Ширин Исматулозода, заместитель премьер-министра РТ

Қадрдонии панҷ корманди Вазорати фарҳанг бо медали “Хизмати шоиста”: ном ба ном

449
(Таҷдидшуда 13:46 08.09.2020)
Панҷ корманди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо мукофоти олӣ - медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Мукофотро муовини сарвазири кишвар Ширин Исматуллозода ба кормандони муассисаҳои зерсохтори вазорат супорид.

Кормандони соҳаи фарҳанг бо медали Хизмати шоиста қадр гардиданд
Кормандони соҳаи фарҳанг бо медали Хизмати шоиста қадр гардиданд

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, панҷ корманди ин ниҳод бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 29-солагии Истиқлол, бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамин тавр, барои хизматҳои назаррас дар рушди соҳа муҳаррири пешбари Муассисаи давлатии «Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон» Алишер Муҳаммадӣ, корманди Муассисаи давлатии «Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон» Шаҳрбону Мусозода, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Сония Наврӯзова, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Маҳмадкарим Рақибов ва собиқ директори нашриёти «Ирфон» Нуралӣ Ҳасанов бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд.

Манбаъ афзуда, ки мукофоти собиқ директори нашриёти «Ирфон» Нуралӣ Ҳасанов, ки аз олам гузаштааст, ба писараш Раҳмон Ҳасанов супорида шуд.

Стотский ва Исозода бо медалҳои “Ҷасорат” ва “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд

Ширин Исматуллозода аҳли фарҳангу ҳунарро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, иброз доштааст, ки "фарҳанги миллӣ ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқию эстетикии ҳар қавму миллат ба шумор рафта, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию маърифатпарварӣ нақши ҳалкунанда мебозад".

Дар Тоҷикистон 11 генерал зиёд шуд: Раҳмон ба низомиён мукофоту рутбаҳои ҳарбӣ супорид

449
Барчаспҳо:
медал, Вазорати фарҳанги ҶТ, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон открыл государственный флаг Таджикистана в селе Гозион

Дар ноҳияи Шаҳринав Парчами 55-метрӣ гузошта шуд

305
(Таҷдидшуда 12:50 30.09.2020)
Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ сохта шудааст. Баландии сутунпояи парчам 55 метрро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳринав Майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисҷумҳур, масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази ноҳияи Шаҳринав сохта шудааст, 2100 метри мураббаъ буда, баландии сутунпояи ин рамзи давлатдорӣ 55 метр мебошад.

Матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 15 метр дарозӣ дорад.

Гуфта мешавад, ки майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Ҳамчунин, ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар Майдони Парчами давлатии ноҳияи Шаҳринав нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардидаанд.

Дар ин майдон ҳамчунин фаввора сохта шудааст.

Дар майдони парчам барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, он барои сайру гашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон аснои ошноӣ, бунёди Майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳринав дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ кардааст.

305
Барчаспҳо:
парчам, Эмомалӣ Раҳмон, Шаҳринав
Маросими пешвози меҳмонон, акс аз бойгонӣ

Сафари фарҳангиёну адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

125
(Таҷдидшуда 14:31 28.09.2020)
Ҳукумати вилояти Суғд аз сафари як ҳайати намояндагони илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гуруҳи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ба вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзуд, ки ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

“Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни миллатҳои тоҷику ӯзбек, тақвияти ҳамкориҳои адабӣ, илмиву фарҳангӣ миёни ду давлати дӯст арзёбӣ мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки меҳмонон давоми рӯз аз Маҷмааи фарҳангию “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи вилоятӣ, Хона — музейи Камоли Хуҷандӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки сипас, меҳмонон тибқи барномаи сафар ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе равон шуданд. 

Дар шаҳри Душанбе феълан сафари ҳайати Ӯзбекистон давом дорад.

125
Барчаспҳо:
илм, фарҳанг, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Спичка, архивное фото

Пулро гирифту хонаро оташ зад: боздошти хонандаи синфи 10 дар Истаравшан

0
Мақомоти милитсия аз боздошти як ноболиғи 16 - сола, хонандаи синфи 10, сокини шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ ва сӯзонидани хона даст задааст

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд рухдоди ин ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.

"Сокини 16 - солаи шаҳри Истаравшан, хонандаи синфи 10, ки ҳоло танҳо аз вай Д. Б. ном бурда мешавад, санаи 10 - уми сентябр, соати 07: 30 ба манзили соҳибкор, марди 38 - солаи сокини ин шаҳр воқеъ дар кӯчаи Ҳакимова дохил шуда, 4 ҳазору 400 доллари амрикоиро тасарруф намуд", - шарщ дод Шарифӣ.

Ба изҳори ӯ, ноболиғ барои рӯйпуш кардани изи ҷинояти содиркардааш, хонаи соҳибкорро оташ зад.

Дар асоси муроҷиатномаи соҳибкор, кормандони милитсия хонандаи синфи 10 - и яке аз макотиби Истаравшанро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти мазкур муттаҳам дониста мешавад.

Боздошти сокини Вахш барои дуздӣ дар даҳ масҷиди ду ноҳия-видео

Гуфта мешавад, навраси 16 - сола, ба ҷузъ аз дузди маблағ, аз ҳисоби оташ задани манзили истиқоматӣ ба соҳибхона боз 30 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 244 (дуздӣ) ва 255 (қасдан несту нобуд кардани молу амвол) - и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, ноболиғ ба ҳабс гирифта шудааст.

0
Барчаспҳо:
боздошт, ноболиғ, дуздӣ, Истаравшан