Актер, художественный руководитель Московского драматического театра под руководством А. Джигарханяна Армен Джигарханян, архивное фото

Ҳунарманди маъруф Армен Ҷигарханян даргузашт

243
(Таҷдидшуда 14:22 14.11.2020)
Ҳунарманди маъруфи театр ва кинои Русия,артисти халқии СССР Армен Джигарханян рӯзи шанбе дар синни 86-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Армен Джигарханян, ҳунарманди театру кино, артисти халқии СССР субҳи 14 ноябр даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба намояндаи театр.

Сабаби марги ҳунарманди маъруф гуфта нашудааст.  Ҷигарханян солҳои охир шадидан бемор буд ва қариб, ки дар ҳузури ом пайдо намешуд. Ҷигарханян 85 сола дошт.

Армен Ҷигарханян 3 октябри соли 1935 дар Ереван таваллуд шуда, се маротиба оиладор шуда буд.

Ӯ  фаъолияти ҳунарии худро дар театр  пас аз хатми  Донишгоҳи санъат ва театри Ереван оғоз кардааст.

Давоми даҳ соли кор дар Театри драмавии русии Ереван ба номи. K.С. Станиславский Ҷигарханян зиёда аз 30 нақш бозидааст.

Соли 1967 бо даъвати коргардон Анатолий Ефрос ба Театри Москва ба номи Комсомоли ленинӣ омад.

Аз соли 1969 то 1996 - яке аз рассомони барҷастаи Театри академии Москва ба номи В. Маяковский буд.

Ҳунарманд  соли 1996 дар заминаи гурӯҳи хатмкардагони ВГИК, гурӯҳи театри драмавии Маскавро таҳти роҳбарии Армен Ҷигарханян таъсис дод, ки аслан "Театр" Д" ном дошт.

Армен Ҷигарханян фаъолияти ҳунарияшро дар синамо бо филми "Харобшавӣ" -и Григорий Саркисов оғоз кардааст.

Ӯ дар умум беш аз 250 нақшро дар филмҳо  бозидааст.

Инчунин, бисёр дӯстдорони кино Армен Ҷигарханянро аз филмҳои тасвирӣ мешиносанд, ки ба қаҳрамонҳ овоз додааст.

243
Барчаспҳо:
фавт, кино, театр, ҳунарманд, Русия
свидетельства о рождении

Дар Тоҷикистон муҳлати ивази ному насаб кӯтоҳ шуд: "ов"-у "ев" аз байн меравад?  

238
(Таҷдидшуда 16:47 02.12.2020)
Лоиҳаи  қонун  “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони кишвар пурра ҷонибдорӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони кишвар, дар Тоҷикистон минбаъд  ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва ё  номи падар дар муддати на дертар аз як моҳ аз рӯзи додани ариза баррасӣ карда мешавад.

“Ҳамзамон дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок муҳлати баррасӣ намудани ариза понздаҳ рӯз дароз карда мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки ивази ному насаб дар Тоҷикистон қаблан аз се то шаш моҳро дар бар мегирифт.

Зимни баргузории ҷаласа, Вазири адлия Музаффар Ашуриён ва вакили мардумӣ Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид намуданд, ки лоиҳаи  мазкур бо мақсади кам намудани муҳлати баррасии ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Вазири адлияи Тоҷикистон зимни шарҳи лоиҳа гуфтааст, тағйироти пешниҳодшуда ба суръатбахшии бақайдгирии расмии тағйири номҳои шаҳрвандони кишвар равона шудааст.

Дар Тоҷикистон номгузориро бо пасвандҳои русӣ манъ карданд

Тибқи иттилои Ашуриён, ивази ному насаб соли 2015 тақрибан 26 ҳазор, 2016 - 29 ҳазор, соли 2017 - 26 ҳазор, соли 2018 - 38 ҳазор, соли 2019 бошад 40,5 ҳазор ва давоми соли ҷорӣ 18 ҳазор шаҳрвандон ному насаби худро иваз кардаанд.

Ёдовар мешавем, баҳори соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро қабул намуд,  ки бар асоси он истифодаи пасвандҳои русӣ пурра манъ гардиданд. 

Мақсади асосии лоиҳаи Қонуни мазкур дар амал ҷорӣ  намудани номгузории фарзандон дар доираи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ унвон шуда буд.

Ба иттилои манбаъ,  минбаъд пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар насаб истифода намудани пасвандҳои – ов, - ова, - ев , - ева ва дар номи падар истифодаи пасвандҳои - овна, - евна, - ович, - евич пурра манъ карда мешавад.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи қонун гуфт, ки ин нисбати он шахсоне, ки аллакай шаҳодатномаи таваллуд бо зикри “вич”, “ов”, “ев”, “ева”, “овна”-ро дар насаб ва номи падарашон гирифтаанд, татбиқ намегардад ва  бо худи ҳамон номҳо метавонанд шиноснома гиранд.

Номбурда гуфт, минбаъд дар насаби кӯдакони навзод ҳангоми додани шаҳодатнома ов, ова, ев, ева сабт карда намешаванд ва ба ҷойи он пасвандҳои "пур", "духт", пасвандҳои "ӣ", "зод", "зода", "он", "ён", "иён", "ёр", "ниёр", "фар" истифода шаванд.

Тағйири насаб дар байни сокинони Тоҷикистон сар аз соли 2007 замоне оғоз шуд, ки президенти кишвар нахустин шуда насаби худро тағйир дод. Дар пайи ин иқдом ивази ному насаб дар мансабдорон сар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш бо кормандони илм ва фарҳангиёни кишвар боҳо ин масъаларо зикр карда гуфт, тоҷикӣ кардани ном ин  ҳам ҳисси миллӣ ҳисси вантандустиву ватанпарастии мардум ва аҳли зиёро нишон медиҳад вагарна ин беҳурматӣ нисбат ба миллату тамаддуни мардуми тоҷик аст.

Ӯ дар суҳбати ахираш оид ба ин мавзӯъ аз олимон эрод гирифта гуфта буд: “Олимон хафа нашавед, ман таҳлил кардам, 90 фисади олимони мо номи тоҷикӣ надоранд. Ҳоло он ки роҳбари давлат кард ин корро кард. Қонун як аст. Чаро аз тоҷикияти худ мо метарсем” ,- гуфт раисиҷумҳури кишвар.

Президент худро мисол оварда гуфт, роҳбари давлат номашро иваз кард, магар ягон чиз шудаст!

238
Сценарист и кинорежиссер Искандар Усмонов

Искандар Усмонов дар Теҳрон ҷоиза гирифт

154
(Таҷдидшуда 19:45 28.11.2020)
Коргардон ва драматурги тоҷик Искандар Усмонов дар як Ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар шаҳри Теҳрон соҳиби ҷоиза гардид

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Теҳрон маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои "Муқовимат" баргузор гардид, хабар медиҳад рӯзномаи Вечёрка.

Маросими мазкур санаи 23 ноябр баргузор гардид ва як намояндаи Тоҷикистон низ сазовори ҷоиза гашт.

Манбаъ меафзояд, муаллифи сенарияи филми "Дар марз", коргардон ва драматурги тоҷик Искандар Усмонов бо ҷоизаи "Сенарияи беҳтарини филми ҳунарии кутоҳмуддат" мукофотонида шуд.

Филм дар ҳамкорӣ бо коргардони қирғиз Тинчтик Абилқосимов дар "Киргизфилм" ба навор гирифта шудааст.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Қаҳрамонони филми "Дар марз" бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ ҳарф мезананд. Филм дар асоси саргузашти сокини солхӯрдаи як деҳаи Тоҷикистон, ки барои дидорбинии хешовандонаш ба деҳаи Қирғизистон меравад, таҳия шудааст.

Тавре коргардони тоҷик гуфт, филм 10 рӯз дар минтақаи Ботканди Қирғизистон ба навор гирифта шудааст.

Соли гузашта филми "Дар марз" дар озмуни байналмилалӣ дар VII Форуми филми ҷавони кишварҳои ИДМ "Умут" дар бахши "Мубрамияти ғоя" пирӯз шуда буд.

154
Дорога с машинами в Душанбе

Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад

0
(Таҷдидшуда 16:51 02.12.2020)
Ҳамчунин имрӯз дар Душанбе тарҳи қонунҳо оид ба ислоҳи қонунҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад.

"Аз 31 декабри соли равон мутобиқи сархати сеюми моддаи 252-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" ин матлаб зимни баргузории  ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир шуд, баён гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур дар баробари дигар лоиҳаҳои қонунҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасии вакилон қарор гирифтааст.

Дар ҷаласа муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Ашуров  зикр намудаанд, ки лоиҳаи Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Иқтисоди пинҳонию боҷу аксизҳо: вазир гуфт, аз куҷо дар соли 2021 даромадро зиёд мекунанд?

Манбаъ афзуда, ки ин тарҳ бо мақсади тамдид намудани муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард таҳия гардидааст.

Дар ҷаласа вакилон ҳамчунин тарҳи қонунҳо "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ",  "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" ва "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" - ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

0
Барчаспҳо:
роҳи мошингард, бекор кардан, андоз, Тоҷикистон