Книга, архивное фото

Карим Ҳайдар ба гирифтани ҷоизаи "Шоири сол" пешбарӣ шуд

125
(Таҷдидшуда 16:54 11.12.2020)
Карим Ҳайдар, шоири тоҷик, ки бо забони русӣ эҷод мекунад, ба гирифтани ҷоизаи адабии “Поэ года” - “Шоири сол” барои соли 2020 пешбарӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Наталя Иванова, аз масъулини ҷоизаи “Шоири сол”-и Иттифоқи нависандагони Русия, бо ирсоли як мактуб Карим Ҳайдарро аз пешбарии номзадияш барои гирифтани ин ҷоизаи адабӣ огоҳ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷоизаи “Шоири сол” аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Русия таъсис дода шуда, бо дастгирии Ожонси федералии нашру иртиботи оммавӣ тақдим мегардад.

Шоири тоҷик Абдуқаҳҳор Қосим ба гирифтани ҷоизаи "Рус моя" пешбарӣ шуд

Ин пешбарӣ дар ҳолест, ки ахиран Иттифоқи нависандагони Русия Карим Ҳайдарро бо ҷоизаи "Наследие” ва медали Иттифоқи нависандагони Русия "Сергей Есенин" қадрдонӣ кард.

Бар асоси ҳолномаи расмӣ, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нашр кардааст, Карим Ҳайдар 6 январи соли 1961 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 1983 факултаи филология руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуровро хатм карда, аз ҳамон солҳо ба шеърнависӣ пардохтааст.

Аз соли 2006 мудири шуъбаи русии Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон ва муаллифу барандаи “Панорама”, муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Овози ниёкон”, “Нафаси ишқ”, “Шаҳри афсона”, “Овози виҷдони халқ”, “Ишқи оташпараст”, китобҳои публитсистии “Дар тамоми ҳаёт” ва “Комиссари ҳарбӣ” мебошад. Чанде аз мақолаву ашъори ӯ дар матбуоти кишварҳои муштаракулманофеъ интишор ёфтаанд.

Суруди миллии Тоҷикистон ва як қатор асарҳои назмиву насрии адибони тоҷикро ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Дар ҳолномаи Карим Ҳайдар омадааст, ки ӯ муаллифи як идда филмҳову барномаҳои телевизионӣ, монанди “Штирлеси тоҷик”, “Дар тамоми умр”, “Маликушшуаро”, “Туро дӯст медорам, забони модариам!”, “Данғара – боғи ҳамешасабз”, “Илҳом”, “Симои нотакрор”, “Даъват ба ҳамкорӣ” ва ғайра мебошад. Таъкид шудааст, ки аз соли 2006 узви Итифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

125
Барчаспҳо:
ҷоиза, шоирон, Тоҷикистон
В Душанбе состоялась фотовыставка Анисы Сабири Знаки Согдианы

Нахустин филми тоҷикию бритониёӣ аз рӯи филмномаи Аниса Собирӣ наворбардорӣ мешавад

292
(Таҷдидшуда 18:07 20.01.2021)
Филмномаи навиштаи Аниса Собирӣ дар озмуни мактаби синамои Лондон баранда шуда, аз рӯи он филм сабт хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Филмнома ё худ сенарияи Аниса Собирӣ дар London Film School беҳтарин эътироф шуд, хабар дод котиботи ин муассисаи таълимӣ.

Филмномаи "Таноб" – "Tightrope" аз миёни 6 сенарияи дигар пирӯз дониста шудааст.

Ин сенария аз саргузашти сарбозе қисса мекунад, ки аз асорат дар Афғонистон ба ватанаш, шаҳри Дардобод бармегардад. Собиқ низомӣ зодгоҳашро комилан дигаргуна ёфт, маъюберо мебинад, ки замоне ситораи балет буд, ҳамсарашро низ пайдо мекунад, ки аз ӯ рӯй мегардонад.

Ҳаводиси филмнома дар пасманзари таҳаввулоте рух медиҳанд, ки шаҳр дар ҳоли табдилёбӣ ба пойтахти як давлати нав мебошад.

“Ростӣ, интизор надоштам, чун ҳамкурсонам хеле бомаҳоратанд. Мо бо як суръат пеш мерафтем, фаъолона сари лоиҳаҳо кор мекардем ва ман то ҷое худро каме нороҳат эҳсос мекунам, ки пирӯз шудам, гарчанде хеле хурсанд ҳам ҳастам”, - изҳор дошт Аниса дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Филмномаи Аниса, аллакай мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Созишнома низ бо продюсери шинохтаи бритониёӣ Люк Шиллер баста шудааст, ки бо Тилдо Суинтон ва Тосин Коул кор кардааст.

"Созишномаро ҳанӯз дар замони таҳсилам дар мактаби синамо бастем, замоне, ки ба Люк филмномаи маро тавсия доданд ва ӯ дар охири соли таҳсил роҳнамои ман шуд. Дар натиҷаи баъзе мулоқотҳо мо созишномаро бастем", - илова намуд Аниса Собирӣ.

Интизор меравад, ки нахустин филми муштараки тоҷику бритониёӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба навор гирифта шавад.

292
Барчаспҳо:
филм, Тоҷикистон
Намозгузорон дар масҷиди Душанбе, акс з бойгонӣ

Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо

717
(Таҷдидшуда 14:44 20.01.2021)
Кумитаи дини Тоҷикистон хабарҳо вобаста ба иҷозаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳоро шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ дар мавриди иҷозати фаъолияти масҷидҳо ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст, хабар дод Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъ ва ба эътибор гирифтани таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, инчунин дархости зиёди ҳамватанон, Кумитаи дин барои фаъоолияти масоҷид ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод ироа намудааст. Афшин Муқим таъкид кардааст, ки феълан интизори тасмими Ситоданд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмии пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи қариб 10 рӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Ахиран хабар дода шуд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Шӯрои уламои Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми омодагиҳоро барои боз кардани масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъро рӯи даст гиранд.

“Агар як вазъи дигари хос пеш наояд, омодагиҳо барои боз кардани масҷидҳо аз 1 феврали соли равон бояд гирифта шаванд”, - гуфт манбаъ.

Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.

Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.

Азбаски ин тасмим қабл аз моҳи шарифи Рамазон гирифта шуд, баргузории намози таровеҳ ва ҳатто намозу идгардаки моҳи Рамазон низ манъ шуд.

Дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳудуди 10 рӯзи охир эълон медорад, ки ягон мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” дар кишвар расман сабт нашуда, ягон нафар ҳам дар шифохонаҳои ин кишвар бо ин ташхис бистарӣ нест ва ин вазъ роҳро барои боз кардани дари масҷидҳо боз кардааст.

717
Барчаспҳо:
масҷид, кумитаи дин, Тоҷикистон
Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде

Гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд: буд ё набуд? вокуниши вазорати корҳои дохилӣ

0
(Таҷдидшуда 17:57 22.01.2021)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Хуҷандро рад кард

ДУШАНБЕ, 22 янв – Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин як машқҳои таълимӣ-дастурӣ буданд, ки ҳамасола дар ҷузу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо баргузор мешаванд, аммо “афроди фурсатталаб” онро ба аҳдофи “муғризона” дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб додаанд.

“Ин машқҳои таълимӣ 21-уми январ дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳҳои зудамали дастгоҳи марказии Раёсат, қисми ҳарбии 3501 Раёсати корҳои дохилии ВКД, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, масъулини шӯъбаи тиббии Раёсат ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД бо муваффақият баргузор шуданд", - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Новобаста аз бозтоби муғризонаи онҳо аз сӯи душманони амнияту субот дар Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд, чун онҳо дар нақшаи кории вазорат ҳастанд, афзуд вай.

0