Лоик Сулейман, афганский поэт

Сулаймон Лоиқ - дӯсти Осимиву Қаноат ва Лоиқ - даргузашт

980
(Таҷдидшуда 23:36 01.08.2020)
Сулаймон Лоиқ – шоир ва сиёсатмадори маъруфи Афғонистон - дар синни 90 – солагӣ дар Олмон олами фониро тарк гуфт. То як ҳафтаи дигар ҷанозаи ӯ ба Кобул интиқол хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Раззоқ Аҳмадзай, хоҳарзодаи Сулаймон Лоиқ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф рӯзи иди Қурбон - 31 июл дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Франкфурти Олмон ба ҷовидон пайваст.

“Лоиқ дар як ҳамлаи интиҳории ёздаҳ моҳи пеш дар Шашдараки Кобул аз тамоми тарафи рости баданаш ҷароҳати шадид бардошт ва як ангушти дасти чапи вай низ қатъ гардид. Имкони тадовии ӯ дар Кобул набуд ва ӯ як моҳ баъд ба Ҳинд мунтақил шуд. Сипас барои ҷарроҳӣ аз Ҳинд ба Олмон интиқол ёфт. Бо таваҷҷуҳ ба як вирусе, ки аз Ҳинд бо худ бурда буд, дар табобаташ мушкил пеш омад», - гуфт Раззоқ Аҳмадзай.

Ғулом Муҷаддид Сулаймон Лоиқ 7 октябри соли 1930 дар деҳкадаи Шарани вилояти Пактикои Афғонистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи литсейи “Ҳабибия” – и Кобул (1947), мадрасаи Пағмон (1952) ва  факултаи шариат ва адабиёти Донишгоҳи Кобул (1952—1954) аст.

Ба забонҳои дарӣ ва пашту шеър гуфтааст. Муаллифи 12 маҷмуаи шеърӣ, аз ҷумла «Таронаҳои Ҷунгар» (1962), «Хаймаи кӯчӣ» (1976), «Сапедаи Ҳинд» (1983), “Гулҳои дӯзах” (1980, 42 шеъре, ки дар маҳбас навиштааст) ва ғайра мебошад.

Ба қавли наздиконаш, як романи манзуми ӯ ба номи "Марде аз кӯҳистон" - ро дар дарозои чиҳил соли охир навиштааст, ки ҳанӯз чоп нашудааст.

Аз ӯ ду духтар ва ду писар бар ҷо мондаанд, ки дар Олмон зиндагӣ мекунанд.

“Шоири набардҳо”

Сулаймон Лоиқ бо хонаводаи маъруфи муҷаддадиҳои Афғонистон хешовандӣ дошт. Хоҳари бузургаш ҳамсари маъруфтарин чеҳраи ин хонавода Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ, аввалин раиси ҷумҳури ҳукумати муҷоҳидин дар Кобул (1992) буд.

Аммо худи ӯ аз асосгузорон, узви Шӯрои инқилобӣ, Бюрои сиёсӣ ва Кумитаи марказии Ҳизби демократики халқ – ҳизби коммунистони Афғонистон ба шумор мерафт. Замоне ҳам вазири радио ва телевизион (1978), вазири сарҳадот ва ақвом (1981 - 1989) ва раиси Академияи улуми Афғонистон буд.

Сулаймон Лоиқ яке аз афроди калидии ҳукумати Доктор Наҷибуллоҳ (1987 – 1992) буд. Пас аз суқути режими коммунистӣ дар Кобул ӯ дар Олмон паноҳанда шуд ва пас аз ба қудрат расидани Ҳомид Карзай (2004 – 2014) ба ввтан баргашт, аммо ба сиёсат напайваст.

Сулаймон Лоиқ дар замони Шӯравӣ бо Муҳаммад Осимӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигар нухбагони илму шеъру адабиёти Тоҷикистон равобити дӯстона ба роҳ андохта буд ва зуд – зуд ба Душанбе меомад, ё аз онҳо дар Кобул пазироӣ мекард.

Яке аз маъруфтарин намунаҳои мукотибаи ӯ бо Лоиқ Шералӣ, шоири маъруфи тоҷик, шеъри “Аз Лоиқи ғамҳо, ба Лоиқи шодиҳо” аст, ки соли 1978 аз зиндони Ҳафизуллоҳ Амин, раисҷумҳури Афғонистон (1979) навишта буд. Лоиқ Шералӣ ҳам дар посух шеъри “Шоири набардҳо” – ро навишта фиристод.

Сулаймон Лоиқ бори охир моҳи октябри соли 2015 ба Душанбе омада, бо марҳум Мӯъмин Қаноат мулоқот ва мазори Муҳаммад Осимиву Лоиқ Шералиро зиёрат кард.

Қурбонии Иди Қурбон

Раззоқ Аҳмадзай, хоҳарзодаи Сулаймон Лоиқ, мегӯяд, ҳарчанд ёрон ва руфақои шахсии Лоиқ дар Тоҷикистон аксаран вафот намудаанд, тасмим шудааст, ки аз ҳукумат, Иттифоқи нависандагон ва Академияи улуми Тоҷикистон барои ширкат дар маросими хоксупории ӯ даъват шавад.

“Бисёр мамнун мешавем, агар дӯстони аҳли қалам ва сиёсати сарзамини бародарони тоҷик дар ин маросим ҳузур дошта бошанд”, - гуфт Раззоқ Аҳмадзай.

Ҳукумати Афғонистон тасмим гирифтааст, ки то як ҳафтаи дигар ҷанозаи Сулаймон Лоиқро аз Олмон ба Кобул интиқол дода, ӯро дар ин шаҳр ба хок супорад. Дар робита ба маросими дафни ӯ дар Кобул як комиссияи давлатие бо сарварии Амруллоҳ Солеҳ, муовини нахусти раисҷумҳури Афғонистон ташкил шудааст.

Қиссаи зиндагии Сулаймон Лоиқ низ анҷоми шоирона дорад. Ӯ дар як шеъраш гуфтааст:

Иди Қурбон шуду ман лоиқи қурбон нашудам,

Бӯсаборон шуду ман дархӯри борон нашудам.

Ва ҳамин тавр дар рӯзи иди Қурбон қурбон шуду ба васли Ҷонон расид.

980
Маросими пешвози меҳмонон, акс аз бойгонӣ

Сафари фарҳангиёну адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

125
(Таҷдидшуда 14:31 28.09.2020)
Ҳукумати вилояти Суғд аз сафари як ҳайати намояндагони илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гуруҳи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ба вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзуд, ки ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

“Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни миллатҳои тоҷику ӯзбек, тақвияти ҳамкориҳои адабӣ, илмиву фарҳангӣ миёни ду давлати дӯст арзёбӣ мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки меҳмонон давоми рӯз аз Маҷмааи фарҳангию “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи вилоятӣ, Хона — музейи Камоли Хуҷандӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки сипас, меҳмонон тибқи барномаи сафар ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе равон шуданд. 

Дар шаҳри Душанбе феълан сафари ҳайати Ӯзбекистон давом дорад.

125
Барчаспҳо:
илм, фарҳанг, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Сангҳои сари роҳ, акс аз бойгонӣ

Раҳмон аз бошишгоҳи одамони асри санг ва шаҳри Мунк дар Ховалинг гуфт

176
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мавзеъҳои таърихӣ дар ноҳияи Ховалинг гуфта, дастур дод, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ ба онҳо бештар ҷалб карда шаванд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ноҳияи Ховалинг бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур мебошад.

Ӯ афзуд, дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили мазори Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мебошанд.

“Аз ин лиҳоз, обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.”, - омадааст дар матни суханронии раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Раҳмон, илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.

Ӯ таъкид кард, ки ин раванд бояд дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад.

176
Люди в защитных масках

41 нафар мариз шуданду 48 кас шифо ёфтанд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 18:24 29.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавту шифоёбии шаҳрвандон аз маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 мавриди нави сироятшавӣ ба COVID-19 сабт гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 72 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 48 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 29 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба  9 726 нафар расид. 

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

Гуфта мешавад дар Тоҷикистон то кунун 8531  нафар ё худ 87,7 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар вафот кардаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазорати тандурустӣ, омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон