Союз писателей РТ опубликовал книгу о Рахмоне

Умумигӯиву забонзада: интиқоди Низом Қосим аз шеърҳо дар васфи Раҳмон, ваҳдат ва истиқлол

1197
(Таҷдидшуда 13:56 23.12.2020)
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, аксари ашъори сиёсию иҷтимоии шоирони тоҷик аз ҳадди шиор берун нарафт

ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Низом Қосим, ки дар анҷумани 15-и Иттифоқи нависандагон кори 5-солаи ин ниҳодро натиҷагирӣ мекард, гуфт, ҷойи таассуф аст, ки ашъори зиёди иҷтимоию сиёсие, ки дар ин давра ба миён омаданд, аз ҳадди шиор фаротар нарафтанд .

“Махсусан дар асари шеърҳое, ки ба пешвои миллат, ваҳдат, истиқлолият, “Роғун” бахшида шудаанд умумигӯиву урёнбаёнӣ ва такрори маъниҳои маъмулию забонзад зиёд ба назар мерасанд”,-таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин гуна шеърҳо маъниҳо тоза тасвирҳои хотирнишин ва нақши сувари хаёлро, ки таъминкуннадаи асосии бадеияти шеъранд, камтар мебинем.

“Дар онҳо ғолибан матлабҳои мақолаву гузоришҳои рӯзмарра ба қолаби назм дароварда мешаванд, ки арзиши бадеӣ надоранд”,-афзуд раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Ӯ ҳамзамон зимни ҳисобот аз эҷоду навиштаҳои адибон таъкид карда, ки баъзе нависандагони мо  соле як ё ду қиссаи нав эҷод кардаанд, аммо аксари ин асарҳо аз ҷиҳати забону баён ва мавзӯъ ноқисиҳои зиёд доранд

Баъзе муаллифон маҳз ба хотири қисса навиштан ноҷо суханро кашол дода, сужаҳои аз воқеият дуру боварнокарданӣ меофаранд.

Ҳақиқат ин аст, ки аксаран агар аз пайи жанри бузургтар намерафтанду сухани дилашонро мунтахаб мекарданд, ба ҷойи қиссаи суст ба хонанда ҳикояи хубе пешниҳод мешуд.

Анҷумани понздаҳуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ширкати беш аз 202 нафар узв ва дигар меҳмонон ҷараён дорад.

1197
В Душанбе состоялась фотовыставка Анисы Сабири Знаки Согдианы

Нахустин филми тоҷикию бритониёӣ аз рӯи филмномаи Аниса Собирӣ наворбардорӣ мешавад

257
(Таҷдидшуда 18:07 20.01.2021)
Филмномаи навиштаи Аниса Собирӣ дар озмуни мактаби синамои Лондон баранда шуда, аз рӯи он филм сабт хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Филмнома ё худ сенарияи Аниса Собирӣ дар London Film School беҳтарин эътироф шуд, хабар дод котиботи ин муассисаи таълимӣ.

Филмномаи "Таноб" – "Tightrope" аз миёни 6 сенарияи дигар пирӯз дониста шудааст.

Ин сенария аз саргузашти сарбозе қисса мекунад, ки аз асорат дар Афғонистон ба ватанаш, шаҳри Дардобод бармегардад. Собиқ низомӣ зодгоҳашро комилан дигаргуна ёфт, маъюберо мебинад, ки замоне ситораи балет буд, ҳамсарашро низ пайдо мекунад, ки аз ӯ рӯй мегардонад.

Ҳаводиси филмнома дар пасманзари таҳаввулоте рух медиҳанд, ки шаҳр дар ҳоли табдилёбӣ ба пойтахти як давлати нав мебошад.

