ва рақси "Сомон" таъйин шудааст.

Таъйини раиси нав дар Филармонияи давлатӣ: Афзалшоҳ Шодиев барканор шуд

Гуфта мешавад таъйини Афзалшоҳ Шодиев ба ин мақом бо фармони вазири фарханг Зулфия Давлатзода  ва пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. 

Ӯ қаблан тӯли панҷ сол Филармонияи давлатиро роҳбарӣ кард ва замони барканорияш зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рафтанаш аз ин вазифа бо розигии худаш сурат гирифтаст ва аз фаъолияташ дар ин макон хурсанд аст ва мехоҳад каме ба эҷод машғул шавад.

Гиряи кормандон барои раис: Афзалшоҳ Шодиев дар бораи барканорӣ ва нақшаҳои баъдӣ

Ӯ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст ва дар моҳи феврали соли 2013 дар Русия ҷоизаи "Хиради Миллат"-ро дарёфт кардааст.

 

2907
Город Худжанд, архивное фото

Кам шуд, аммо ҳанӯз ҳаст: бӯи ғализ дар Хуҷанд кай бартараф мешавад?

0
(Таҷдидшуда 15:15 08.08.2020)
Сокинони шаҳри Хуҷанд мегуянд, ҳанӯз мушкили олудаги ҳаво бартараф нашудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран раиси Хуҷанд сарчашмаи паҳншавии бӯи ғализ дар шаҳрро гуфта буд

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои соҳили рости руди Сир дар Хуҷанд мегуянд, то ба ҳол мушкили паҳншавии бӯи ғализ дар шаҳр ҷой дорад.

Нуриддин Шарифов як сокини маҳаллаи 17-уми Хуҷанд дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ба ҳангоми вазидани шамол бӯи бад ба кӯчаву манзили онҳо паҳн мешавад.

“Дар гармои тобистон ҳама вазидани шамолро интизор мешаванд, аммо аз вазидани шамол мо дилгир мешавем, зеро дар вақти шамоли форам бӯи бад маҳаллаи моро фаро мегирад”, гуфт ӯ.

Як сокини дигари Хуҷанд аз маҳаллаи 8-ум ҳам зикр кард, ки шому саҳар ба ҳангоми вазидани шамол бӯю тафи бад ҳавои хонаю дари онҳоро олуда месозад. Ин сокини Хуҷанд гуфт, ин мушкил чанд вақт ба ин тараф ҳалношуда боқӣ мондааст.

“Паҳншавии бӯи бад дар шаҳр, назар ба як моҳи пеш нисбатан камтар шудааст, аммо ҳанӯз пурра бартараф нашудааст”, таъкид кард, ҳамсуҳбати мо.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 15-уми июл Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ манбаъи паҳншавии бӯи ғализ дар маҳаллаҳои Хуҷандро ошкор кард.

Муҳаммадзода таъкид кард, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз ҳисоби порӯи мурғхонаҳое паҳн мешавад, ки дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров сохта шудаанд.

"Паҳни бӯи бад дар шаҳр мо ҳама маъмурони шаҳрро нигарон кардааст. Мо оиди ин масъала 10-12 рӯз ба ин тараф машғул ҳастем. Гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони санитарию эпидемологии шаҳр, Раёсати экология вилоят маълум намуданд, ки дар мавзеъҳои доманакӯҳи шаҳр, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби баъзе ашхос фермаҳои мурғпарварӣ ташкил карда шуда ва порӯи чунин фермаҳо дар фазои кушод нигоҳ дошта мешудааст, ки ба ҳангоми вазидани шамол ба микроноҳияҳои шаҳр паҳн мегардад", - гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд он замон гуфта буд, ки унвонии Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мактуб ирсол намудаанд, то ин масъаларо ба баррасӣ гиранд.

Аммо бо гузашти қариб як моҳ ҳамоно паҳншавии бӯи ғализ дар Хуҷанд бартараф нашудааст ва сокинон аз ин вазъ изҳори нигаронӣ мекунанд. Воқеан порӯи мурғхонаҳо ҳавои шаҳрро олуда мекунад, ё чизи дигар? Оё бӯи ғализ дар Хуҷанд кай бартараф мешавад?

0
Барчаспҳо:
шикоят, Маъруф Муҳаммадзода, сокинон, бӯйи бад, Хуҷанд, Тоҷикистон