Новая мечеть в Душанбе

Ҳукумат Масҷиди бузурги Душанберо ба тавозуни Кумитаи меъморӣ гузаронд

1626
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат санади комиссияи давлатии қабул дар бораи анҷоми сохтмони Масҷиди бузурги Душанберо тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи равон имзо кард, Комиссияи давлатии қабул санади анҷоми сохтмони Масҷиди бузурги Душанберо тасдиқ намуд.

Ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишварро муваззаф намудааст, ки Масҷиди бузурги Душанберо ба тавозуни худ қабул намояд.

Феълан маълум нест, ки дарҳои ин масҷид кай барои намозгузорон ифтитоҳ хоҳад шуд.

Қаблан дар назар буд, ки маросими ифтитоҳи масҷид моҳи марти соли равон бо ҳузури амири Қатар баргузор шавад.

“Ба далели паҳншавии бемории короновирус, сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ба таъхир афтод. Ҳамин тариқ ифтитоҳи Масҷиди нави ҷомеи марказии шаҳри Душанбе низ ба таъхир гузошта шуд”, - хабар доданд масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ афзуд ташрифи амири Қатар ба Тоҷикистон то ҳол маълум нест.

Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе интизор меравад яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа бошад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.

1626
Барчаспҳо:
масҷид, комиссия, қабул, Тоҷикистон
Парвин Юсуфи

"Ҳамааш мегузарад": Парвин Юсуфӣ ба хотири дастгирӣ аз мардум таронаи ҷадид хонд - навор

205
(Таҷдидшуда 19:09 29.05.2020)
Сарояндаи маъруфи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ ба хотири дастгирӣ намудани тоҷикистониён дар замони авҷи маризии коронавирус таронаи ҷадид нашр кард

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Парвин Юсуфӣ сарояндаи маъруфи Тоҷикистон чанде пеш дар сафҳаи Фейсбукии худ таронаи навашро мунташир намуд. Ӯ ба кулли мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, ҳамагонро ба сабурӣ даъват кард.

"Ҳамеша боварӣ дошта бошед ки ҳамааш мегузарад! Худованди Бузург ҳамеша нигаҳбони Шумо бошад, ва даст ба ДУО бардорем ки ин бемории марговарро Худованд нест кунад аз рӯйи замин", - навиштааст Юсуфӣ зери навори таронаи наваш.

Сарояндаи саршинос мегӯяд, дар ин лаҳзаҳои барои мардуми Тоҷикистон мушкил, тамоми ҳунармандони тоҷик бо замир ва ҳунари худ дар паҳлуи мардум мебошанд.

"Шукри Ватан! Шукри Тоҷикистон! Шукри Меҳру Муҳаббати Халки азизам! Шукри забон! Шукри зиндагӣ! Шукри Муҳаббати Худо!
205
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Жители Таджикистана встретили праздник Ид аль-Фитр или Иди Рамазон

Дар Тоҷикистон Иди Рамазон таҷлил мешавад

581
(Таҷдидшуда 13:59 24.05.2020)
Имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистон таҷлили оммавии Иди Рамазон манъ шуд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Мусулмонони Тоҷикистон имрӯз, Иди Фитр поёни моҳи мубораки Рамазонро ҷашн мегиранд.

Иди Фитр, пас аз 30 рӯзи рӯзадорӣ дар поёни моҳи мубораки Рамазон қайд карда мешавад.

Иди Фитр дар сиюмин рӯзи моҳи мубораки Рамазон пас аз ғуруби офтоб дар оғози моҳи Шаввол таҷлил мешавад.

Чун дигар идҳои мусалмонӣ Иди Рамазон рӯзи дақиқ надорад ва вобаста ба тақвими мусалмонӣ муайян карда мешавад.

Маъмулан Иди Фитр дар Тоҷикистон бо гузоштани намози ид оғоз шуда, бо идгардаки кӯдакон ва хабаргирии пайвандону дуохонӣ дар ҳақци гузаштагон идома мекунад.

Имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистон таҷлили оммавии Иди Рамазон манъ шуд. Ба хотири ҳифзи саломатии мардум намози ид дар хонаҳо гузошта шуд ва дари масҷид баста гардид.

Омӯзгорон муваззаф шуданд дар рӯзи ид рафтори шогирдонашонро зери назорат гиранд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба муносибати ин ҷашн табрик карда, гуфт имсол Иди Рамазон дар авҷи паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон рост омад ва ба хешу пайвандону хонаводаҳое, ки наздикони худро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кард.

Бино ба додаҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то соати 18:30 дақиқаи 23 май дар Тоҷикистон 2738 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1223 нафар шифо ёфта, 44 кас ҷон бохтааст.

581
Барчаспҳо:
таҷлил, Иди Рамазон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Город Душанбе, архивное фото

“Мавҷи дуюм”–и шуюъи вируси корона дар Тоҷикистон: мешавад ё не?

367
(Таҷдидшуда 15:18 30.05.2020)
Коҳиши якбораву ғайримунтазираи гирифториву фавт аз “вируси корона” дар Тоҷикистон гуфтугузорҳо дар бораи “мавҷи дуюм” – и шуюъи ин маризиро афзуда, идомаи қарантинаи эъломношуда мақомот ва сокинонро дудила кардааст

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik, Фахриддин Холбек. Бар оташи дудилагиҳои ҷомиаву мақомоти Тоҷикистон ин воқеиятҳо равған мерезанд, ки дар кишварҳои ҳамсоя низ иттифоқоти ғайримунтазирае дар ҷараёнанд.

Аз ҷумла Чин, хостгоҳи "вируси корона" ва аввалин кишваре, ки озодиашро аз ин маризӣ эълон кард, дубора аз шуюъ ва ҳатто қарантинаи ҳудуди 100 миллион нафар хабар дод. Ӯзбекистон, ки ба назар мерасид, корзорҳои зидди "вируси корона" – ро ба охир расондааст, дигарбора шоҳиди мавориди ҷамъии гирифторӣ дар қаламраваш шуд ва қарантинаи саросариро тамдид кард.

Таҳаввулоти ҷолибтареро ҳамсояи дигари Тоҷикистон – Афғонистон таҷриба мекунад, ки 24 феврал, тақрибан 20 рӯз қабл аз Ӯзбекистон аввалин мавриди гирифторӣ ба "вируси корона" – ро сабт карда буд. Ҳатто теъдоди гирифторон дар Афғонистон, ки то 1 май бамаротиб камтар аз Ӯзбекистон буд, ҳоло марзи 13,5 ҳазорро гузашта, нозирони аҳвол дар кишвар аз як фоҷиаи сиҳӣ суҳбат мекунанд.

Зоҳиран, ин таҳаввулот мақомоти зидахл ва мутахассисини Тоҷикистонро ба андеша водор кардааст ва касе пешбинӣ карда наметавонад, ки оё "мавҷи дуюм" шуданист ё хайр? Суоли беҷавоб Ҳакима Ахмедова, сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар гузашта мудири шуъбаи риёшиносии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мавзуъро бо мутахассисони кишварҳое, ки таҷрибаи бештари мубориза бо "вируси корона" – ро доранд, аз қабили Русия, Амрико, Чин ва дигарон матраҳ карда, аммо посухи дақиқ нагирифтаанд.

"Дуюм чизе, ки ҳоло таҳти омӯзиш қарор додаем, онҳоеанд, ки як бор мариз шуда, сиҳат ёфтаанд, аммо чанд рӯз пас дигарбора тасф кардаанд. Чаро чунин шуд? Оё табобат ниҳоӣ нашудааст, ё чӣ? Ба мо ҳадди ақал аз ҳамчунин як маврид гузориш шудааст. Аммо дар умум ҳеҷ далеле барои пеш омадан ё наомадани "мавҷи дуюм" надорем. Намешавад гуфт, ки кай ва чӣ тавр мешавад", - гуфт Ҳакима Ахмедова.

