Национальный музей Таджикистана организовал акцию Ночь в музее

Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин осорхонаҳои ИДМ шомил шуд

85
Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфт ва то имрӯз макони асосии ёдгориҳои таърихи фарҳангии кишвар мебошад

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Сомонаи сайёҳии TourStat Осорхонаи миллии Тоҷикистонро ба 10 гонаи беҳтарин осорхонаҳои  Русия ва ИДМ шомил кардааст.

Ба рӯйхати беҳтарин осорхонаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ инчунин Осорхонаи давлатии таърихииМаскав, Осорхонаи миллии таърихии Беларус дар Минск ва осорхонаи миллии таърихӣ ва фарҳангии "Несвиж" (Қасри Несвиж) дохил карда шудаанд.

Миёни беҳтаринҳо ҳамчунин Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Нур Султон ва Осорхонаи марказии давлатии Қазоқистон дар Алмаато, Осорхонаи миллии таърихи Озарбойҷон дар Боку, Осорхонаи таърихи Арманистон дар Ереван, Осорхонаи давлатии таърихи Ӯзбекистон дар Тошканд ва Осорхонаи миллии таърихи Молдова дар Кишинёв шомил шудаанд.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфт ва то имрӯз макони асосии ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар мебошад

Ёдовар мешавем, соли гузашта Осорхонаи созҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков дар Душанбе Ҷоизаи мусиқии Оқохон дар бахши нигоҳдорӣ, эҳё ва соҳиб шуд.

85
Барчаспҳо:
Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото

Шӯрои уламо дар бораи закот ва миқдори он: ба кӣ бояд дод?

217
(Таҷдидшуда 11:07 04.06.2020)
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суолҳои корбари сомонааш дар мавриди нӯшидани нисоби закот ва миқдори он, посух гуфтааст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Як чанд корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ин ниҳоди динии кишвар хостаанд дар бораи закот, миқдори он ва дар кадом вақт ба чи кас онро супорид посух диҳад.

Дар посух ба ин суол Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, закот бар шахсе фарз аст, ки дорои нисоби закот, яъне молики 21000 сомонӣ бошад.

Шӯрои уламо гуфтааст, пас аз гузаштани як сол аз вақти соҳиби нисоб шудан ба андозаи 525 сомонӣ ба фақире ё мискине ҳамчун закот мепардозад.

“Агар ин миқдор маблағро молик набошад, бар ў закот фарз намешавад.Шарти воҷиб шудани закот ба нисоб расидани мол аст, агар қабл аз ба нисоб расидан ҳам пардохт кунад, ҷоиз ва кори хайр аст”,-афзудааст манбаъ.

Ин ниҳод гуфтааст, додани закот ба ҷуз падару модар ва фарзанду набера ва ҳамсар ба дигар хешовандон дуруст аст, агар моли ба нисобрасида надошта бошанд.

217
Мадина Акназарова

Аз кулчапазӣ то нашри нахустин суруд ба забони шуғнонӣ: Мадина дар замони COVID - 19

2082
(Таҷдидшуда 18:24 01.06.2020)
Мадина Ақназарова ахиран суруди ҷадиди худро ба забони шуғнонӣ зери унвони "Рози дил" пешкаши мухлисонаш кард

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Мадина Ақназарова сарояндаи ҷавон ва машҳури эстрадаи тоҷик, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи нашри суруди нахустинаш ба забони шуғнонӣ ва ҳамагирии COVID - 19 нақл кард.

Ба гуфти Мадина вақте рӯзҳои аввал дар бораи COVID - 19 сухан мекарданд, дар Душанбе ҳамаро тарсу ваҳм фаро гирифта буд, вале пас аз чанде ҳамаҷо ором шуд.

"Наздик ба якуним моҳ мешавад, ки мо дар хона нишастаем. Худро эҳтиёт мекунем. Шукри Худо ҳамаи аҳли хонаводаамон дурусту бардаманд", - гуфт Мадина.

Сарояндаи ҷавон дар даврони ҳамагирӣ нахустин суруди худро ба забони шуғнонӣ (пештар ӯ суруде бо номи "Ҷону дилам" нашр карда буд, ки танҳо қисме аз суруд ба забони шуғнонӣ сароида шуд) таҳти унвони "Рози дил" нашр ва пешкаши мухлисонаш кард.

Суҳбати Мадина: аз ишқ дар маршировка то муҳоҷирату пулёбӣ ва ҷарроҳии пластикии ситораҳо

Дар бораи нашри ин суруд Мадина мегӯяд аз дер боз мақсад дошт, суруде ба забони модариаш - шуғнонӣ бисарояд, вале суруди мувофиқи дилашро пайдо накарда буд.

"Вақте ман навори қадимиеро тамошо кардам, ки дар он се духтари ҷавон ҳамин суруди "Рози дил"-ро иҷро мекарданд, ман дарҳол онро писандидам ва ба худ гуфтам, ки ман албатта ин сурудро месароям", - нақл кард Мадина ва афзуд, ки аслан ӯ сурудеро интихоб мекунад, ки ба дилаш наздик бошад.

Ӯ гуфт чун матни суруд  бештар мувофиқи сарояндагон - мардон аст, тасмим гирифт матни онро каме тағйир диҳад.

"Ростӣ иҷро кардани суруди бадахшонӣ кори осоне нест. Бояд баландии овоз нота ва ҳамааш мувофиқ бошад. Вале ин суруд ба ман бо тамоми нозукиҳояш мувофиқ омад. Танҳо матнашро ҷой ҷое барои овози духтар мувофиқ кардем", - гуфт Мадина ва афзуд, ки муаллифи ин сурудро пайдо накард, чун яке аз сурудҳои қадимии мардуми Бадахшон ҳаст ва онро суруди халқӣ унвон кард.

Ба ҷавонон муаррифӣ кардани суруди пешинро Мадина аз далели дигари интихоби сурудаш гуфт.

Суруди нави Мадина рӯзи 30 май дар саҳифааш дар шабакаи Youtube нашр шуд. То имрӯз ин сурудро беш аз 39 ҳазор кас шунида ва зиёда аз якуним ҳазор нафар писандидааст.

Аз ҳамагирии коронавирус ёдоварӣ карда, Мадина мегӯяд вақти мувофиқест барои пухту паз барои аҳли хонавода ва сабти наворҳои шӯхиомез.

Дар саҳифаи Мадина дар инстаграм наворе нашр шудааст, ки ӯ дар он тари омода намудани кулчаро аз аввали кор то охир намоиш додааст. Аз навор бар меояд, ки Мадина кадбонуи хубе ҳаст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Таёри ба Сухур 🌹 Сараф во бамаза ширчой 😜

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Ҳамчунин дар баробари наворҳои пухтупаз Мадина видеоҳои шӯхиомезро низ нашр кардааст, ки писанди ҳаводорони ҳунараш шудааст.

Умуман Мадина Ақназарова аз фаъолтарин ҳунармандони тоҷик дар Instagram ба шумор меравад. Ӯ сирри шӯҳрати худро дар истеъдод ва истифодаи фаъолонаи шабакаҳои иҷтимоӣ медонад.

Бар хилофи аксари сарояндагони тоҷик, ки шӯҳратро бо сарфи маблағи ҳангуфт тавъам медиҳанд, Мадина бовар дорад, ки барои инсони боистеъдод ва меҳнаткаш барои дарёфти мақоми худ дар шоу-бизнеси тоҷик, монеа вуҷуд надорад.

"Дар асри 21 машҳур шудан бисёр осон аст. Агра инсон истеъдод ва ҷаззобият дошта бошад, албатта метавонад дар санъати тоҷик мақоми худро пайдо кунад. Ман ин чизро дар мисоли худам тасдиқ мекунам. Шояд солҳои пеш мушкилтар буд, вале имрӯзҳо бо кумаки интернет ин кор осон шудааст”, - гуфт Мадина дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мадина Ақназарова соли 2018 дар санъати эстрадии тоҷик зуҳур кард. Ӯ бо сабки сурудхонӣ, интихоби матни суруд, овози боқувват ва ҷасорату фаъолнокӣ дар Instagram зуд дар дилу дидаи мақомдорони умури фарҳанг ва мардум ҷой ёфт.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Dustoni aziz, surudi halqii ” ”Rozi dil”bo zaboni Badakhshoni ( Shugnoni) alakai dar Youtube dar kanali man sado medihad 🙏🏻 Marhamat, gush kuned . 🎉 #girlfrombadakhshan🌹

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Нахустин намоҳангашро таҳти унвони "Ай ёр, ёр" соли 2017 сабт ва пешкаши мухлисон карда буд, ки аз ҷониби тамошобинон бисёр хуш пазируфта шуд. Мадина дар чандин консертҳои хайриявӣ низ ҳунарнамоӣ карду ӯро дигар дар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ низ даъват мекарданд. 

Мадина мусиқии тоҷикро дар Ӯзбекистон ва Ҷопон ва дигар кишварҳо муаррифӣ кардааст.

Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз чанде хонаводаи Мадина ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург мекӯчад.

Мадина то синфи 9-ум дар мактаби рақами 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бозгашт.

Мадина ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академӣ (опера) супорид ва онро бо хубӣ хатм кард. Пасон Мадина таҳсилашро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дод.

Феълан Мадина Ақназарова донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳунарҳои зебо мебошад.

То имрӯз Мадина Ақназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Пебербург баргузор кардааст.

2082
Барчаспҳо:
Забони модарӣ, Мадина Ақназарова, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми додани мукофот ба соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов

Бобоҷонов боз 1 миллион сомониро барои мубориза бо COVID - 19 дод

0
Соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов барои мубориза бо COVID - 19 дар Тоҷикистон боз як миллион сомонӣ хайр кардааст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Муҳиб Бобоҷонов нимаи моҳи май ба табибони Рашт 200 ҳазор сомонӣ ҳадя карда,  баъдтар боз  барои пешгирии бемории коронавирус 1 миллион сомонӣ тақдим кард, хабар дод нашрияи “Садои мардум”.

Пештар Бобоҷонов барои 400 табиби ноҳияи Рашт дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар кадомашон тақсим карда буд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи паёми ахираш  ба Маҷлиси Олӣ аз корномаи ин соҳибкор  тавсиф намуда, гуфт, Муҳиб Бобоҷонов — сокини 80-солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд.

Таъкид мешавад, Муҳиб Бобоҷонов ва писарони саховатпешааш Раҳимҷон, Шарафҷон ва Бегиҷон дар ҳалли мушкилоти мардуми ноҳия ва минтақаи Рашт пайваста кумак мекунанд.

Ахиран Раҳимҷон Бобоҷонов,  тоҷири тоҷики  муқими Русия ва писари Муҳиб Бобоҷонов  се миллион рублро ба муҳоҷирине, ки дар шароити пандемия бекор монда буданд, тақсим кард.

0
Барчаспҳо:
кумак, сомонӣ, миллион, Тоҷикистон