Театри ноҳияи Ёвон

Театри ноҳияи Ёвон касбӣ мешавад

50
(Таҷдидшуда 13:14 03.07.2020)
Мақомоти иҷроияи Хатлон хабар дод, ки теъдоди театрҳои касбӣ дар вилоят афзоиш ёфта, ба чор адад баробар мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода театри халқии ноҳияи Ёвон ба театри касбӣ табдил хоҳад ёфт, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон раиси вилоят дар Қасри фарҳангии ноҳия композитсияи ҳунармандони театри халқиро бахшида ба 5500-солагии Саразм тамошо карда, бо ҳунармандон мулоқот орост.

Котибот афзуд, ки пешниҳоди ба театри касбӣ табдил ёфтани театри халқӣ пазируфта шуда, Қурбон Ҳакимзода барои дастгирии ҳамаҷиҳатаи фаъолияти он дастур дод.

Феълан дар ин театри халқӣ 15 ҳунарманди ҳирфаии театр фаъолият мекунанд. Раиси вилоят ваъда дод, ки дар нахустин намоиши саҳнавии театри касбӣ иштирок хоҳад кард.

Котиботи ҳукумати Хатлон илова намуд, ки то имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон се театри ксбӣ фаъолият мекунанд. Дар сурати мақоми театри касбиро гирифтани театри халқии ноҳияи Ёвон, теъдоди театрҳои касбии вилоят ба чор адад мерасад.

50
Барчаспҳо:
касбӣ, театр, Ёвон, Тоҷикистон
Зрители в кинотеатре

Дар ноҳияи Спитамен кинотеатри замонавӣ сохта мешавад

15
(Таҷдидшуда 15:26 03.08.2020)
Бино аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Аҳмадзода сараввал дар Ҷамоати шаҳраки Навкат бо ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ ошно шудааст.

"Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кооперативи “Гулрез” сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои сохташаванда тибқи лоиҳа аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Мувофиқи харҷномаи пешакӣ арзиши умумии сохтмон зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил мекунад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Книал” бар дӯш дорад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо додааст.

15
Барчаспҳо:
рушду ободонӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Спитамен
Джурабек Муродов

Ҷӯрабек Муродов аз се падараш, дӯстӣ бо бузургону сӯхтор дар осорхона: сахт гиристам-видео

1705
(Таҷдидшуда 16:30 02.08.2020)
Сафҳаи фейсбукии Осорхонаи Ҷурабек Муродов, ба нашри наворҳое оғоз кардааст, ки дар он устоди санъат аз дастовардҳои ҳунариву шиносоияш бо нухбагони фарҳехтаи миллат қисса мекунад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik.  Дар шарҳи наворҳои нашркардаи Сафҳаи фейсбукии осорхона навишта шудааст, ки нақлҳои устод дар бораи зиндаги ва фаъолияти худ, ҳар ҳафта, рузи ҷумъа соати 16:00 доир мешавад.

Дар навори аввал Ҷӯрабек Мурод бо нишон додани аксҳои таърихӣ бо бузургони миллат аз қабили Мирзо Турсунзод, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Қутби Киром, Лоиқ Шералӣ лаҳзаҳои вохӯриву нишастҳо ва ҳазҳояшонро нақл мекунад.

Ба гуфти нобиғаи санъати тоҷик, ин нафарон беҳтарин фарзандони донишмаду фарзонаи миллат буданд,  ва ҳамеша суҳбатҳои фарҳангиву созанда доштанд.

Сарояндаи шинохта ва Ҳунарманди мардумии СССР мегӯяд “се падар” дорад: падари худаш, падари маънавӣ ва падари сиёсияш.

“Муродбек Олимӣ, падари худам, Мирзо Турсунзода, падари маънавиям ва Ҷаббор Расулов, падари сиёсиям аст. Ман назди ин нафарон ҳамеша қарздорам ҷояшон биҳишт бод”,-мегӯяд ҳунарманд.

Хотироти Ҷӯрабек Муродов аз мулоқоте, ки бо Аҳмад Зоҳир як моҳ пеш аз маргаш дошт - Видео

Номбурда ҳамчунин аз сӯхтори осорхонааш ёдовар шуда, гуфт, беш аз бист фисад чизҳое, ки оригинал буд сӯхтанд.

“Ман дар ҳаётам бисёр нагиристаам. Фақат дар даргузашти падару модар дӯстои наздик гиря кардаам, аммо дар сӯхтори осорхонаам низ сахт гирифтам. Чун ин меҳнати ҳалоли эҷодии ман буд”.

Ӯ ҳамчнин гуфт, осорхона бо дастгирии раҳбарони вақти вилояти Суғд таъмир шуд ва ҳамзамон унвони давлатиро гирифт.

1705