Певец Лев Лещенко

Аҳволаш вазнин аст: Лев Лешенко ба коронавирус гирифтор шуд

2037
(Таҷдидшуда 18:06 26.03.2020)
Пизишкон аҳволи ҳунармандро вазнин арзёбӣ мекунанд. Коронавирус боиси илтиҳоби дутарафаи шуш гардидааст. Феълан, Лешенко дар шӯъбаи эҳё қарор дорад

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Лев Лешенко, ҳунарманди номии Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба COVID-19 гирифтор шудааст. Дар ин бора расонаҳои Русия гузориш медиҳанд.

Табибон вазъи ҳунармандро ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд. Дар натиҷаи сирояти коронавирус, ҳунарманд ба илтиҳоби дурафаи шуш мубтало шудааст. Феълан, ӯ дар шӯъбаи эҳё қарор дорад.

Наздикони Лешенко дар бораи бемории ӯ маълумоте надодаанд.

Пештар ӯро аз Коммунарка - маркази нигаҳдории гирифторони COVID-19, бинобар маълум шудани илтиҳоби шушаш, ба шӯъбаи эҳё интиқол дода буданд. Ҳамсараш Ирина низ дар беморхона аст.

Аввалҳои моҳи феврал Лешенко бо ҳамсараш барои истироҳат ба Италия сафар карданд. Пас аз ду ҳафтаи сафар аҳволи ҳунарманд бад шудааст.

Ҷеки Чан дардмандии худро ба коронавирус шарҳ дод

Шоми гузашта Лешеко нафасгир шудааст ва табибон ӯро ба шӯъбаи эҳё интиқол доданд. Дар натиҷа пизишкон тавонистанд вазъи Лешенкоро ба ба эътидол оваранд, аммо бар ҳар ҳол, то ҳол дар шӯъбаи эҳё мемонад.

Феълан, наздикону ҳамкороне, ки бо оилаи ҳунарманд иртибот доштанд, аз тахшис мегузаранд.

2037
Зрители в кинотеатре

Филми "Парвонаҳо" дар Қазон ҷоиза гирифт - видео

52
(Таҷдидшуда 18:37 02.03.2021)
Филми "Парвонаҳо"-и коргардони тоҷик дар Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.

Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад. 

Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.

Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.

Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.

52
Барчаспҳо:
КИНО, Қазон, ҷоиза, коргардон, Тоҷикистон
Книга, архивное фото

"Қонуни тиб"- и Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе бознашр шуд

82
(Таҷдидшуда 17:12 02.03.2021)
Кормандони маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии Тоҷикистон “Қонуни тиб” (китоби 5) - ро тарҷума ва бознашр намуданд, ки ҷилди 16 - уми Осори Абуалӣ ибни Синоро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст.

"Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад", -  таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев. 

Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд, шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.

Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. 

Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои "Китоб - уш – шифо",  "Ҷадал", "Хитоба", "Суфастоӣ" ва "Фанни шеър" - и  Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.

Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.

82
Барчаспҳо:
китоб, қонун, Ибни Сино, Сино, Тоҷикистон
Президент Таджикистана поздравил женщин с Днем матери

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар

0
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занони кишварро ба муносибати фаро расидани ҷашни Рӯзи Модар табрику таҳният гуфт

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар паёми раисҷумҳур, ки котиботаш нашр кардааст, зикр мегардад, ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Раисиҷумҳури кишвар аз бузургиву ҷойгоҳи модар муфасал зикр карда, ҳамзамон гуфтааст, ки модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.

Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем, таъкид мекунад раисиҷумҳур.

Президент гуфтааст, имрӯз мо бо қаноатмандӣ метавонем гӯем, ки тайи сӣ соли истиқлоли давлатӣ занону бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон хизмат карда истодаанд.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки саҳми бонувону занон дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва муқовимат ба ифротгароиву хурофотпарастӣ басо арзишманд мебошад.

Ҳакимзода аз номи Президент як модари ниёзмандро табрик намуда, ба ӯ хона тақдим кард

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавондухтарони мо имрӯз дар баробари соҳиби касбу ҳунар намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона омода кардан, омӯзонидани ахлоқи ҳамида, маърифати оиладорӣ ва ҳунари кадбонугӣ масъалаҳои муҳимтарин ба шумор мераванд.

"Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки модарону бонувони азизи мо рисолати худро дар ин самт низ бо камоли масъулият иҷро мекунанд",- таъкид кардааст раисиҷумҳур.

Президент ба ҳар фарди бонангу номус, махсусан, ба наврасону ҷавонон хитоб кардааст, ки падару модарон ва бонувону хоҳаронро дар ҳама ҳолат эҳтиром намоянд, нисбат ба онҳо ҳамеша меҳрубону дилсӯз бошанд, иззату ҳурмати калонсолонро ба ҷой оваранд ва дуои неки онҳоро гиранд.

Хотирнишон месозам, ки ин меъёр, яъне масъулияти фарзандон барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар дар Конститутсияи мамлакат дарҷ гардидааст.

Мо бояд аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҳамеша ба роҳи рост ва барои ҳифзи истиқлолу озодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ҳидоят намоем, тахкид кардааст, раисиҷумҳур.

Қадрдонии поккорони пойтахт аз ҷониби Рустами Эмомалӣ: беш аз 3,5 миллион сомонӣ дод

Кишвардори Тоҷикистон гуфтааст, бовар дорад, ки модарону занони муҳтарам ва бонувону хоҳарони азизи мо минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари халқамон, таҳкими оила, ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд.

0