Ҳаётой Муминова

Ордкашии Ҳаётой дар сарҳад ва тарки саҳнаи бузург: "ҳеҷ вақт сар хам намекунам" - видео

4222
(Таҷдидшуда 17:21 09.08.2020)
Ҳаётой Муъминова - Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дар бораи солҳои душвори 90-ум, ордкашӣ дар сарҳад ва тарки саҳнаи бузург нақл кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев дар бораи ҳаёти шахсӣ гуфт.

Ҳаётой Муъминова солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз сангинтарин рӯзҳои мардуми Тоҷикистон буданд, нахустин фарзандашро ба дунё овард. Ӯ ҳамроҳи ҳамсараш барои дарёфти қути лоямут ва рӯзгоргузарнӣ ба тиҷорат рӯ овард.

"Ман аз Худованд шукргузорӣ мекунам, ки бароям чунин марди сабур, фурӯтан ва оқил ҳадя кард", - гуфт Ҳаётой дар бораи ҳамсараш ва орзу кард, ки Худованд ба ӯ 100 сол умр диҳад.

Ҳаётой Муъминова зане ҳаст, ки дар зиндагӣ ношукрӣ ва нолиданро намеписандад.

"Агар ба ман фишор оранд ҳам, садди роҳи ман шаванд ё хоҳиши ҳамкорӣ надошта бошанд, ман ҳеҷ вақт сар хам намекунам, ман бисёр хушрӯй баромада меравам. Инкори ҳар чиз тавлиди роҳи нав аст", - бовар дорад Ҳаётой ва аз ашхосе, ки садди роҳи ӯ шуданд ва боиси тарки саҳнаи бузург гардиданд, изҳори сипос мекунад.

Ҳаётой Муъминова шаш сол дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба тиҷорат машғул буду дар ин ҷодда муваффақ ҳам шуд.

"Тӯй нест, маош нест. Як дугона доштам дар Каленин Холбӣ, дигараш Истамой. Онҳо аслан мухлисонам буданд, ман дар маъракаҳояшон хизмат карда будам. Баъд гуфтанд мебинем аҳволатон хеле вазнин, биёед ман ба шумо тиҷоратро ёд медиҳам. Баъд  ангуштарини маркиза ва як гарданбандамро фурӯхта ба тиҷорат оғоз кардам". 

Ҳамин тавр Ҳаётой рӯ ба тиҷорат овард ва ҳамроҳи ҳамсараш бозорнишин шуд. Дар тиҷорат Ҳаётой муваффақ шуд. Ӯ мегӯяд мушкилиҳо ҳам хубии худро дорад.

"Рафиқони зиёде пайдо кардем. Чор рӯз сурудхонда мерафтем Бишкек барои бор, боз сурудхонда меомадем. Мисли як оила шуда будем",- гуфт Ҳаётой.

Сароянда ҳамчунин дар бораи сахтиҳои тиҷорат нақл кард.

"Як бор гуфтанд орд камчин шудааст ва интиқоли он манъ аст, вале мо ба ин нигоҳ накарда бор мекардем. Мо то Регар бо мошини худамон ва баъд пиёда сарҳадро убур мекардем ва баъд мошинҳои Ӯзбекистон моро интизор мешуданд. Борро дар сарҳад бояд аз болои як ҷӯйбори калон мегузаронидем. Шафёр ба пушти ман бор мекард ман то ҷӯйбор мебурдам, Меҳрӣ аз ҷӯйбор гузаронид ба мошини дигар бор мекард", - нақл мекунад Ҳаётой ва меафзояд, ки агар сарҳадбонон дар чунин ҳолат онҳоро медиданд, мумкин буд парронанд ё ҷарима кунанд.

Ин кори сангинро занон ба хотири обод кардани хона ва сер кардани шиками худу кӯдакон анҷом медоданд.

Ҳаётой Муъминова мегӯяд, инсон то охирин лаҳзаи ҳаёташ барои хушбахтии худ талош мекунад ва танҳо бояд такя ба Худо кунад.

Орзу Исоев аз ошноӣ бо Ҳаётой гуфту зиндагии ӯро дабистони вафову садоқат ва сабуриву инсонпарварӣ хонд.

4222
Барчаспҳо:
ҳаёти шахсӣ, сароянда, Тоҷикистон, Душанбе
Маросими пешвози меҳмонон, акс аз бойгонӣ

Сафари фарҳангиёну адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

125
(Таҷдидшуда 14:31 28.09.2020)
Ҳукумати вилояти Суғд аз сафари як ҳайати намояндагони илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гуруҳи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ба вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзуд, ки ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

“Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни миллатҳои тоҷику ӯзбек, тақвияти ҳамкориҳои адабӣ, илмиву фарҳангӣ миёни ду давлати дӯст арзёбӣ мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки меҳмонон давоми рӯз аз Маҷмааи фарҳангию “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи вилоятӣ, Хона — музейи Камоли Хуҷандӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки сипас, меҳмонон тибқи барномаи сафар ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе равон шуданд. 

Дар шаҳри Душанбе феълан сафари ҳайати Ӯзбекистон давом дорад.

125
Барчаспҳо:
илм, фарҳанг, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Сангҳои сари роҳ, акс аз бойгонӣ

Раҳмон аз бошишгоҳи одамони асри санг ва шаҳри Мунк дар Ховалинг гуфт

176
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мавзеъҳои таърихӣ дар ноҳияи Ховалинг гуфта, дастур дод, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ ба онҳо бештар ҷалб карда шаванд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ноҳияи Ховалинг бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур мебошад.

Ӯ афзуд, дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили мазори Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мебошанд.

“Аз ин лиҳоз, обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.”, - омадааст дар матни суханронии раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Раҳмон, илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.

Ӯ таъкид кард, ки ин раванд бояд дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад.

176
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода

"Соҳибкор бо соҳибкор": Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид

21
(Таҷдидшуда 18:26 29.09.2020)
Беш аз 300 нафар дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкта карда, бо фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика ошно шуданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар доираи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати рушди иқтисод, Завқизода дар ин нишаст қайд карда, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромад.

Манбаъ қайд карда, ки бо дастгирии ду кишвардор, баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар Форуми мазкур беш аз 300 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду давлат иштирок намудаанд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

"Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии ду ҷониба - соҳибкорони ду давлат дар сиғаи "Соҳибкор бо Соҳибкор" (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд додаанд.

Манбаъ афзуда, ки тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор менамоянд.

21
Барчаспҳо:
пешниҳодот ба ҷониби Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Форум, иқтисод, Душанбе