"Осимӣ" - филми Крис Шуллер, коргардони амрикоӣ дар бораи олими тоҷик

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание Академии наук Таджикистана, архивное фото
Здание Академии наук Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин филм ду сол муқаддам аз ҷониби коргардони амрикоӣ Крис Шуллер дар Душанбе, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ бо санъати баланди филмофарӣ ба навор гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 24 апрел – Sputnik. Филми Крис Шуллер, коргардони амрикоӣ дар бораи олими машҳури тоҷик Муҳаммад Осимӣ соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст.

Тавре "Ховар" гузориш медиҳад, "Осимӣ" дар бахши филмҳои телевизионӣ дар Амрико сазовори  зинаи аввали Ҷоизаи байналмилалии "Annie Award" гардид.

Церемония вручения сертификатов Школы молодых кинематографистов Государственной киностудии «Таджикфильм» - Sputnik Тоҷикистон
Интизор бошед: "Тоҷикфилм" филми нав меофарад
Филми мазкур дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти  давлатию ҷамъиятии яке аз арбобони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, шахсияти бузурги миллати тоҷик, файласуф, шарқшиноси маъруф, академик Муҳаммад Осимӣ  нақл мекунад.

Ин филм ду сол муқаддам аз ҷониби  коргардони амрикоӣ Крис Шуллер  дар Душанбе, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ бо санъати баланди филмофарӣ ба навор гирифта  шудааст. Филми "Осимӣ" бо забони англисӣ  ва бо зерматни (титри) тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва испанӣ таҳия гардидааст.

Имсол дар Тоҷикистон 100- солагии Муҳаммад Осомиро таҷлил хоҳанд кард.

Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ муддати 23 сол  Президенти Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аъзо-корреспонденти Академияи  фанҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аъзои ҳақиқии Академияи фанҳои ҷумҳурӣ буд. Доктори илми фалсафа, профессор Муҳаммад Осимӣ 1 сентябри соли 1920 дар шаҳри Хуҷанд  таваллуд шуда, соли 1941 шуъбаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқандро муваффақона  хатм намуда, аз соли 1941 то соли 1946 дар сангарҳои набард зидди истилогарони фашистӣ иштирок намудааст.

Таджикский кинорежиссер Джайхун (Джеймс) Насими - Sputnik Тоҷикистон
"Unfallen": филми Ҷайҳун Насимӣ дар Қурғонтеппа намоиш дода шуд

Солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди Кумитаи Марказии Ҳизби  Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда, дар соҳаи фалсафа рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад. Соли 1966 нахустин ректори Институти политехникии Тоҷикистон таъйин шуда, дар рушду нумуи ин боргоҳи илм хизматҳои шоиста мекунад.

Муҳаммад Осимӣ соли 1965 президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон интихоб  гардида, дар тарҷумаи тоҷикии китобҳои дарсии физика, геометрия, астрономия, асосҳои фалсафаи марксистӣ-ленинӣ низ хизмати босазо кардааст.

Муҳаммад Осимӣ ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин депутати Шӯрои Олии СССР, аъзои КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Раиси ҷамъияти "Дониш"-и ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи шӯрои омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО, аъзои хориҷии ҳайати таҳририяи маҷаллаи "Таърихи илми араб"-и Донишгоҳи шаҳри Ҳалаби Сурия буд.

Академик Муҳаммад Осимӣ барои хизматҳои шоён дар назди халқу ватан бо ордени Ленин, ду ордени "Байрақи Сурхи Меҳнат", орденҳои "Револютсияи Октябр", "Ситораи сурх", "Нишони фахрӣ", "Барои меҳнати шуҷоатнок" мукофотонида шудааст.

Ҷеймс Насимӣ - нахустин коргардони тоҷик, ки Ҳолливудро тасхир кард

Ҳамзамон Муҳаммад Осимӣ дар таъсису ташаккули Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ки нахустин ректори ин даргоҳи маърифат буд, саҳми босазо гузоштааст. Аз ин рӯ соли  1997 Донишгоҳи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ гузошта шуд.

Лентаи хабарҳо
0