Вручении грамоты народному артисту СССР Убайдуло Раджабову

Мақомоти вилояти Хатлон ба Убайдулло Раҷабов сипоснома дод

587
(Таҷдидшуда 13:19 17.10.2020)
Дар толори Кохи Лоҳутии шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар ин ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва як қатор ҳунарпешаҳои маъруфи мамлакат иштирок доштанд.

Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм”, зимни суханрониаш 90-солагии синамои миллиро ба кулли ҳунармандон, кормандони соҳа ва алоқамандони кинои тоҷик самимона муборакбод гуфта, ба роҳбарияти мақомоти вилояти Хатлон барои мусоидати ҳамаҷониба ва дастгирии соҳаи синамои миллӣ арзи сипос намуд.

Манбаъ таъкид доштаааст, ки ба як қатор ҳунармандони саршинос, аз ҷумла Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов, Назирмат Мӯсоев, Зулхумори Иброҳим, Тоҷинисо Саидова, Моҳпайкар Ёрова ва филмофарони муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” ва раёсати “Тоҷикфилм” дар вилоят Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Гуфта шудааст, ки дар ин ҳамоиш инчунин нахустнамоиши филми ҳунарии истеҳсоли “Хатлонсинамо” бо номи “Фариштаи умед” манзури ҳаводорони синамои миллӣ гардид.

Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” таҳти сарпарастии мақомоти вилояти Хатлон қарор дошта, бо мақсади таҳияи филмҳои сирф миллӣ, тарғибу ташвиқи суннату анъанаҳо, тарбияи ҳисси ватанпарастӣ, густариши ойинҳои фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, инчунин таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи кишвар таъсис дода шудааст.

587
Барчаспҳо:
сипоснома, Хатлон, ҳамоиш, Тоҷикфилм, Тоҷикистон
Нигина Амонкулова

"Гуфтиву накардӣ" : нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова - видео

1230
(Таҷдидшуда 20:12 18.10.2020)
Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи саҳнаи тоҷик, суруди ҷадиди худро таҳти унвони "Гуфтиву накардӣ" нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Нигина Амонқулова овозхони шинохтаи Тоҷикистон, дар саҳифаи Qiam Entertainment дар Ютуб, суруд ва намоҳанги нави худро пешкаши мухлисонаш гардонидааст.

Навори суруд дирӯз, 17 октябр дар шабакаи Youtube нашр шудааст. Дар давоми як рӯз ин сурудро беш аз 84 ҳазор кас тамошо карда ва зиёда аз 2 ҳазор корбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки ин суруди Нигина Амонқулова низ дар доираи тарҳи нави сароянда бо ширкати Qiam Entertainment сабт шудааст.

Маллифи суханони суруд Орзу Исоев буда, оҳангашро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст. Ин суруд дар бораи ошиқест, ки маъшуқаашро қадр намекунад. 

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сароянда тарҳи нави худ -  "Legends live forever" оғоз кард, ки дар доираи он сурудҳои машҳури ситораҳои номдори шарқро бозхонӣ мекунад. Ба гуфти Нигина ин тарҳро ба ӯ ширкати  Qiam Entertainment, ки сароянда аз оғози соли 2020 бо он ҳамкорӣ дорад, пешниҳод кардааст.

То ҳол Нигина сурудҳои сарояндаҳои шодравон  - Аҳмад Зоҳир, Муқаддас Набиева, Зафар Нозим, Муҳаммадрафеъ ва Аминҷон Сабуриро, ки ба гуфти худаш аз ҳама бештар писандаш ҳастанд, иҷро кардааст.

Нигина Амонқулова суруди Муқаддас Набиеваро бозхонӣ кард

Нигина Амонқулова дар доираи ин тарҳи ҷадид, нахустин бор ба забони ҳиндӣ сароид. Ҳамчунин дар баробари зинда кардани ёди ҳунармандони қадимӣ, Нигина дар доираи ин тарҳ, се суруди ҷадиди худро низ месарояд.

1230
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, нав, ҷадид, нашр, Нигина Амонқулова
Младенец, архивное фото

Машҳуртарин номҳои кӯдакона дар Ӯзбекистон маълум шуд

528
(Таҷдидшуда 09:25 18.10.2020)
Соли 2020 Муҳаммадалӣ ва Солиҳа номҳои маъмулӣ шуданд. Соли гузашта низ ба онҳо шумораи бештари волидон бартарӣ додаанд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Агентии хизматрасонии давлатии назди Вазорати адлия маълумотро дар бораи номҳои маъмул дар Ӯзбекистон, ки волидон барои кӯдакони навзод интихоб кардаанд, нашр кард.

Изабелла, Сензора, Имран: Кумитаи забон 217 номи нав илова ва 223 номи аҷнабиро рад кард

Тибқи маълумоти ин ниҳоди давлатӣ, дар соли 2020 маъмултарин номҳо Муҳаммадалӣ ва Солиҳа буданд: 1582 писар ва 1601 духтар ба ин ном гузошта шудаанд.

Тибқи омори соли гузашта, ин номҳо инчунин мавқеи аввалро ишғол мекарданд.

Ҳабибҳо бисёр шуданд: Ҳукумат гуфт, навзодҳоро зиёд Ҳабиб ном мегузоранд

Дар соли гузашта, 12 461 шаҳрванд ба фарзандони худ Солиҳа ва 11 305 шаҳрванди Ӯзбекистон ба фарзандонашон Муҳаммадалӣ ном гузоштанд.

528
Журналист держит плакат с олимпийскими кольцами

Эълони қоидаҳои беҳдоштӣ дар Олимпиадаи Токио-2020

0
Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи тадорукот қоидаҳои беҳдоштиеро, ки зимни Олимпиадаи Токио-2020 бояд риоя шаванд, эълон карданд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Токио-2020 барои сардорони дастаҳои ширкаткунандаи Олимпиадаи Токио-2020 қоидаҳои ҷадидро тавзеҳ додаанд.

Тибқи иттилои сомонаи ТВ Варзиш, дар семинари онлайнӣ инчунин ҳамаи кумитаҳои миллии олимпӣ ширкат варзиданд.

Манбаъ афзуд, ворид шудан ба Ҷопон аз аксари кишварҳо карантини 14-рӯзаро талаб мекунад.

Масъалаи мутобиқгардонии варзишгарон ҳангоми карантин баррасӣ мешавад, то онҳо ба шароити нав мутобиқ шуда, тамрин карда тавонанд. Ҳангоми расидан ба Ҷопон, далели натиҷаи манфии озмоиши COVID-19 (72 соат пеш аз парвоз анҷом дода мешавад) ва озмоиши иловагӣ дар кишвар талаб карда мешавад, таъкид кардааст сомонаи Варзиш.

Инчунин манъи муоширати варзишгарон бо одамони берун аз деҳа пешбинӣ шудааст.

Ҷонибҳо эълон карданд, ки бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамкорӣ намуда, инчунин самаранокии ваксинаҳоеро, ки дар кишварҳои мухталиф таҳия мешаванд, назорат хоҳанд кард.

Президенти КБО Томас Бах таъкид кард, ки барои ҳифзи саломатии ҳамаи иштироккунандагони Олимпиада тадбирҳои назаррас андешида мешаванд ва Бозиҳои Токио барои дигар чорабиниҳои васеъ намуна хоҳанд шуд.

Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи Олимпиада варзишгарон барои 339 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 33 намуди варзиш рақобат хоҳанд кард.

0
Барчаспҳо:
Олимпиада, Ҷопон, Тоҷикистон