“Ростӣ, интизор надоштам, чун ҳамкурсонам хеле бомаҳоратанд. Мо бо як суръат пеш мерафтем, фаъолона сари лоиҳаҳо кор мекардем ва ман то ҷое худро каме нороҳат эҳсос мекунам, ки пирӯз шудам, гарчанде хеле хурсанд ҳам ҳастам”, - изҳор дошт Аниса дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Филмномаи Аниса, аллакай мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Созишнома низ бо продюсери шинохтаи бритониёӣ Люк Шиллер баста шудааст, ки бо Тилдо Суинтон ва Тосин Коул кор кардааст.

"Созишномаро ҳанӯз дар замони таҳсилам дар мактаби синамо бастем, замоне, ки ба Люк филмномаи маро тавсия доданд ва ӯ дар охири соли таҳсил роҳнамои ман шуд. Дар натиҷаи баъзе мулоқотҳо мо созишномаро бастем", - илова намуд Аниса Собирӣ.

Интизор меравад, ки нахустин филми муштараки тоҷику бритониёӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба навор гирифта шавад.

257
Барчаспҳо:
филм, Тоҷикистон
Намозгузорон дар масҷиди Душанбе, акс з бойгонӣ

Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо

688
(Таҷдидшуда 14:44 20.01.2021)
Кумитаи дини Тоҷикистон хабарҳо вобаста ба иҷозаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳоро шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ дар мавриди иҷозати фаъолияти масҷидҳо ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст, хабар дод Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъ ва ба эътибор гирифтани таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, инчунин дархости зиёди ҳамватанон, Кумитаи дин барои фаъоолияти масоҷид ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод ироа намудааст. Афшин Муқим таъкид кардааст, ки феълан интизори тасмими Ситоданд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмии пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи қариб 10 рӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Ахиран хабар дода шуд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Шӯрои уламои Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми омодагиҳоро барои боз кардани масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъро рӯи даст гиранд.

“Агар як вазъи дигари хос пеш наояд, омодагиҳо барои боз кардани масҷидҳо аз 1 феврали соли равон бояд гирифта шаванд”, - гуфт манбаъ.

Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.

Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.

Азбаски ин тасмим қабл аз моҳи шарифи Рамазон гирифта шуд, баргузории намози таровеҳ ва ҳатто намозу идгардаки моҳи Рамазон низ манъ шуд.

Дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳудуди 10 рӯзи охир эълон медорад, ки ягон мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” дар кишвар расман сабт нашуда, ягон нафар ҳам дар шифохонаҳои ин кишвар бо ин ташхис бистарӣ нест ва ин вазъ роҳро барои боз кардани дари масҷидҳо боз кардааст.

688
Барчаспҳо:
масҷид, кумитаи дин, Тоҷикистон
Гости и участники форума предпринимателей

Дар Тоҷикистон бештар аз 20 ҳазор соҳибкор муфлис шуданд

0
Соли гузашта дар пайи пандемия бештар аз 23 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон фаъолияташонро боздоштанд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар соли 2020 даҳҳо ҳазор соҳибкор муфлис шуданд, хабар медтиҳад "Авеста" дар истинод ба Агентии омори кишвар.

Бино бар омор, аз моҳи январ то ноябри соли 2020 бештар аз 23,8 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ фаъолрияташаонро боздоштанд.

Аз ин ҳисоб 850 ҳолати шахсони ҳуқуқӣ ва боқимонда 23 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ буданд.

Муассиса таъкид мекунад, ки аз авоили моҳи январи соли 2021 дар Тоҷикистон 641 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз онҳо бештар аз 529 ҳазорашон соҳибкорони инфиродӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, дар авали сол шумораи субъектҳои хоҷагидории фаъолияткунанда ба 339 ҳазор баробар будааст.

Самбӯсаҳои "ғайриқонунӣ": милисаҳои Душанбе соҳибкори барқдуздро ошкор карданд

Ёдрас мешавем, ки дар охирҳои соли гузашта дар Тоҷикистон шумораҳои ташкилоти молиявии хурд кам шуд. Бештари онҳо фаъолияташонро барҳам доданд.

Феълан дар ҷумҳурӣ 19 банк, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 ташкилоти қарзии хурд, 27 бунёди қарзии хурд фаъолият мекунанд.

0