Министр культуры Таджикистана Зульфия Давлатзода

Ҳамдардии вазири фарҳанг бо хонаводаи Шобутолибов Шобутолиб

1632
(Таҷдидшуда 12:26 01.08.2020)
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо аҳли хонаводаи Рассоми халқии Тоҷикистон Шобутолибов Шобутолиб изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Фарҳангиёни Тоҷикистон ба аҳли хонаводаи Рассоми халқии Тоҷикистон Шобутолибов Шобутолиб изҳори таслият кард, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар нисбати вафоти рассом-таҳиягари Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Рассоми халқии Тоҷикистон Шобутолибов Шобутолиб андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ менамоянд", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки Шобутолибов Шобутолиб дар синни 70--солагӣ аз олам даргузашт.

Шобутолибов Шобутолиб Шоиброимхонович рассоми театри тоҷик 30 майи соли 1950 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст.

Ҳамдардии вазири фарҳанг бо хонаводаи Амонулло Қодиров

Ӯ соли 1989 ба унвони Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Омӯзишгоҳи рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанберо соли 1971 ва Институти давлатии театр, мусиқӣ ва кинематографияи Ленинградро соли 1978 хатм намудааст.

Аз соли 1978 дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ кор кардааст.

Намоишномаҳои гуногун, аз ҷумла «Ваня-тағо»-и А.П. Чехов, «Дар чорроҳа»-и Н. Табаров, «Баҳроми Чўбина»-и Т. Аҳмахонов, «Драмаи миллат»-и С. Аюбӣ, «Хоҷа сагпараст»-и Ҷ. Қуддус ва ғайраҳоро ороиш додааст.

1632
Барчаспҳо:
даргузашт, изҳори ҳамдардӣ, ҳамдардӣ, Тоҷикистон
Памятник крестьянину Восе, организовавшему восстание против политики бухарских чиновников (Восстание Восе)

Соҳибкорон дар шаҳраки Ҳулбук муҷассамаи 11-метрии Восеъ - ро гузоштанд

288
(Таҷдидшуда 20:21 24.09.2020)
Муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ аз ҷониби ҳайкалтарош Хушбахт Саъдиев сохта шуда, баландии он бо назардошти таҳкурсӣ 11 метрро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар маркази ноҳияи Восеи вилояти Хатлон-шаҳраки Ҳулбук президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Восеъро ба баҳрабардорӣ расонид ва аз рӯйи лавҳаи рамзии муҷассама парда бардошт.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, ҳайкал бо истифода аз металли ранга сохта шуда, таҳкурсӣ ва атрофи он бо санги хоро оро дода шудааст.

"Баландии муҷассама бо назардошти таҳкурсӣ 11 метрро ташкил медиҳад. Таҷдиди гулгашт ва гузоштани муҷассама дар ин майдон бо саҳми шахсони эҳсонкор ва соҳибкорони хайрхоҳи маҳаллӣ сурат гирифтааст", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, масоҳати умумии гулгашт 1 гектарро ташкил дода, дорои беҳтарин шароит барои истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонон мебошад.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи гулгашти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Аҳмадҷон Ҳулбук" тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии "Манзилию коммуналӣ"-и ноҳияи Восеъ ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ниагара-А" анҷом дода шудаанд.

Дар давраи таҷдиди ин иншооти фарҳангӣ ва гузоштани муҷассамаи Восеъ беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар атрофи муҷассама бо композитсияи бадеӣ 3 фаввораи замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин гулҳои ранга ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самаранок ва  зебо нигоҳ доштани гулгашт масъулонро муваззаф намудааст.

288
Барчаспҳо:
муҷассама, муҷассама, Восеъ, Эмомалӣ Раҳмон, Кӯлоб, Ҳулбук
Памятник Рудаки, архивное фото

Имрӯз дар Тоҷикистон аз Рӯдакӣ ёд мекунанд: бузургдошти рӯзи Одамушуаро дар ҷумҳурӣ

70
(Таҷдидшуда 16:55 22.09.2020)
Имрӯз 22 сентябр - рӯзи бузургдошти Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, бунёдгузори адабиёти порсӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Аз соли 2002 бад ин сӯ дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи рӯзи Рӯдакӣ гиромӣ дошта мешавад.

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ дар соли 858 дар рустои Панҷрӯди шаҳристони Панҷакент (воқеъ дар Тоҷикистони имрӯза) ба дунё омаду дар дарбори Сомониён аз иззату эҳтироми зиёде бархурдор буд.

Шоирро дар охирҳои умр тибқи навиштаи бархе тазкираҳо бадхоҳонаш кӯр мекунанду ӯ бо анбӯҳи андӯҳ ба зодгоҳаш бармегардад ва дар ҳамон ҷо вафот мекунад.

Дар мавриди шумори ашъори Рӯдакӣ назарҳои мухталифе мавҷуд аст, ки бархе онро як миллиону сесад ҳазор байт гуфтаанд, ки муттаассифона аз он ашъор то замони мо камтар аз 1000 мисраъ боқӣ монда, ки ҳамин миқдори андак аз табъи равону самимияти гуфтори ӯ ҳикоят медиҳанд.

Барои гиромидошти номи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон номи яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаасту, дар вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову ва маҳалҳои аҳолинишин номгузорӣ карда шудаанд.

Дар пойтахт шаҳри Душанбе Боғи Устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда, якчанд муассисаҳои давлатӣ номгузорӣ шудаанд.  

Ҳазорҳо нусха китобу нашрияҳо дар бораи эҷодиёти А. Рӯдакӣ пайваста маводҳои илмиву бадеӣ ҳамасола нашр карда истодаанд. Рузи 22- юми сентябр хамчун Рӯзи Рӯдаки ҷашн гирифта мешавад.

70
Барчаспҳо:
ёдбуд, бузургдошт, адабиёт, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Рӯдакӣ, Тоҷикистон
Мусофирбар, акс аз бойгонӣ

“Ман подполковники милиса, мекушамат”: талаби ҷазо барои бетартибӣ дар мусофирбар-видео

0
(Таҷдидшуда 17:48 25.09.2020)
Марде, ки худро подполковники милиса гуфта, дар дохили мусофирбари пуродам дар маҳаллаи Текстили шаҳри Душанбе марди дигарро мавриди таҳқиру таҳдид қарор дод, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Ин мард, бо иддаои он, ки гӯиё ӯро аз пушти сараш задаанд, гиребони марди дигареро гирифта, бо дашномҳои дағал таҳдид мекунад, ки медаронад, мекушад.

“Ака даста бигир, илтимос, ман ягон гапи зиёдатӣ гуфтам, чит гуфтам? Илтимос”, - зора мекунад мард аз "подполковнике", ки бо қаҳр аз гиребонаш гирифта, таҳдиди дарондану куштан мекунад. Марди зӯргӯй иддао дорад, ки ӯро аз пушт задаанд, аммо ин қисмат дар навор сабт нашудааст.

Мусофирони дигар дар хитоб ба “подполковник” изҳор медоранд, ки “айбай ака, ин ҷо ҷои ҷамъиятиай”. Аммо марде, ки худро подполковник мегӯяд, аз гиребони марди дигар гирифта, дашномдиҳии дағалонаро идома медиҳад. Навори мазкурро саҳифаи Парвиз.Тв нашр кардаст, ки боиси баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ин рафтори марде, ки худро милиса гуфт, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, бархе хостори муҷозоти ӯ барои чунин батартибӣ шудаанд.

0
Барчаспҳо:
мусофирбар, бетартибӣ, ҷазо, Тоҷикистон