Намуна Мустафоқулова, мудири кафедраи маризиҳои дарунии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, мегӯяд, гирифторӣ ба "вируси корона" вобаста ба масъуният ё иммунитети одам аст. Ӯ дар мисоли маризии диққи нафас мегӯяд, ҳеҷ гоҳ наметавон гуфт, ки ин маризӣ низ сад дар сад сиҳат меёбад, зеро боз дар ҳоли тамос бо барангезандаи худ аз нав хуруҷ хоҳад кард.

"Вируси корона" – ро ҳатто одамони солим доранд

Аммо агар масъунияти ин афрод ҳам паст шавад, аз гирифторӣ ҷои фирор надоранд. Мисоли дигар, сил маризии гузаранда аст ва ба онҳое мегузарад, ки масъунияти паст доранд. Вақте Шумо бозор рафта, сабзавот, мева ё чизҳои дигарро харидорӣ мекунед, аз куҷо медонед, ки дар онҳо "чӯбчамикроби Кох" – барангезандаи сил нест?

Эҳтимоли сироятёбӣ ҳама ҷо вуҷуд дорад. "Вируси корона" ҳам чунин аст. Аз ин хотир, устуворона гуфтани ин, ки шуюъ ё "мавҷи дуюм" мешавад ё намешавад, гапи беҳуда аст", - гуфт Намуна Мустафоқулова.

Чашм нарасад...

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатони мо, ки мустақим дар мудирияти буҳрони "вируси корона" дар Тоҷикистон саҳм доранд, инро, ки дар шифохонаҳо теъдоди маризон коҳиш меёбад, таъйид мекунанд. Оморе, ки вазорати тандурустӣ дар бораи гирифториву фавт ва шифоёбии маризон ҳамарӯза дар ихтиёри ҷомиа мегузорад, низ ривоят аз дурнамои хушбинонае дорад.

Теъдоди мавориди мусбат, ба гунаи мисол, аз 204 мавриди 20 май ба 123 мавриди 29 май поён омада, то ба имрӯз аз 3686 гирифтори ин маризӣ дар кишвар 1769 кас шифо ёфта, 47 нафар ҳам фавтидаанд ва 1870 нафар ҳанӯз таҳти табобатанд. Тибқи омор, 29 май 331 нафар шифохонаҳоро тарк кардаанд ва агар ин тамоюл идома кунад, рӯзҳои башуморе мондаанд, ки дар шифохонаҳои Тоҷикистон маризе боқӣ намонад.

Ҳакима Аҳмедова мегӯяд, эҳтимол дорад то ҳафтаи дигар тамоми шифохонаҳои кишвар холӣ шаванд ё теъдоди хеле касире аз маризон дар онҳо боқӣ монанд, аммо ин анҷоми кор нахоҳад буд, то худи ибтило ё маризшавӣ анҷом наёбад ва ин худ як марҳалаи дурудароз аст.

"Чашм нарасад, ҳоло гирифторӣ якбора кам шуд. Вақте шифохонаҳо охирин маризро ҷавоб доданд, онҳое, ки мегӯянд, дар хонаҳои худ табобат меёбанд, ҳамагӣ ба по шаванду дигар касе мариз нашавад, вазорат ҳам пас аз ба даст овардани омор пурра хотирҷамъ шавад, он замон бо назардошти вазъи тамоми кишвар метавонем гӯем, ки маризӣ аз миён рафт. Аммо чанд моҳи дигар ҳам бояд мунтазир бошем, ки дар маризон аломатҳои "вируси корона" зоҳир мешавад ё не. Маҳз он замон мешавад мутмаин шавем, ки дигар 100% вирус нест", - гуфт сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Дойра зада, рақс кунед

Дар ҳоле, ки коршиносон коҳиши теъдоди маризонро аз байн рафтани "вируси корона" дар Тоҷикистон арзёбӣ намекунанд, суст кардани лаҷоми тадобирро низ ба маслиҳат намедонанд, балки мегӯянд, дар қиёс бо гузашта ҳушёртар бояд буд.

Намуна Мустафоқулова мегӯяд, бархӯрди инфиродӣ мебояд, зеро аз як сӯ, ҳама гирифтор намешавад, чун ҳудуди 70% - и инсонҳо иммунитети қавӣ доранд, аз сӯи дигар, агар инсон маризиҳои сил, камхунӣ, қанд, диққи нафас, дил ва ғайра дошта бошад, замонати гирифтор нашуданаш нест.

"Ҳама аз худи инсон вобаста, ки то куҷо осебпазир ҳаст ё нест. Ба қавли Ибни Сино, ҳама чӣ ба мизоҷи инсон бастагӣ дорад. Тасаввур кунед, ки шуюъ ё "мавҷи дуюм" ҳам иттифоқ афтад, боз кӣ осебпазир хоҳад буд? Боз ҳамон афроде, ки ҳамеша осебпазир буданду ҳастанд. Мантиқан, вазъ ҳамон гуна боқӣ мемонад, ки қаблан ҳам буд", - гуфт мудири кафедраи маризиҳои дарунии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

Ин мутахассиси тоҷик мегӯяд, "вируси корона" ё COVID – 19 маризии кушанда ё табобатнашаванда нест ва онҳое, ки мефавтанд, ё сахт ба воҳима дода мешаванд, ё маризиҳои ҳамроҳ доранд.

"Замоне, ки дар Бухорову деҳоти атрофаш вабо меояд, ба назди Абӯалӣ ибни Сино мераванд, ки чӣ кор кунем? Аввалин, маслиҳаташон ин буд, ки гуфтанд, равед, рӯи бомҳо бароед ва дойра зада, рақс кунед. Чаро? Он кас хуб мефаҳмиданд, ки аввал руҳияи мардумро бояд бардошт. Руҳафтодагиву яъс масъунияти мардумро паст ва организми онҳоро заифу осебпазир мекунад. Ман 100% бо итминон ба Шумо мегӯям: нисфи маризон аз воҳима мефавтанд. Воҳима як чизи хеле хатарнок аст", - гуфт Намуна Мустафоқулова.

Кор тамом нашудааст

Дар ҳамин ҳол, воқеияти дигаре, ки мутахассисонро нороҳат кардааст, дар пайи коҳиши гирифториву фавт ва холӣ шудани шифохонаҳо ба кӯчаҳо рехтани мардум аст. Ҳакима Ахмедова мегӯяд, ҳукумат ба хотири корҳои профилактикӣ ҳар ҷоеро, ки зарур буд, баст ва ҳоло мардум бояд мувозиби ҳоли худ бошанд, ки дигарбора балоро ба сари худ наоранд.

"Имкон надорад, ки ҳар касро аз дасташ дошта бигӯӣ, хона даромада, шин! Маданияти тиббии мардум бояд баланд бошад ва дарк намояд, ки дар чунин ҳолатҳо бояд чӣ гуна рафтор кунад. Ҳар кас бояд фикри худашро кунад. Агар ҳама хуб буд, он маҳдудиятҳое, ки аз сӯи ҳукумат ҷорӣ шуда буданд, бардошта мешуданд. Чун бардошта нашудаанд, бояд дарк кард, ки кор ҳам тамом нашудааст", - гуфт сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Ин ду мутахассисе, ки дар соҳаи тандурустӣ таҷрибаи ғанӣ ва дар мудирияти буҳрони "корона" саҳм мегиранд, мегӯянд, ҳамоно мардум гигиенаву фосилаи иҷтимоиро бояд риоя кунанд ва аз ахбор ба таври худ хулоса карда, тасмим нагиранд.

367
Барчаспҳо:
вируси нав, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон