Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бйгонӣ

Хона доду хароҷоти тӯйро пардохт: туҳфаи Президент ба овозхон Раҳимова-видео

3835
(Таҷдидшуда 15:24 06.10.2020)
Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хароҷоти тӯйи Матлуба Раҳимова, овозхони шинохтаи тоҷик, ки ҳафтае пеш издивоҷ кард, пардохт шуд

ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik. Матлуба Раҳимова, ки модарзодӣ нобино асту бо садою ҳунари худододаш дили мухлисонро тасхир намудааст, ҳафтаи пеш бо ҷавони дӯстдоштааш издивоҷ кардааст   

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳанӯз чанд соли қабл зимни тақдими хона бо тамоми ҷиҳозаш ба Матлуба Раҳимова ваъда додааст, ки хароҷоти тӯйашонро низ пардохт хоҳанд кард.

Хароҷоти тӯйи овозхонро Нуриддин Саид дод-видео

Дар навори тӯйи Матлуба Раҳимова, масъуле зимни табрики навхонадорон, гуфт, бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон, Нуриддин Саид, собиқ вазири маориф ва раиси феълии Кумитаи телевизион ва радиои кишвар бо аҳли кормандон хароҷоти тӯйи Матлуба Раҳимоваро пардохт намуданд.

Раҳимова, соли 1987 дар ноҳияи Ёвон зода шуда, феълан овозхони дастаи “Фалак” мебошад. Ӯ соли 2008 маҳз дар ҷашнвораи “Фалак” бо овозхонияш шинохта шуд ва бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, Асадулло Раҳмон, раиси вақти Кумитаи телевизион ва радио ба ӯ хона бо тамоми ҷиҳозро тақдим кард.

3835
Барчаспҳо:
овозхон, тӯй, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон в Мекке, архивное фото

Раҳмон ва Абдулқодирзода дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё

349
(Таҷдидшуда 10:55 27.10.2020)
Пажуҳишгоҳи исломии Уммон исми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро ба феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2021” шомил кардааст.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Рейтинги таъсирузортарин мусалмонони ҷаҳон, рӯзи гузашта нашр шуд, ки раисиҷумҳури кишвар бори шашум шомили он гаштааст.

Исми Эмомалӣ раҳмон аз соли 2012 ва номи Саидмукаррам Абдулқодирзода бошад аз соли 2015 ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор роҳ ёфтаанд.

Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдул-Азиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.

Оқохони IV Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён дар зинаи 39-ум мақом гирифтааст. Гузоришгарон мегӯянд, аз Оқохони IV беш 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон пайравӣ мекунанд, ки қисме аз онҳо дар Бадахшони Тоҷикистон иқомат доранд.

Ба панҷгонаи аввал щамзамон шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ, ки яке аз олимони машҳури ислом мебошад, шомил шудаанд.

Ба TOP-50 инчунин сарвазири Покистон Имрон Хон, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, футболбози мисрии клуби англисии Ливерпул Муҳаммад Салоҳ ва ҳамзамон размикори шинохтаи доғистони Ҳабиб Нурмуҳаммадов шомил шудаанд .

Фардо дер мешавад: 5 пешниҳоди Шӯрои уламо ба мардуми Тоҷикистон

Дар ин рӯйхат инчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон, Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон ворид шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки TOP-500 аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон сар аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад.

349
Нигина Амонкулова

"Гуфтиву накардӣ" : нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова - видео

1331
(Таҷдидшуда 20:12 18.10.2020)
Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи саҳнаи тоҷик, суруди ҷадиди худро таҳти унвони "Гуфтиву накардӣ" нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Нигина Амонқулова овозхони шинохтаи Тоҷикистон, дар саҳифаи Qiam Entertainment дар Ютуб, суруд ва намоҳанги нави худро пешкаши мухлисонаш гардонидааст.

Навори суруд дирӯз, 17 октябр дар шабакаи Youtube нашр шудааст. Дар давоми як рӯз ин сурудро беш аз 84 ҳазор кас тамошо карда ва зиёда аз 2 ҳазор корбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки ин суруди Нигина Амонқулова низ дар доираи тарҳи нави сароянда бо ширкати Qiam Entertainment сабт шудааст.

Маллифи суханони суруд Орзу Исоев буда, оҳангашро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст. Ин суруд дар бораи ошиқест, ки маъшуқаашро қадр намекунад. 

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сароянда тарҳи нави худ -  "Legends live forever" оғоз кард, ки дар доираи он сурудҳои машҳури ситораҳои номдори шарқро бозхонӣ мекунад. Ба гуфти Нигина ин тарҳро ба ӯ ширкати  Qiam Entertainment, ки сароянда аз оғози соли 2020 бо он ҳамкорӣ дорад, пешниҳод кардааст.

То ҳол Нигина сурудҳои сарояндаҳои шодравон  - Аҳмад Зоҳир, Муқаддас Набиева, Зафар Нозим, Муҳаммадрафеъ ва Аминҷон Сабуриро, ки ба гуфти худаш аз ҳама бештар писандаш ҳастанд, иҷро кардааст.

Нигина Амонқулова суруди Муқаддас Набиеваро бозхонӣ кард

Нигина Амонқулова дар доираи ин тарҳи ҷадид, нахустин бор ба забони ҳиндӣ сароид. Ҳамчунин дар баробари зинда кардани ёди ҳунармандони қадимӣ, Нигина дар доираи ин тарҳ, се суруди ҷадиди худро низ месарояд.

1331
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, нав, ҷадид, нашр, Нигина Амонқулова

"Душмани ислом ҳастӣ": муфтии Чеченистон кишвардори Фаронсаро террористи рақами як гуфт

125
Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев муфтии Чеченистон пас аз вокуниши кишвардори Фаронса Эммануэл Макрон дар робита ба қатли профессори таърих, ӯро душмании кулли мусалмонон номид

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар Фаронса чанде пеш барои карикатураи Ҳазрати Муҳаммад (с), сари профессори яке аз коллеҷҳо аз тан ҷудо карда шуд.

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд.

Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид. Аз ҷумла, муфтии Чеченистон Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев амалкарди кишвардори Фаронсаро ҳамлаи рӯирост ба тамоми мусалмонон номид, ки метавонад талафоти зиёди одамонро ба бор орад.

Раёсати мусалмонҳои Ӯзбакистон «Шарли Эбдо»-ро маҳкум кард

Муфти дар сафҳаи худ дар Инстаграм чунин навиштааст:

"Президенти Фаронса Эммануэл Макрон фармон дод, ки карикатураҳои бузургтарин мард, паёмбар Муҳаммад (с) -ро дар тамоми биноҳои ҳукуматӣ овезанд ... Ин на танҳо як амали бемасъулиятест, ки аз тамоми марзҳои ахлоқӣ берун аст, балки ҳамлаи хуби тарҳрезишуда ба Ислом ва тамоми ҷомеаи мусалмонон аст, ки метавонад талафоти бузурги инсониро ба бор орад".

Ӯ мегӯяд, кишвардори Фаронса ба ҷойи маҳкум намудани амали иғвоангезона профессори фавтида, ки дидаву дониста оқибати амалашро медонист, шаъну шарафи бузургтарин марди исломро олуда кард.

Зимнан, муфтии Чеченистон, Макронро террористи рақами як ва душмани ашадии кулли мусалмонон номид. Ӯ гуфт, таҳқир кардани пайғамбар ин таҳқир намудани кулли мусалмонон аст.

"Шумо душмани башарият ва тамоми мусулмонон ҳастед, ки принсипҳо ва арзишҳои ахлоқиро надоред...Шумо бо дастҳои худ муноқишаи байни миллатҳо ва динҳоро бармеангезед ", - гуфт муфтӣ.

Вай гуфт, ки Макрон "дидаю дониста мусалмононро ба амалҳои таҳрикомез тела медиҳад ва аз профессори девона "қаҳрамони миллӣ" метарошад.

Муфтӣ таъкид намуд, ки Макрон бо ин амали худ беш аз 2 миллион мусалмонро  душмани худ кард.

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд. 

Профессор матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

Қотили ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

125
Барчаспҳо:
Чеченистон, муфтӣ, Эммануэл Макрон, Фаронса