Анӯш Ғафурӣ ва падараш Баҳром Ғафурӣ

“Баҳром Ғафурӣ зинда шуд!”: Анӯш Ғафурӣ кист?-видео

2809
(Таҷдидшуда 10:49 05.09.2020)
Анӯш Ғафурӣ, писари бузурги Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, як таронаи падарашро бозхонӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Анвар Ғафурӣ, бародари Баҳром Ғафурӣ, дар тафсили ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Анӯшервон танҳо ба хотири гиромидошти хотираи падар ва баёни эҳсоси ҷудоии нобаҳангом аз ӯ ин таронаро суруда, ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои омадан рӯи саҳна нагирифтааст.

“Як рӯз ба ман гуфт, ки амакӣ, иҷоза диҳед, то ин таронаи падарамро бозхонӣ кунам. Ростӣ, ҳоло ҳам хонаводаи мо аз марги фарзанд ба худ наомадааст. Аммо чун дидам, ки иҷроиши хуб дорад ва ҳам тарона бо вазъи руҳонии аҳли хонавода ҳамхонӣ мекунад, кӯмакаш кардем, то онро иҷро намояд ва ҳам якбора клип созад”, - гуфт Анвар Ғафурӣ.

Рӯзи 4 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ қисмате аз клипи Анӯш Ғафурӣ, ки яке аз таронаҳои охирини падарашро ба унвони “Хона холӣ” бозхонӣ кардааст, пахш шуд. Ин наворро тайи як шабонарӯз дар шабакаи YouTube ҳудуди 100 ҳазор нафар тамошо карда, 4 ҳазор низ лайк гузоштаанд. Яке аз бинандагон низ дар шарҳҳои ин видео навишт: “Баҳром Ғафурӣ зинда шуд...

” Анӯш Ғафурӣ, писари бузурги Баҳром Ғафурӣ аст, ки 12 апрели соли 2000 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, таҳсилоти миёна ва ибтидоии мусиқиро дар Мактаб - интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев фаро гирифтааст.

Соли 2015 ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов дохил шуда, пас аз се соли таҳсил ҷиҳати омӯзиши забони чинӣ ба Чин рафт ва пас аз шуъюи “вируси корона” аз ин кишвар баргашт.

Анвар Ғафурӣ мегӯяд, ҳоло маслиҳати бузургони хонавода ин аст, ки Анӯшервон таҳсили худ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистонро идома диҳад.

“Замоне, ки дар мактаби мусиқӣ мехонд, бо ду даст дар синтезатор ду оҳангро ҳамзамон иҷро мекард. Кам навозанда ин корро карда метавонад. Хуб, дидед, ки чӣ овоз дорад. Аммо ҳоло ҳам тасмим нагирифтааст, ки дар мусиқӣ бошад, ё ягон кори дигарро пеша кунад”, - гуфт Анвар Ғафурӣ.

"Хона холист, хонаи мо": охирон суруде, ки Баҳром Ғафурӣ натавонист пурра мунташир кунад

Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, рӯзи 7 августи соли равон дар синни 44 – солагӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Аз ӯ се писари як фарзанд боқӣ мондаанд, ки бузургтаринашон Анӯшервон аст.

2809
Барчаспҳо:
падар, писар, тарона, ҳунарманд
Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова

"Интихоби дуруст:" Талабшо Муқимов дар бораи издивоҷи Сурайё Қосимова

1345
(Таҷдидшуда 21:02 26.09.2020)
Рӯзноманигори машҳури тоҷики муқими Амрико Талабшо Муқимов издивоҷи примаддонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимоваро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Талабшо Муқимов рӯзноманигори шинохтаи тоҷики муқими Амрико мегӯяд, мардуми сайёра ба космос сафар мекунанд, вале вазифаи бархеҳо ғайбату киноя аст.

Ӯ издивоҷи примаддонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимоваро бо Пӯлод Шаропов шарҳ дода, навиштааст, ки Сурайё Қосимова ҳамеша интихоби дуруст дорад.

"Касе метавонад, худро хушбахтару ободтар кунад Ошаш шавад! Агар 200 сола бошиву бо сини 20 никоҳи ҳалол бастӣ боз ҳам ош шавад! Ишқ сарҳад надорад! Вазифаи дӯстдоштаи баъзе нафарон ғайбат, бахилӣ ва хандаҳои бемазмун аст... Мардуми дунё ба Космос сафар доранд ва дар дигар сайёраҳо зиндагӣ ва корҳои илмӣ пеш мебаранд. Мо устои пеши пеши "Комментария". Пеш аз муҳокимаи нафаре ҳар кас аз худ аввал пурсад, ки ақалан қутии гӯгирд "спичка" сохта метавонад ё не?. Сурайё Қосимова - Ҳунарманди нотакрор, зани бисёр зебо ва инсони беҳад нексиришт аст! Ҳамеша ақли комил ва интихоби дуруст дорад!", - навиштааст Талабшо зери акси якҷоя бо хонум Сурайё Қосимова.

Ёдрас мешавем, ки никоҳи ин бонуи ҳунар бо Пӯлод Шаропов, ки аз ҷиҳати синну сол аз ҳам фарқияти зиёд доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳои зиёдеро барангехт. 

Нафаре аз доираҳои наздики Шабнами Сурайё, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷавон чанд сол ошиқи ҳунарманд буд.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки гӯё ҷавон барои пулу моли хонум Сурайё ӯро ба занӣ гирифтааст. Дурӯғи маҳз аст! Ҳаминро метавонам гӯям, ки ӯ солҳо боз ошиқи Сурайё Қосимова буд ва худаш ҳам марди доро аст", - изҳор дошт манбаъ.

Издивоҷи Сурайё Қосимова бо ҷавони 32-сола - навори никоҳ корбаронро "шӯронид"

Аммо нафароне низ пайдо шудаанд, ки дахолати дигаронро ба ҳаёти шахсии ҳунарманд танқид карда, ба навхонадорон хушбахтӣ тамано кардаанд.

1345
Барчаспҳо:
интихоб, Сурайё Қосим, издивоҷ
Выступление ансамбля, архивное фото

Фарҳангиёни Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд

254
(Таҷдидшуда 15:33 26.09.2020)
Меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ду шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон - Хуҷанд ва Душанбе боздид хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Сафари намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳангии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз 26 то 28 сентябр дар назар аст.

Меҳмонони Ӯзбекистон 26 сентябр аз ёдгориҳои бостонии "Қалъаи Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ва Хона—музейи Камоли Хуҷандӣ боздид менамоянд.

Хабаргузории "Ховар" бо такя ба ба Вазорати фарҳанг навиштааст, ки аҳли илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон 27 сентябр  дар Душанбе  аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид менамоянд. Сипас дар ин макон мизи мудаввар бо иштироки ҳайатҳои намондагони доираи илму адаб ва фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зери унвони “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо” доир мегардад.

Инчунин дар ин рӯз меҳмонон аз "Кохи Наврӯз", Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн дидан менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки  аз 10 то 14 октябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки мақсади он мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду давлати бо ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буд.

Инчунин аз 11 то 15 ноябри соли 2019  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардиданд.

Ҳамчунин моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии муштараки «Шоми дӯстӣ» бо иштироки устодони санъати ҳарду мамлакат баргузор гардида буд.

254
Барчаспҳо:
фарҳанг, фарҳангиён, ҳукумати Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Сябитова шарҳ дод, ки чаро занони рус бо муҳоҷирон издивоҷ мекунанд

0
(Таҷдидшуда 10:02 27.09.2020)
Чаро миёни издивоҷҳо дар Русия аксари домодҳо хориҷиён ҳастанд, шарҳ дод хостгор ва ровӣ Роза Сябитова

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Бино ба маълумоти идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии минтақавии Русия аксари домодҳо шаҳрвандони хориҷа, аз қабили зодагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Арманистон мебошанд.

Ровии барномаи "Давай поженимся" хостгор Роза Сябитова ин тамоюлро дар сӯҳбат бо радиои "Давай поженимся" шарҳ дод.

Ровӣ як намоиши телевизиониро мисол овард ва гуфт, ки хориҷиён бештар ба наздашон меоянд.

Ҳамзамон, меҳмонони барнома саъй намекунанд, ки ба ватани худ баргарданд, балки мехоҳанд дар Русия бимонанд.

Сябитова шарҳ дод, ки барои муҳоҷирон издивоҷ яке аз роҳҳои осонтарини қонунигардонӣ дар Русия ба ҳисоб меравад.

Номбурда омилҳои иҷтимоӣ ва биологиро низ сабаби дигари издивоҷи занони рус бо хориҷиён номид.

Вай қайд кард, ки мардон аксар вақт духтарони хурдсоли синни таваллудро ҳамчун ҷуфт интихоб мекунанд ва заноне, ки мехоҳанд барои рушди хеш талош кунанд, бо гузашти солҳо таваҷҷӯҳ мемонанд.

“Бинобар шароит, заноне тасмим гирифтанд, ки барои худ карера созанд  ва барои рушди фардиву баробарии гендерӣ талош кунанд,  дар канор монданд. Аммо онҳо низ бояд издивоҷ кунанд ва бинобар ин хушбахтии занонаро аз домодҳои хориҷӣ меҷӯянд", гуфт Сябитова.

Ҳамзамон, ровии телевизион қайд кард, ки ин тамоюл комилан муқаррарист ва занон набояд аз интихоби худ шарм доранд.

0
Барчаспҳо:
издивоҷ, муҳоҷирон, Русия