Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Мавлуда Обидова

Ҳамдардии фарҳангиёни тоҷик бо хонаводаи Мавлуда Обидова

558
(Таҷдидшуда 19:01 04.09.2020)
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо аҳли хонаводаи ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Мавлуда Обидова изҳори таслият кардааст

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нисбат ба даргузашти ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Мавлуда Обидова номаи таслият навиштааст.

"Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар нисбати даргузашти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Мавлуда Обидова андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри чамил хоҳонанд", - омадааст дар нома.

Даргузашти Муҳиддин Сангинов, мудири Театри Камоли Хуҷандӣ аз "илтиҳоби шуш"

Ёдрас мешавем, ки Мавлуда Обидова, ҳунарпешаи шинохтаи маъруфи театр ва синамои тоҷик, рӯзи 1 сентябр дар синни 71 солагӣ аз олам даргузашт.

Ҳунарманди шинохта 3 октябри соли 1948 ба дунё омада, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ нақшофарӣ мекард.

558
Барчаспҳо:
таслият, ҳамдардӣ, Вазорати фарҳанги ҶТ, Тоҷикистон
Памятник Рудаки, архивное фото

Имрӯз дар Тоҷикистон аз Рӯдакӣ ёд мекунанд: бузургдошти рӯзи Одамушуаро дар ҷумҳурӣ

48
(Таҷдидшуда 16:55 22.09.2020)
Имрӯз 22 сентябр - рӯзи бузургдошти Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, бунёдгузори адабиёти порсӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Аз соли 2002 бад ин сӯ дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи рӯзи Рӯдакӣ гиромӣ дошта мешавад.

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ дар соли 858 дар рустои Панҷрӯди шаҳристони Панҷакент (воқеъ дар Тоҷикистони имрӯза) ба дунё омаду дар дарбори Сомониён аз иззату эҳтироми зиёде бархурдор буд.

Шоирро дар охирҳои умр тибқи навиштаи бархе тазкираҳо бадхоҳонаш кӯр мекунанду ӯ бо анбӯҳи андӯҳ ба зодгоҳаш бармегардад ва дар ҳамон ҷо вафот мекунад.

Дар мавриди шумори ашъори Рӯдакӣ назарҳои мухталифе мавҷуд аст, ки бархе онро як миллиону сесад ҳазор байт гуфтаанд, ки муттаассифона аз он ашъор то замони мо камтар аз 1000 мисраъ боқӣ монда, ки ҳамин миқдори андак аз табъи равону самимияти гуфтори ӯ ҳикоят медиҳанд.

Барои гиромидошти номи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон номи яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаасту, дар вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову ва маҳалҳои аҳолинишин номгузорӣ карда шудаанд.

Дар пойтахт шаҳри Душанбе Боғи Устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда, якчанд муассисаҳои давлатӣ номгузорӣ шудаанд.  

Ҳазорҳо нусха китобу нашрияҳо дар бораи эҷодиёти А. Рӯдакӣ пайваста маводҳои илмиву бадеӣ ҳамасола нашр карда истодаанд. Рузи 22- юми сентябр хамчун Рӯзи Рӯдаки ҷашн гирифта мешавад.

48
Барчаспҳо:
ёдбуд, бузургдошт, адабиёт, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Рӯдакӣ, Тоҷикистон
Ҳунраманд Ҷонибек Муродов

"Нурияҷон": нашри таронаи нави Ҷонибек Муродов-садо

356
Овозхони шинохтаи мусиқии попи тоҷик Ҷонибек Муродов таронаи нави худро пас аз чанд моҳи таваққуф пешкаши мухлисонаш кард

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Таронаи нави Ҷонибек Муродов  таҳти унвони “Нурияҷон” се рӯз қабл нашр шуда, мақбули ҳаводоронаш гаштааст.

Таронаи ҷадиди овозхон дар канали JM Company мунташир шуда, давоми ин муддат ҳазорҳо маротиба бозбинӣ шудаву беш аз ду ҳазор лайк гирифтааст.

Оҳанги тарона аз Муқтадо Ғарбавӣ буда, нависандаи тарона Ризо гуфта мешавад.

Қаблан Ҷонибек ҳамроҳи овозхони шинохтаи ӯзбек Юлдуз Турдиева бо забони тоҷикиӣ  “дуэт”-и “Азизи дилам”-ро сароида буд, ки аз ҷониби корбарони интернетии тоҷикону ӯзбекон хуб истиқбол шуд.

Ҳамзамон пештар аз он Ҷонибек бо падараш Ҷӯрабек Муродов, ҳунармандони номӣ таронаи “Мусофир”-ро ба муҳоҷирон бахшида буданд.

356
Барчаспҳо:
тарона, Ҷонибек Муродов, овозхон, Тоҷикистон
Ёкуб Салимов бо фарзандони навзодаш

“Экстремизми иттилоотӣ”: вокуниши ВКД ба хабари ҳамлаи ниқобпӯшон ба хонаи Ёқуб Салимов

0
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари расонаҳо дар бораи ҳамлаи як гуруҳи ниқобпӯш ба манзили Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилиро рад кард

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин робита ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ ҳамлае ба хонаи Ёқуб Салимов анҷом нашудааст ва ин хабар аз реша сиҳат надорад.

Вай гуфт, дар ин бора ягон шикоят ё аризае ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ворид нашудааст.

“Ҳоло ҳеҷ гуруҳе дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки суботи ҷомеаро барҳам занад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қудрати кофии ҳимоят аз ҳар шаҳрванд ва моликияти ӯро доранд. Ҳар ҷиноят дар ин замина зуд пайгирӣ ва ошкор мешавад. Онҳое, ки бо пахши чунин ахбор мехоҳанд афкори умумии ҷомеаро безобита кунанд, даст ба экстремизми иттилоотӣ мезананд ва ин ҷиноят аст”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки 18 августи соли равон 12 - 13 нафар ниқобпӯш бо ду микроавтубуси берақам ба хонаи Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, воқеъ дар минтақаи “Водонасос” – и шаҳри Душанбе ҳамла бурда, бо битаҳо шишаҳои мошини Ренҷ-Роверашро шикаста ва писари ӯ - Абубакр Салимовро шадидан латукӯб кардаанд, ки дар натиҷа мавсуф ба бемористон интиқол дода шудааст.

Абӯбакр Салимов, писари Ёқуб Салимов, бо пахши як изҳорот дар сафҳаи фейсбукаш ин хабарро маҳсули хаёлоти муаллиф ва “тӯҳмату гапҳои дурӯғ” нисбати хонаводааашон, бавежа падараш Ёқуб Салимов ва шахси худаш хондааст.

“Ба хонаи мо дар санаи 18 август ягон хел ҳамла нашудааст. Дуруст аст, ки мо дар маҳаллаи Водонасос зиндагӣ мекунем, аммо он рӯз чун рӯзҳои дигар тинҷу ором ва осуда будем”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Мавсуф ҳамлаи ашхоси ниқобпӯш ва ба хонаашон даромада шикастани шишаҳои мошини Ренҷ-Роверро низ рад карда, гуфтааст, ки хонаводаи онҳо чунин тамғаи автомашинаро надорад. Вай гуфтааст, касе ӯро латукӯб накардааст ва ӯ ба беморхона низ наафтодааст.

“Аз номи падар ва тамоми аъзои оилаамон ба кулли хамватанон мерасонам, ки шукри тинҷиву амонии Ватани азизамон мекунем. Чунин ходиса бо оилаи мо рух надодааст ва чизе ки хондаед, бофтаҳои нафарони иғвоангез мебошад”, - гуфтааст Абӯбакр Салимов.

Ёқуб Салимов, яке аз чеҳраҳои маъруфи замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки як муддат вазири корҳои дохилӣ (1993-1995) ва сафири ин кишвар дар Туркия (1995-1996) буд. Ӯ соли 1997 бо иттиҳоми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ таҳти пайгарди қонун қарор гирифт. Соли 2003 дар шаҳри Маскави Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Моҳи апрели соли 2005 ӯ барои 15 сол равонаи зиндон гашт ва моҳи июни соли 2016 ба озодӣ баромад. Ҳоло дар манзилаш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

0