Нигина Амонкулова

Сурудхонии Нигинаю Мадина ба забони шуғнонӣ ва тавсифи корбарони интернет - видео

3003
(Таҷдидшуда 14:24 07.06.2020)
Ду овозхони машҳури эстрадаи тоҷик Нигина Амонқулова ва Мадина Ақназарова суруди "Маринес" - ро (фаромӯш анкун) бо овози зинда сароиданд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Мадина Ақназарова ахиран дар саҳифааш дар Instagram наворе нашр кард, ки дар он ҳамроҳи Нигина Амонқулова сурудхонӣ мекунад.

Аз Шабнам то Нигинаю Мадина: аксияи хайриявии ситораҳои шоу-бизнес - видео

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Любимая @nigina_amonqulova ❤️

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Онҳо ҳамроҳ яке аз сурудҳои машҳури мардуми Бадахшон "Маринес"-ро бо овози зинда ба забони шуғнонӣ иҷро карданд.

Қисме аз торти Мадина Ақназароваро дар Маскав 1000 сомонӣ нарх карданд - аксҳо

Посмотреть эту публикацию в Instagram

🎼

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Аксари корбарони интернет аз ҳамовозии ду сарояндаи машҳури Тоҷикистон истиқбол карда аз забондонии Нигина Амонқулова ситоиш кардаанд.

"Хеле хуб ба забони шуғнонӣ месарояд, офарин", - навиштааст як корбар.

"Шумо бояд ҳамроҳ дуэт сароед", - пешниҳод кардааст дигаре.

"Маринес" - суруди помирӣ дар иҷрои Нигина ва базми мардумӣ-видео

Cуруди "Маринес" - ро Нигина Амонқулова охири моҳи декабри соли 2019 нашр кард. Рӯзҳои аввали нашри ин суруд, ҳазорон нафар онро боздид кардаву писандида буданд.

Суруди "Маринес" - ро, ки Нигина бозхонӣ кард, соли 2017 Ширинмоҳ Ниҳолова хонда буд ва тайи солҳо аз ҷумлаи сурудҳои машҳур дар ВМКБ ба шумор мерафт.

Пас аз сароидани Нигина суруди "Маринес" дубора вирди забони мардум гардид.

3003
Барчаспҳо:
забон, Мадина Ақназарова, Нигина Амонқулова, Тоҷикистон
Маросими пешвози меҳмонон, акс аз бойгонӣ

Сафари фарҳангиёну адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

125
(Таҷдидшуда 14:31 28.09.2020)
Ҳукумати вилояти Суғд аз сафари як ҳайати намояндагони илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гуруҳи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ба вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзуд, ки ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

“Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни миллатҳои тоҷику ӯзбек, тақвияти ҳамкориҳои адабӣ, илмиву фарҳангӣ миёни ду давлати дӯст арзёбӣ мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки меҳмонон давоми рӯз аз Маҷмааи фарҳангию “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи вилоятӣ, Хона — музейи Камоли Хуҷандӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки сипас, меҳмонон тибқи барномаи сафар ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе равон шуданд. 

Дар шаҳри Душанбе феълан сафари ҳайати Ӯзбекистон давом дорад.

125
Барчаспҳо:
илм, фарҳанг, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Сангҳои сари роҳ, акс аз бойгонӣ

Раҳмон аз бошишгоҳи одамони асри санг ва шаҳри Мунк дар Ховалинг гуфт

177
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мавзеъҳои таърихӣ дар ноҳияи Ховалинг гуфта, дастур дод, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ ба онҳо бештар ҷалб карда шаванд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ноҳияи Ховалинг бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур мебошад.

Ӯ афзуд, дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили мазори Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мебошанд.

“Аз ин лиҳоз, обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.”, - омадааст дар матни суханронии раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Раҳмон, илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.

Ӯ таъкид кард, ки ин раванд бояд дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад.

177
Руки в наручниках.

Боздошти зани 20-сола, ки гӯшворҳои тиллоиро аз гӯши кӯдакон медуздид

0
(Таҷдидшуда 10:57 30.09.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошт шудани зани ҷавон, сокини шаҳри Ваҳдат ба гумони ғоратграӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 48-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:00, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 7-солааш 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Зарари расонидашуда 750-сомониро ташкил медиҳад", -  омадаст дар хабарнома.

Ҳамин тавр, дар паи баргузори чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б. Бурунови ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда санаи 28-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 8-солаи сокини ҳамин шаҳр 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 1 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуда ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, тилло, зани ҷавон, боздошт