Флаг Таджикистана, архивное фото

Баррасии ҳамкориҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистон

559
(Таҷдидшуда 16:31 21.08.2020)
Дар дидори муовини тавсеъаи равобити фарҳангии байналмиллалии Созмони фарҳанг ва иртибототи Эрон бо сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бар амиқтар шудани равобити фарҳангии ду кишвар таъкид шуд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Низомуддин Зоҳидӣ,сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо ҳузур дар Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон бо Қурбоналӣ Пурмарҷон, муовини тавсеъаи равобити фарҳангии байналмиллалии ин созмон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст сомонаи “Парстудей” ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии давлати Эрон.

Пурмарҷон зимни дидор бо таъкид бар густариши равобити дуҷониба байни Эрон ва Тоҷикистон гуфт, муносиботи байниякдигарии ду кишвар ба хусус дар ҳавзаи фарҳангӣ вориди марҳалаи навине шуда, ки бояд аз зарфиятҳои мавҷуд дар ҷиҳати тавсеъаи ҳамаҷонибаи ин муносибот ҳаддиаксари баҳрабардорӣ шавад.

Эъломи ҳамбастагии Эрон бо миллат Тоҷикистон дар мубориза бо вируси корона

“Таърих, фарҳанг, забон ва тамаддуни Эрон ва Тоҷикистон муштарак аст, ба гунае, ки иштирокоти ҳеҷ ду миллате андозаи Эрон ва Тоҷикистон нест, - афзуд муовини тавсеъаи равобити фарҳангии байналмиллалии Созмони фарҳанг ва иртибототи Эрон.

Дар навбати худ,  Низомуддин Зоҳидӣ низ дар ин дидор бо ёдоварии ин, ки Эрон ва Тоҷикистон дар солҳои гузашта ҳамкориҳои фарҳангии гуногуне дошта ва ҳайатҳои фаровоне аз ҳар ду кишвар дар муносибатҳои фарҳангии якдигар ширкат мекарданд, афзуд, имконот ва зарфиятҳои зиёде барои густариши равобити ду кишвар вуҷуд дорад, ки умедворем бо таваҷҷуҳ ба иродаи мақомоти Эрон ва Тоҷикистон, шоҳиди амалӣ шудани аҳдофи мавриди алоқаи тарафҳо дар ҳавзаи фарҳанг бошем.

 Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон омодагии кишваршро барои тавсеъаи муносиботи фарҳангӣ ва ҳамкориҳои байниякдигарӣ дар мавзӯъоти матраҳшуда ва рафтуомадҳои бештар эълом кард ва хостори роҳандозии Фарҳангистони забон ва адаби ду кишвар шуд.

 Зоҳидӣ дар суханонаш бо ишора ба ҷашни бузургдошти 700 солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, шоири форсу-тоҷики садаи ҳаштуми ҳиҷрӣ-қамарии зодаи Тоҷикистони кунунӣ гуфт: Илова бар Шайх Камоли Хуҷандӣ, шоирони бисёре аз Хуҷанд бархостаанд ва мутакаллимон ва файласуфони ин сарзамин низ якумдараҷа ва дар улуми балоғат ҳама дар авҷ буданд.

559
Барчаспҳо:
равобит, забон, фарҳанг, Эрон, Тоҷикистон
Выступление ансамбля, архивное фото

Фарҳангиёни Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд

196
(Таҷдидшуда 15:33 26.09.2020)
Меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ду шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон - Хуҷанд ва Душанбе боздид хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Сафари намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳангии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз 26 то 28 сентябр дар назар аст.

Меҳмонони Ӯзбекистон 26 сентябр аз ёдгориҳои бостонии "Қалъаи Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ва Хона—музейи Камоли Хуҷандӣ боздид менамоянд.

Хабаргузории "Ховар" бо такя ба ба Вазорати фарҳанг навиштааст, ки аҳли илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон 27 сентябр  дар Душанбе  аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид менамоянд. Сипас дар ин макон мизи мудаввар бо иштироки ҳайатҳои намондагони доираи илму адаб ва фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зери унвони “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо” доир мегардад.

Инчунин дар ин рӯз меҳмонон аз "Кохи Наврӯз", Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн дидан менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки  аз 10 то 14 октябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки мақсади он мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду давлати бо ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буд.

Инчунин аз 11 то 15 ноябри соли 2019  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардиданд.

Ҳамчунин моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии муштараки «Шоми дӯстӣ» бо иштироки устодони санъати ҳарду мамлакат баргузор гардида буд.

196
Барчаспҳо:
фарҳанг, фарҳангиён, ҳукумати Ӯзбекистон, Тоҷикистон

+16: театри тоҷик нахустнамоиши "Бозичаҳо"-ро ба таври онлайн дар Youtube манзур мекунад

66
(Таҷдидшуда 15:36 26.09.2020)
Намоиши  "Бозичаҳо" дар бораи зиндагии наврасони муосир, хонандагони синфи 5  қисса  мекунад. Ин намоиш барои тамошобини синни аз 16 боло муайян шудааст

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом    нахустнамоиши спектакли "Бозичаҳо"-ро тариқи онлайн намоиш медиҳад.

Намоишнома имрӯз, 26 сентябр, соати 19:00 дар шабакаи иҷтимоии  Youtube доир менамояд.  Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба директори театри мазкур Ғайрат Қодиров хабар медиҳад.

Коргардони филми "Беслан": ҳодисаи даҳшатноктарин дар таърихи навин

Намоиши  "Бозичаҳо" дар бораи зиндагии наврасони муосир, хонандагони синфи 5  қисса  мекунад.  

"Дар ин намоиш сухан асосан сари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд» меравад ва он бо шиори "Имрӯз кӯдакон – фардо мардум" дастаҷамъона навишта шудааст",-иброз намуд директори театр.

Гуфта мешавад, ки нақши мактаббачагонро дар намоиш ҳунармандони ҷавон: Фаррух Ваитов, Фарҳод Сиддиқов, Фарангис Умарова, Рухсора Неъматова ва Боҳир Баҳодурзода офариданд.

Ин нақшҳо барои 4 ҳунарманд дебютӣ буд. Ҳамчунин дар намоиш ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Юнусалӣ Эргашев ва Дилбар Сулаймонова бозӣ кардаанд. 

Коргардони саҳна Фарҳод Ғаффорпур, бастакор  Фаррух Мамадов, муаллиф  Боҳир Баҳодурзода ва  рассом Тоҳир Эркабоев мебошанд.

66
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, намоиш, Театр
Покупатель в аптеке

"Авифавир" доруе, ки дар 7 рӯз вируси COVID- ро мекушад, ба дорухонаҳои Ӯзбекистон роҳ ёфт

0
(Таҷдидшуда 15:56 26.09.2020)
Ӯзбекистон аз нахустин кишварҳоест, ки Авифавир дору алайҳи маризии коронавирусро аз Русия дастрас намуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар дорухонаҳои кишвари Ӯзбекистон доруи "Авифавир" роҳ ёфт ва он тибқи дорухати табибон ба эҳтиёҷмандон фурӯхта мешавад.

Ӯзбекистон акнун аз нахустин кишварҳоест, ки ба ин дору дастрасӣ пайдо кард.

"Авифавир" дар Русия истеҳсол шуда, онро мутахассисони рус дар мубориза алайҳи маризии коронавирус муассир медонанд.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шуд.

“Авифавир”: нахустин доруи зидди COVID-19 дар Русия аз сӯи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд

Гуфта мешавад, "Авифавир" нахустин доруи мустақими вирусии сохти Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан, имкон надорад.

" "Авифавир" на танҳо доруи антивирусӣ алайҳи коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст, балки мумкин аст, умедворкунандатарин доруи зидди COVID-19 дар ҷаҳон бошад",- гуфта буд директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев.

Бояд гуфт, ки доруи мазкур дар бозори Русия моҳи июн пайдо шуд. Ба гуфтаи табибон, бо истифода аз ин дору, табобати сирояти коронавирус на зиёда аз як ҳафта тӯл мекашад.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, дору, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон