Нигина Амонкулова 2020 ( Андух ) - YouTube

Ман аз ин андӯҳ мемирам: нашри эҳсоситарин суруд ва намоҳанги Нигина-видео

2192
(Таҷдидшуда 16:15 02.11.2020)
Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи мусиқии попи тоҷик таронаи навашро таҳти унвони "Андуҳ"  нашр кард

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Таронаи нави овозхон аз ишқи ғамангез ва поёни фоҷиабори он қисса мекунад.

Саҳнаҳои намоҳангро Рафаел Гулов, блогери шинохта ва ҳунарманди ҷавон  Амина Ҳафизова бозидаанд ва он дар сафҳаи Didor HD дар Youtube нашр шудааст.

Дар маркази сужаи навор ҷуфти ҷавони ошиқ ҳангоми видоъ дар терминали Фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе қарор дорад.

Дар оғози навор қаҳрамони Амина аз дӯстписараш хоҳиш мекунад, ки барои кор ба кишвари бегона наравад ва ӯро водор мекунад, ки бимонад.

Аммо ҷавон инро шунидан намехоҳад ва мехоҳад барои хариди манзил ва мошин пул кор кунад.

Дақиқан пас аз як сол, духтар дар ҳамон ҷо бо ҷасади ошиқи фавтида вомехӯрад ва акнун бояд танҳо бо ин ғам зистанро ёд гирад.

Хонум Амонқулова аз серкортарин ҳунармандони мусиқии попи тоҷик ба шумор меравад, ки моҳҳои ахир таронаҳояш пайиҳам пешкаши мухлисон мегардад ва тарҳи нави ахираш таҳти унвони "Legends live forever" мақбули ҳаводоронаш гашта буд.

2192
Сценарист и кинорежиссер Искандар Усмонов

Искандар Усмонов дар Теҳрон ҷоиза гирифт

151
(Таҷдидшуда 19:45 28.11.2020)
Коргардон ва драматурги тоҷик Искандар Усмонов дар як Ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар шаҳри Теҳрон соҳиби ҷоиза гардид

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Теҳрон маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои "Муқовимат" баргузор гардид, хабар медиҳад рӯзномаи Вечёрка.

Маросими мазкур санаи 23 ноябр баргузор гардид ва як намояндаи Тоҷикистон низ сазовори ҷоиза гашт.

Манбаъ меафзояд, муаллифи сенарияи филми "Дар марз", коргардон ва драматурги тоҷик Искандар Усмонов бо ҷоизаи "Сенарияи беҳтарини филми ҳунарии кутоҳмуддат" мукофотонида шуд.

Филм дар ҳамкорӣ бо коргардони қирғиз Тинчтик Абилқосимов дар "Киргизфилм" ба навор гирифта шудааст.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Қаҳрамонони филми "Дар марз" бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ ҳарф мезананд. Филм дар асоси саргузашти сокини солхӯрдаи як деҳаи Тоҷикистон, ки барои дидорбинии хешовандонаш ба деҳаи Қирғизистон меравад, таҳия шудааст.

Тавре коргардони тоҷик гуфт, филм 10 рӯз дар минтақаи Ботканди Қирғизистон ба навор гирифта шудааст.

Соли гузашта филми "Дар марз" дар озмуни байналмилалӣ дар VII Форуми филми ҷавони кишварҳои ИДМ "Умут" дар бахши "Мубрамияти ғоя" пирӯз шуда буд.

151
Поэт Тимур Зульфикаров

Маросими ҷоизасупории "Ситораи Иттиҳод" баргузор шуд: яке аз барандаҳо - Зулфиқоров

79
(Таҷдидшуда 14:51 28.11.2020)
Маросими супоридани ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” имсол тариқи онлайн баргузор шуда, яке аз барандаҳои он Тимур Зулфиқоров, нависандаи тоҷик мебошад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” барои саҳм дар рушди фарҳангу китобхонӣ эъто мешавад.  Ҷоизаи мазкур, ки аз ҷониби Бунёди байнидавлатии  ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ таъсис дода шудааст,  имсол тариқи онлайн супорида шуд, хабар додааст ТАСС.

Яке аз барандаҳои он Тимур Зулфиқоров, шоиру нависандаи русзабони тоҷик мебошад.

Барандаҳои “Ситораи Иттиҳод” соҳиби диплом, нишони рамзӣ ва ду миллион рубл мешаванд.

Дар баробари Зулфиқоров ба феҳрасти барандагони ҷоиза инчунин чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг аз кишварҳои ИДМ – Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Молдова шомил гардиданд.

Аз ҷумла ҷоизаи мазкурро нависандаи шинохта аз Русия, Гузел Яхина, муаллифи романи “Зулайхо чашм мекушояд” соҳиб гардидааст. Фаррух Зокиров, овозхону оҳангсоози шинохтаи ӯзбек, роҳбари гуруҳи “Ялла” низ барандаи ҷоиза шуд.

Ҷоизаи мазкур ҳамасола дар се бахш – илму маориф, фарҳангу санъат ва фаъолияти гуманитарӣ тақдим карда мешавад.

Имсол тариқи онлайн инчунин ҷоизаи “Иттиҳоди падидаҳо”, ки ба мутахассисони ҷавон тақдим мегардад, ба тарроҳи ҷавон аз Тоҷикистон, Муҳаммадносир Абдуллоев супорида шуд.

79
Барчаспҳо:
ба таври онлайн, ҷоиза, ИДМ
Интиқоли китоби Тоҷикон ба ноҳияи Ванҷ

Беш аз 4400 дона: туҳфаи Раҳмон ба Ванҷ расид

0
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ноҳияи Ванҷ, тақсими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оилаи кишвар тақсим мешавад.

Манбаъ афзуд, ки ин туҳфа аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фиристода шуд.

Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дод, ки барои мардуми ноҳияи Ванҷ мутаносибан ба теъдоди хонаводаҳо 4408 китоб ҷудо шуда, он ба ҳар як хонавода дастрас карда мешавад.

Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ мегӯяд, тақсимоти китоби “Тоҷикон” имрӯз аз ноҳия оғоз гардида, доир ба масъалаи мазкур комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Ин комиссия  раванди супоридани туҳфаи роҳбари давлатро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назорат менамояд. 

Чойхонаи тоҷикон дар Амрико ба макони таърихӣ табдил ёфт

Ба иттилои Вазорати маориф, Хушвахт Искандаров, омӯзгори собиқадори ноҳия гуфтааст,  солҳо боз орзу дошт, ки ин китоби пурарзиш китоби рӯйимизии ҳар як фарди тоҷик бошад.

“Боварӣ дорам, ки ин амали нек ва шоиста дар раванди худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бою пурғановати гузаштагон саҳми арзанда мегузорад”, - таъкид кардааст омӯзгор.

0
Барчаспҳо:
китоб, фарҳанг, маориф, Тоҷикистон