Зрители в кинотеатре

Аз оҳангарию боғдорӣ то оши девзираи Исфара: филми “Чоркӯҳ” намоиш дода шуд

392
(Таҷдидшуда 15:51 08.10.2020)
Филми мустанади “Чоркӯҳ” аз фарҳанги пурғановат ва анъанаҳои таърихию мадании деҳоти наздимарзии Чоркӯҳи Исфара нақл мекунад, ки то имрӯз ҳифз шудаанд

ДУШАНБЕ, 08 окт – Sputnik. Нахустнамоиши филми “Чоркӯҳ”, ки гуфта мешавад ба истиқболи Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сабт шудааст, аз тариқи телевизиони минтақавии "ТВ Суғд" ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Сенарияи “Чоркӯҳ” ро рӯзноманигори маърӯфи тоҷик Бобоҷон Икромов навиштааст, ки он дар бораи таърих, фарҳанг ва суннатҳои қадимии сокинони деҳаи дурдасти кишвар Чоркӯҳи Исфара нақл мекунад.

Филми мазкур таъкид мекунад, ки тоҷикон мардуми бумии Осиёи Миёна мебошанд.

Дар филми “Чоркӯҳ” муаррихи номвари тоҷик Абдуманнон Рауфов дар асоси дастхатҳои таърихӣ, китобҳо ва кофтуковҳои бостонӣ дар дақиқаҳои аввали филм роҷеъ ба мавҷудияти чандинасраи маҳаллаи Чоркӯҳ сухан мегӯяд.

Вай ҳамчун далели ин андешаҳо аз китоби "Тоҷикон" -и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров иқтибосҳо овардааст.

Риштаи асосии филми мустанад ҳифзи фарҳанги таърихӣ ва ҳаёти ҳамарӯзаи то имрӯз ҳифзшуда мебошад.

Директори аксбардорӣ Толиб Набиев муваффақ шудааст, ки анъанаҳо ва урфу одатҳои қадимии ин деҳаи дурдасти кӯҳистонро бо тамоми шӯҳраташ ба навор гирад.

Наворҳои филмҳо лаҳзаҳои кори ҳунармандон ва нозукиҳои касби онҳоро, алахусус оҳангар, осиёб, осиёби равған, деҳқонон ва боғдоронро ба хубӣ нишон медиҳанд.

Маҳсули меҳнати ин ҳунармандон - орд, биринҷ ва равғани растании дастӣ дар ҳаёти ҳаррӯза, аниқтараш, дар истеҳсоли палави тоҷикӣ дар ҳар як оилаи деҳаи Чоркӯҳ истифода мешавад. Плове, ки аз биринҷи девзира ва равғани загир тайёр карда мешавад, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз ҳудуди он низ машҳур аст.

Дар баробари оши палав, сокинони деҳаи Чоркӯҳ дар боғдорӣ таҷрибаи азими таърихӣ доранд. Ба маҳзи заҳмати боғпарварон ҳосиле, ки дар ин заминҳои бостонӣ мерӯянд, ба бисёр кишварҳои ҷаҳон ворид карда мешаванд.

Дар тӯли зиёда аз 150 сол меваҳои хушки Исфара дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол карданд.

Муаллифони филм дар бораи нақш ва дастовардҳои соҳибкорони тоҷик дар интиқол ва фурӯши меваҳои хушки аз ҷиҳати экологӣ соф ба кишварҳои хориҷӣ ба таври возеҳ нақл мекунанд.

Зимнан "Чоркӯҳ" дуюмин филми Бобоҷон Икромов дар жанри мустанад мебошад.

Аввалин филми муаллиф ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта дар экранҳои телевизиони марказии Иттиҳоди Шӯравии пешин бо номи "Касби ман омӯзгор аст" ба намоиш гузошта шуда буд ва қаҳрамони асосии он муаллими кимиёдони маъруф шаҳри Исфара Абдулҳафиз Азизов буд, ки ҳамин ду рӯз пеш ин омӯзгори ислоҳатгар дар 70 солагӣ аз олам даргузашт.

392
Барчаспҳо:
таърих, Ош, филм, намоиш, Исфара, фарҳанг, Чоркуҳ, Тоҷикистон
Нигина Амонкулова

"Гуфтиву накардӣ" : нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова - видео

1328
(Таҷдидшуда 20:12 18.10.2020)
Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи саҳнаи тоҷик, суруди ҷадиди худро таҳти унвони "Гуфтиву накардӣ" нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Нигина Амонқулова овозхони шинохтаи Тоҷикистон, дар саҳифаи Qiam Entertainment дар Ютуб, суруд ва намоҳанги нави худро пешкаши мухлисонаш гардонидааст.

Навори суруд дирӯз, 17 октябр дар шабакаи Youtube нашр шудааст. Дар давоми як рӯз ин сурудро беш аз 84 ҳазор кас тамошо карда ва зиёда аз 2 ҳазор корбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки ин суруди Нигина Амонқулова низ дар доираи тарҳи нави сароянда бо ширкати Qiam Entertainment сабт шудааст.

Маллифи суханони суруд Орзу Исоев буда, оҳангашро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст. Ин суруд дар бораи ошиқест, ки маъшуқаашро қадр намекунад. 

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сароянда тарҳи нави худ -  "Legends live forever" оғоз кард, ки дар доираи он сурудҳои машҳури ситораҳои номдори шарқро бозхонӣ мекунад. Ба гуфти Нигина ин тарҳро ба ӯ ширкати  Qiam Entertainment, ки сароянда аз оғози соли 2020 бо он ҳамкорӣ дорад, пешниҳод кардааст.

То ҳол Нигина сурудҳои сарояндаҳои шодравон  - Аҳмад Зоҳир, Муқаддас Набиева, Зафар Нозим, Муҳаммадрафеъ ва Аминҷон Сабуриро, ки ба гуфти худаш аз ҳама бештар писандаш ҳастанд, иҷро кардааст.

Нигина Амонқулова суруди Муқаддас Набиеваро бозхонӣ кард

Нигина Амонқулова дар доираи ин тарҳи ҷадид, нахустин бор ба забони ҳиндӣ сароид. Ҳамчунин дар баробари зинда кардани ёди ҳунармандони қадимӣ, Нигина дар доираи ин тарҳ, се суруди ҷадиди худро низ месарояд.

1328
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, нав, ҷадид, нашр, Нигина Амонқулова
Младенец, архивное фото

Машҳуртарин номҳои кӯдакона дар Ӯзбекистон маълум шуд

531
(Таҷдидшуда 09:25 18.10.2020)
Соли 2020 Муҳаммадалӣ ва Солиҳа номҳои маъмулӣ шуданд. Соли гузашта низ ба онҳо шумораи бештари волидон бартарӣ додаанд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Агентии хизматрасонии давлатии назди Вазорати адлия маълумотро дар бораи номҳои маъмул дар Ӯзбекистон, ки волидон барои кӯдакони навзод интихоб кардаанд, нашр кард.

Изабелла, Сензора, Имран: Кумитаи забон 217 номи нав илова ва 223 номи аҷнабиро рад кард

Тибқи маълумоти ин ниҳоди давлатӣ, дар соли 2020 маъмултарин номҳо Муҳаммадалӣ ва Солиҳа буданд: 1582 писар ва 1601 духтар ба ин ном гузошта шудаанд.

Тибқи омори соли гузашта, ин номҳо инчунин мавқеи аввалро ишғол мекарданд.

Ҳабибҳо бисёр шуданд: Ҳукумат гуфт, навзодҳоро зиёд Ҳабиб ном мегузоранд

Дар соли гузашта, 12 461 шаҳрванд ба фарзандони худ Солиҳа ва 11 305 шаҳрванди Ӯзбекистон ба фарзандонашон Муҳаммадалӣ ном гузоштанд.

531
День 27 октября

Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:06 26.10.2020)
Рӯзи 27 октябр рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ буда дар Алҷазоир  — Рӯзи ниҳолшинонӣ ва дар Туркманистон — Рӯзи истиқлол мебошад

Рӯзи 27 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1492 Христофор Колумб Кубаро кашф намуд.

Мореплаватель Христофор Колумб (1446-1506) - испанский мореплаватель
© Sputnik / Лев Иванов
Мореплаватель Христофор Колумб (1446-1506) - испанский мореплаватель

Соли 1858 дар Ню-Йорк калонтарин маркази савдо дар дунё -"Мэйси" дар  масоҳати 20,3 гектар мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 1867 нависанда Лев Толстой романи "Ҷанг ва сулҳ"-ро ба итмом расонд.

Русский писатель Лев Николаевич Толстой (1828-1910)
Фото из архива Государственного литературного музея Л.Н.Толстого
Русский писатель Лев Николаевич Толстой (1828-1910)

Соли 1951 нахустин маротиба дар ҷаҳон зимни табобати бемории саратон аз радиатсия истифода карда шуд.

Соли 1982 Ҷумҳурии Мардумии Чин эълон кард, ки шумораи аҳолияш  ба 1 млрд нафар расид.

© REUTERS / Thomas Peter
Люди проходят мимо китайских флагов в Кашгаре, Синьцзян-Уйгурский автономный район, Китай

Соли 2014 Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер дар робита ба ғалабаи дастаи "Истиқлол" — и Душанбе дар Чемпионати Тоҷикистон – 2014  ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон мактуби табрикотӣ ирсол намуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон намоиши аксҳои "Дастовардҳои Душанбе" баргузор гардид.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Фархор бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи нави марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2012 ифтитоҳи нақби мошингарди "Шаҳристон".

Тоннель Шахристан в Таджикистане, архивное фото
Тоннель Шахристан в Таджикистане, архивное фото

Соли 2014 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  — "Кохи Сомон" бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон нахустин Форуми сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти зиёди ҷашнӣ, ташриф оварда, чойхонаи ғайриодӣ ва боҳашамати миллиро ифтитоҳ намуд, ки аз ҷиҳати услубу шакл дар миқёси олам ҳамто надорад.

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  бо қабули тағйирот дар қонунгузории кишвар ба яккасардорӣ дар корхонаҳои давлатӣ хотима дод.

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, зимни як паём ба мардумаш кушта шудани Абубакр Бағдодӣ, роҳбари созмони террористи "ДОИШ"-ро тасдиқ карда, ҷузъиёти амалиётро нақл кард.

Трамп гуфт, Бағдодӣ чун як саг, гирёну нолон мурд, чун тарсу, на чун қаҳрамон. 

Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ.
  • Дар Алҷазоир  — Рӯзи ниҳолшинонӣ.
  • Дар Туркманистон — Рӯзи Истиқлолият.

Рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1939  – доктори илмҳои физика ва математика, профессор Исмоилҷон Исмоилов.

Соли 1964  – раққоса Хайриниссо Файзуллоева.

Соли 1965  – олими тибб Акбар Зарифов.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон