Нигина Амонкулова, архивное фото

Нашри “Соҳибватан”, суруди ҷадиди ансамбли "Дарё" ва Амонқуллова-видео

407
(Таҷдидшуда 19:20 09.09.2020)
Ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ суруд ва намоҳанги ҷадид зери унвони “Соҳибватан”-ро нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Оҳанги марши “Соҳибватан”-ро Фарҳоди Зокир, роҳбари бадеии ансамбли “Дарё” эҷод карда, матнаш моли шоир Муҳаммад Ғоиб мебошад.

Фарҳоди Зокир бо нашри навори намоҳанги ҷадид, тоҷикистониёнро бо ҷашни Истиқлол шодбош гуфтааст.

Сурудро сарояндаҳо Амирҷон Рӯзиев, Саидҷон, Нигина Амонқулова ва Наврӯз Алиев иҷро кардаанд.

“Номардо”: гилаи Зулайхо аз овоза кардани ишқаш дар рӯзи мавлуд-видео

Дар намоҳанг дар баробари овозхонҳо, инчунин низомиёни тоҷик, табибон, халабон, бонкдорон, нонпаз, оташнишонҳо, талабаҳо ва намояндагони дигар касбу корҳо ҳунарнамоӣ кардаанд.

407
Барчаспҳо:
клип, ҷадид, суруд, Тоҷикистон
Памятник крестьянину Восе, организовавшему восстание против политики бухарских чиновников (Восстание Восе)

Соҳибкорон дар шаҳраки Ҳулбук муҷассамаи 11-метрии Восеъ - ро гузоштанд

288
(Таҷдидшуда 20:21 24.09.2020)
Муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ аз ҷониби ҳайкалтарош Хушбахт Саъдиев сохта шуда, баландии он бо назардошти таҳкурсӣ 11 метрро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар маркази ноҳияи Восеи вилояти Хатлон-шаҳраки Ҳулбук президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Восеъро ба баҳрабардорӣ расонид ва аз рӯйи лавҳаи рамзии муҷассама парда бардошт.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, ҳайкал бо истифода аз металли ранга сохта шуда, таҳкурсӣ ва атрофи он бо санги хоро оро дода шудааст.

"Баландии муҷассама бо назардошти таҳкурсӣ 11 метрро ташкил медиҳад. Таҷдиди гулгашт ва гузоштани муҷассама дар ин майдон бо саҳми шахсони эҳсонкор ва соҳибкорони хайрхоҳи маҳаллӣ сурат гирифтааст", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, масоҳати умумии гулгашт 1 гектарро ташкил дода, дорои беҳтарин шароит барои истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонон мебошад.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи гулгашти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Аҳмадҷон Ҳулбук" тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии "Манзилию коммуналӣ"-и ноҳияи Восеъ ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ниагара-А" анҷом дода шудаанд.

Дар давраи таҷдиди ин иншооти фарҳангӣ ва гузоштани муҷассамаи Восеъ беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар атрофи муҷассама бо композитсияи бадеӣ 3 фаввораи замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин гулҳои ранга ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самаранок ва  зебо нигоҳ доштани гулгашт масъулонро муваззаф намудааст.

288
Барчаспҳо:
муҷассама, муҷассама, Восеъ, Эмомалӣ Раҳмон, Кӯлоб, Ҳулбук
Памятник Рудаки, архивное фото

Имрӯз дар Тоҷикистон аз Рӯдакӣ ёд мекунанд: бузургдошти рӯзи Одамушуаро дар ҷумҳурӣ

70
(Таҷдидшуда 16:55 22.09.2020)
Имрӯз 22 сентябр - рӯзи бузургдошти Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, бунёдгузори адабиёти порсӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Аз соли 2002 бад ин сӯ дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи рӯзи Рӯдакӣ гиромӣ дошта мешавад.

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ дар соли 858 дар рустои Панҷрӯди шаҳристони Панҷакент (воқеъ дар Тоҷикистони имрӯза) ба дунё омаду дар дарбори Сомониён аз иззату эҳтироми зиёде бархурдор буд.

Шоирро дар охирҳои умр тибқи навиштаи бархе тазкираҳо бадхоҳонаш кӯр мекунанду ӯ бо анбӯҳи андӯҳ ба зодгоҳаш бармегардад ва дар ҳамон ҷо вафот мекунад.

Дар мавриди шумори ашъори Рӯдакӣ назарҳои мухталифе мавҷуд аст, ки бархе онро як миллиону сесад ҳазор байт гуфтаанд, ки муттаассифона аз он ашъор то замони мо камтар аз 1000 мисраъ боқӣ монда, ки ҳамин миқдори андак аз табъи равону самимияти гуфтори ӯ ҳикоят медиҳанд.

Барои гиромидошти номи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон номи яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаасту, дар вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову ва маҳалҳои аҳолинишин номгузорӣ карда шудаанд.

Дар пойтахт шаҳри Душанбе Боғи Устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда, якчанд муассисаҳои давлатӣ номгузорӣ шудаанд.  

Ҳазорҳо нусха китобу нашрияҳо дар бораи эҷодиёти А. Рӯдакӣ пайваста маводҳои илмиву бадеӣ ҳамасола нашр карда истодаанд. Рузи 22- юми сентябр хамчун Рӯзи Рӯдаки ҷашн гирифта мешавад.

70
Барчаспҳо:
ёдбуд, бузургдошт, адабиёт, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Рӯдакӣ, Тоҷикистон
Милиционеры в Душанбе, архивное фото

Фирори подполковник баъди латукӯби майор: тафсилоти парванда алайҳи 2 мақомдор

0
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

0
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд