"Ёри рафта": Зайнура Пӯлодова суруди Манижа Давлатоваро бозхонӣ кард - навор

© instagram / zaynura_pulodovaТаджикская певица Зайнура Пулодова
Таджикская певица Зайнура Пулодова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зайнура Пӯлодова овозхони маъруфи тоҷик суруди "Ёри рафта" - ро аз эҷодиёти сарояндаи муваффақи Тоҷикистон Манижа Давлатова ба тарзи зинда бозхонӣ намуд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Наворро худи Манижа Давлатова дар саҳифаи расмиаш дар Инстаграм нашр намуда навиштааст:

"Садоят хаста нашавад духтараки баэҳтиром. Ташаккур ҷонам".

Дар навор қабл аз сароидани суруд Зайнура мегӯяд, "Дар дилхоҳ маъракаи хурсандӣ то як суруди Манижа Давлатоваро бо овози зинда нахонам, ором намешавам".

Манижа Давлатова сарояндаи номии тоҷик мебошад, ки тайи 15 соли ахир хомӯшӣ ихтиёр кардааст. Ӯ хомӯшии хешро то ҳол шарҳ надодааст. Солҳои охир ӯ барои таронаҳои сарояндагони ҷавон оҳанг мебандад.

Лентаи хабарҳо
0