Рукописи шейха Мухаммеда ат-Тантави

Нусхаи асри XVII: "Қалъаи Хуҷанд" “Девон”-и Ҳофизро аз китобхонаи шахсӣ харидорӣ кард

251
(Таҷдидшуда 18:10 20.07.2020)
Нусхаи “Девон”-и Ҳофиз, ки Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” харидорӣ кард, бо хатти настаълиқ дар асри XVII навишта шудааст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо қарори Комиссияи харидорӣ “Девон”-и Ҳофизи Шерозӣ харидорӣ намудааст, ки бо хатти настаълиқ дар асри XVII навишта шудааст ва аз нигоҳи илми нусхашиносӣ арзиши баланд дорад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.

Тибқи иттилои манбаъ, Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” китобро аз китобхонаи шахсии як шаҳрванди Тоҷикистон харидорӣ намудааст.

"Хазонаи ғайб": ранҷу азоби тарҷумони яҳудии “Девон” – и Ҳофиз дар Исроил

Гуфта мешавад, ки дар “Девон”-и мазкур бештари ашъори Ҳофиз бо забони форсӣ навишта шуда, баъзе ғазалҳояш бо ду забон, яъне арабӣ ва форсӣ навишта шудаанд.

"Ғайр аз ин дар “Девон”-и ӯ қитъа, қасида ва маснавиву рубоиёт низ ҷойгир аст", - омадааст дар хабарнома.

Шоири ғазалсарои форсу тоҷик Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз ҷумлаи адибон ва мутафаккирони барҷаста ва оламшумулест, ки осори гаронбаҳояш кайҳо боз зиннатфазои ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ гардида ва худаш ҳамчун бузургтарин шоирони лирикнавис шинохта шудааст.

Манбаъ афзуда, ки “Девон”-и ғазалиёти ӯ тӯли асрҳо дастурамали зиндагии адабдӯстон будааст.

Аз ин ҷиҳат нусхаи хатти “Девон”-и ӯ то ҳол дар китобхонаҳои шахсии мардуми миллати тоҷик низ ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад.

251
Барчаспҳо:
девон, ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ, нусха, харидорӣ, "Қалъаи Хуҷанд"
Персидская вязь

"Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома": дар Эрон китоби Ҷӯрабек Назриро бознашр карданд

43
Ин китоб бо ҳимояти Муассисаи фарҳангии ЭКО ба эҳтимом ва вироиши Ҳасани Қарибӣ ва ба ҳиммати интишороти “Орван” мунташир шуд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар Эрон асари "Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома"-и шодравон Ҷӯрабек Назриро бознашр кардаанд. Дар ин бора "Парс тудэй" гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, тарҷумаи форсии китоби "Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома", асари равоншод Ҷурабек Назрӣ ва Алимуҳаммади Хуросонӣ бознашр шуд.

"Ин китоб бо ҳимояти Муассисаи фарҳангии ЭКО ба эҳтимом ва вироиши Ҳасани Қарибӣ ва ба ҳиммати интишороти “Орван” мунташир шуд", - менависад манбаъ.

Ин китоб пас аз даргузашти нобаҳангоми равоншод Ҷурабек Назрӣ бар асари куруно ба поси хадамоти он устоди фақид бознашр шудааст.

Доктор Фатҳуллоҳ Муҷтабоӣ гуфтааст, ин асар бахше аз таърихи адабиёти форсӣ дар Эрони фарҳангӣ аст.

Асли ин китоб ба хатти кириллӣ аст, ки барои аввалин бор дар даҳаи ҳаштоди хуршедӣ нусхаи баргардоншудаи он ба хатти форсӣ ва ба теъдоди маҳдуд бо муқаддимаи доктор Алиасғари Шеърдӯст, сафири вақти Эрон дар Тоҷикистон дар Душанбе ба нашр расид.

"Бо таваҷҷуҳ ба интишори ин китоб дар авоили даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эрондӯстии мантиқии тоҷикон дар саросари ин асар ошкоро нуҳуфтааст", - менависад "Парс тудэй".

43
На территории больницы Истиклол

Муҳаммадҷон Шодӣ аз бемористон мураххас шуд

402
(Таҷдидшуда 12:44 15.09.2020)
Муҳаммадҷон Шодӣ, ҳунарманди шинохтаи синамо ва театри тоҷик, ки ахиран бо гумони гирифторӣ бо вируси корона бистарӣ шуд, шифо ёфтааст

ДУШАНБЕ, 15 сен - Sputnik. Наздикони Муҳаммадҷон Шодӣ хабар доданд, ки ҳунарманд шифо ёфта, аз бемористон мураххас шудааст.

Ӯ ба ҳамаи мухлисон ва онҳое, ки дар рӯзҳои беморӣ дуогӯяш буданду шифои комил хостаанд, изҳори миннатдорӣ намудааст. Шодиеви 66-сола аз нимаи солҳои 80-уми асри гузашта то ҳол дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ кор мекунад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 14 сентябр хабар дод, ки тайи як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Ин ниҳод таъкид карда буд, ки дар як шабонарӯзи охир 112 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон расман 9088  нафар арзёбӣ мешавад, ки 7853 нафар ё худ 86,4%-ашон шифо ёфтаанд.

402
Барчаспҳо:
театр, фарҳанг, Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва профессор Лутфулло Солиев

Даргузашти профессор Солиев, чанд ҳафта баъд аз гирифтани ҷоизаи махсус

0
Профессор, олими маъруфи кимиё, Лутфулло Солиев, ки чанд ҳафта қабл бо ҷоизаи махсуси Президент дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуда буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik.  Дар бораи даргузашти Солиев, ки тайи солҳои охир мудири кафедраи кимиёи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд, шогирдонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, фавташро фоҷиа ва талафоти бузург барои илм хондаанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Солиев 79 сол дошт. Феълан дар бораи сабаби даргузашташ чизе маълум нест. Ӯ чанд ҳафта қабл аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуда буд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, ки “бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бо Амри Президенти мамлакат ба хотири қадршиносии омӯзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардид”.

Бар асоси донишномаи озод, Лутфулло Солиев, кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ буд. Ӯ соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ,  собиқ ноҳияи Ленин таваллуд шуда, солҳои 1959–1964 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст.

“Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970–1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбари институти мазкур, 1989–1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997–1998 декани факултети химия, 1998–2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд”, - омадааст дар ҳолномаи Солиев дар донишномаи озод.

Ӯ аз соли 2007 то дами марг ба ҳайси мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст. Шогирдону ҳамкорон ӯро ҳамчун омӯзгори ҳалим, олими пуркор пухтакор ва хоксор ёд мекунанд.

0
Барчаспҳо:
профессори фахрӣ, даргузашт, Тоҷикистон