С концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой

“Номардо”: гилаи Зулайхо аз овоза кардани ишқаш дар рӯзи мавлуд-видео

5203
Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони тоҷик, ки имрӯз 27-солагияшро таҷлил мекунад, суруду намоҳанги ҷадиди худ зери унвони “Номардо”-ро нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Оҳанги суруди нави Маҳмадшоева эҷоди Зафар Каримов буда, намоҳанг зери назари Азим Ҳикматуллоев ба навор гирифта шудааст. Дар ин суруди тақрибан 10-дақиқаӣ овозхон гила дорад, ки “ҳарчанд давидам аз пайи ишқи ёр, овоза карданд ишқи маро номардҳо”.

Тайи соатҳои аввали нашри суруд онро ҳудуди 1,5 ҳазор нафар писандидаанд. Бештари корбарон Зулайхоро бо зодрӯзаш шодбош гуфтаанд.

Бар асоси донишномаи озод, Зулайхо Маҳмадшоева 9-уми сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада,  дар оила духтари калонӣ мебошад. Ӯ инчунин се додар ва хоҳар низ дорад. Ба иттилои манбаъ, Зулайхо аз хурдиаш мухлиси Манижа Давлатова буд ва бисёр орзу мекардааст, ки овозхони эстрадӣ шавад. Тавре дар ҳолномаи Зулайхо дар донишномаи озод навишта шудааст, ӯ оиладор ва соҳиби як писар мебошад.

5203
Барчаспҳо:
муъаррифии клип, Зулайхо Маҳмадшоева, суруд, Тоҷикистон
Памятник Рудаки, архивное фото

Имрӯз дар Тоҷикистон аз Рӯдакӣ ёд мекунанд: бузургдошти рӯзи Одамушуаро дар ҷумҳурӣ

62
(Таҷдидшуда 16:55 22.09.2020)
Имрӯз 22 сентябр - рӯзи бузургдошти Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, бунёдгузори адабиёти порсӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Аз соли 2002 бад ин сӯ дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи рӯзи Рӯдакӣ гиромӣ дошта мешавад.

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ дар соли 858 дар рустои Панҷрӯди шаҳристони Панҷакент (воқеъ дар Тоҷикистони имрӯза) ба дунё омаду дар дарбори Сомониён аз иззату эҳтироми зиёде бархурдор буд.

Шоирро дар охирҳои умр тибқи навиштаи бархе тазкираҳо бадхоҳонаш кӯр мекунанду ӯ бо анбӯҳи андӯҳ ба зодгоҳаш бармегардад ва дар ҳамон ҷо вафот мекунад.

Дар мавриди шумори ашъори Рӯдакӣ назарҳои мухталифе мавҷуд аст, ки бархе онро як миллиону сесад ҳазор байт гуфтаанд, ки муттаассифона аз он ашъор то замони мо камтар аз 1000 мисраъ боқӣ монда, ки ҳамин миқдори андак аз табъи равону самимияти гуфтори ӯ ҳикоят медиҳанд.

Барои гиромидошти номи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон номи яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаасту, дар вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову ва маҳалҳои аҳолинишин номгузорӣ карда шудаанд.

Дар пойтахт шаҳри Душанбе Боғи Устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда, якчанд муассисаҳои давлатӣ номгузорӣ шудаанд.  

Ҳазорҳо нусха китобу нашрияҳо дар бораи эҷодиёти А. Рӯдакӣ пайваста маводҳои илмиву бадеӣ ҳамасола нашр карда истодаанд. Рузи 22- юми сентябр хамчун Рӯзи Рӯдаки ҷашн гирифта мешавад.

62
Барчаспҳо:
ёдбуд, бузургдошт, адабиёт, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Рӯдакӣ, Тоҷикистон
Ҳунраманд Ҷонибек Муродов

"Нурияҷон": нашри таронаи нави Ҷонибек Муродов-садо

387
Овозхони шинохтаи мусиқии попи тоҷик Ҷонибек Муродов таронаи нави худро пас аз чанд моҳи таваққуф пешкаши мухлисонаш кард

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Таронаи нави Ҷонибек Муродов  таҳти унвони “Нурияҷон” се рӯз қабл нашр шуда, мақбули ҳаводоронаш гаштааст.

Таронаи ҷадиди овозхон дар канали JM Company мунташир шуда, давоми ин муддат ҳазорҳо маротиба бозбинӣ шудаву беш аз ду ҳазор лайк гирифтааст.

Оҳанги тарона аз Муқтадо Ғарбавӣ буда, нависандаи тарона Ризо гуфта мешавад.

Қаблан Ҷонибек ҳамроҳи овозхони шинохтаи ӯзбек Юлдуз Турдиева бо забони тоҷикиӣ  “дуэт”-и “Азизи дилам”-ро сароида буд, ки аз ҷониби корбарони интернетии тоҷикону ӯзбекон хуб истиқбол шуд.

Ҳамзамон пештар аз он Ҷонибек бо падараш Ҷӯрабек Муродов, ҳунармандони номӣ таронаи “Мусофир”-ро ба муҳоҷирон бахшида буданд.

387
Барчаспҳо:
тарона, Ҷонибек Муродов, овозхон, Тоҷикистон
Река Кофарниган, архивное фото

Наврӯз нагуфт, ки ӯро Шаҳзода оташ зад: ҷузъиёти ишқи сӯзон дар Ваҳдат-видео

480
(Таҷдидшуда 21:13 23.09.2020)
Наврӯз Раҷабов ба Шаҳзода Шамсиева зарфи сӯзишворӣ дода, гуфтааст, ҳар коре бихоҳад бо ӯ анҷом диҳад, то дилаш ором шавад

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, 26 - уми августи соли ҷорӣ, дар деҳаи Шаҳдбори шаҳри Ваҳдат, дар соҳили дарёи Кофарниҳон Шамсиева Шаҳзодаи 21-сола, дӯстдоштааш Наврӯз Раҷабови 25-соларо оташ задааст.

Наврӯз худаш ба Шаҳзода сӯзишворӣ дода гуфтаст, ҳар коре хоҳад бо ӯ бикунад

“Аз пушти мошин, бақлашкаи бензинро қатии зажигалка гирифта, дар дастам доду гуфт ин марҳамат чӣ кореям кунӣ, бикун, то дилат хунук шудана. Росто истода ин марҳамат гуфт. Ман ҳам бақлажка дар дастам, аз тори санг истода, болояш рехтам. Басай фиреб гуфтам, то кай фиреб мекунӣ, гуфтам, ин сӯ нигоҳ кун, ки зажигалкаро гирён кардаму оташ сӯяш давид”, - тавзеҳ дод Шаҳзода ҳодисаро.

ВУД мегӯяд, ҷабрдида содиркунандаи ин ҷиноятро пинҳон медошт, аммо кормандони милиса муайян кардаанд, ки ин корро Шаҳзода кардааст.

Наврӯз баъди сӯхтан ба Шаҳзода гуфтаст, ки ба касе чизе нагӯяд-видео

Шаҳзода дар гузориши ВУД изҳор дошт, ки Наврӯз дар роҳ ба ӯ гуфт, “рост ба хона рав, ба телефони ҳеч кас ҷавоб надеҳ, маро надидаӣ, намедонӣ”.

Шаҳзода изҳор доштааст, ки Наврӯз Раҷабов ба зиндагии осоиштаи ӯ дахл карда, сабабгори вайрон шудани оилааш шудааст.

Ба иттилои ВУД феълан аз рӯи ин ҳодиса алайҳи Шаҳзода парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

480