ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Бозии мунтахаби дастаҳо имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашта, бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон чор голи чониби Эронро Алиакбар Ранҷбар, Бежан Нишонбойзода, Муҳаммадризо Кушки ва Ядегар Рустами ба ҳадаф расониданд
Ягона голи ҷониби Тоҷикистонро Амир Иброҳимзода ба ҳадаф расонидааст.
Бозии ҷавобии дастаҳо санаи 26 декабр доир мегардад.
Рақобатҳои тимҳои ҷавонони кишварҳо бошад рӯзҳои 24 ва 27-ум доир мегардад.
Гуфта мешавад, бозии яккачинҳо барои омодагӣ ба рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, ки ҳукми интихобии Ҷоми ҷаҳониро дорад, сурат мегирад.Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Эрон аз ин қабил буд:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз “Локомотив-Помир”), Суҳробхуҷа Юсупов (“Хуҷанд”);
Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рузимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама аз “Локомотив-Помир”);
Таҳрири Оиннома: аз дастури Рустами Эмомалӣ то шомилшавии Саидзодаю дигарон ба раёсати ФФТ
Нимҳимоятгарон: Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Бежан Нишонбойзода, Меҳрубон Каримов (ҳама аз "Локомотив-Помир"), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод (“Равшан”), Азизбек Далиев (“Регар-ТадАЗ”), Абдулло Шарипов (МҶМОВ);
Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Суннатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода (зама аз “Локомотив-Помир”).
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҳадафи таъсиси ин нашрия фароҳам овардани минбар барои истеъдодҳои наврас, муаррифию тарғиби дастовардҳо ва эҷодиёти онҳо мебошад, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи ҳукумати Хатлон.
Ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиа ва илмомӯзӣ, инкишофи ҷаҳони маънавӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ тарбия намудани онҳо аз ҳадафҳои дигари таъсиси нашрия унвон шудааст.
Ҷарима барои ниқобу дурӯғ: чӣ, кай ва дар куҷо? - муфассал
“Шумораи якуми нашрияи "Ғунчаҳои Хатлон", ки аз 16 саҳифаи формати А4 иборат аст, кӯдакону наврасони лаёқатманди вилояти Хатлонро ба хонандагон муаррифӣ намуда, дар бораи дастовардҳои онҳо дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ маълумот медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.
Инчунин, дар ин шумора афсонаю чистонҳо, тезгӯяку латифаҳои бачагона, муаммою бозиҳои донишафзо, тестҳо, карикатураю калимаёбак, дарси забони англисӣ тавассути бозиҳо, кроссворду судоку ва дигар маводи ҷолиби диққати хонандагон ба чоп расидаанд.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тавре Фатҳиддини Замон, муҷрии телевизиони "Тоҷикистон" ва муаллифи барномаи нави "Тоҷикони дунё" ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ин барнома, ки ҳадафаш муаррифии тоҷикистониёни дунёст, аллакай дар се кишвари дунё ба навор гирифта шуд ва ба назикӣ рӯи экран хоҳад омад.
Ба қавли муаллифи барнома, он дар кишварҳое, ба навор гирифта мешавад, ки дар онҳо ҷамъияти тоҷикон, донишҷӯён, шаҳрвандони муқим, диаспораҳои тоҷикон ва омӯзгорону олимону соҳибкорон ба сар баранд.
Дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ифтитоҳ мешавад
"Тоҷикони дунё" ба ҳайси "Андешаи Миллӣ" барои ҳар як тоҷик новобаста дар кадом нуқтаи ҷаҳон буданаш, бояд хидмат кунад. Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки фарзандони миллати пароканда, Тоҷикистонро ҳамчун хонаи умед эътироф, муаррифӣ ва муҳофизат намуда, онро дар газанди ояндаи олам ва ҷангҳои иттилоотиву ҷангҳои геополитикии пинҳонмондаи минтақа муҳофизат намоянд", - мегӯяд муаллифи барнома.
То ҳол 3 қисм аз ин барнома дар хориҷи кишвар ба хусус Малайзия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қатар сабт гардид, ки тоҷикони муқими ин кишварҳо иштирок намуданд.
"Дар ояндаи наздик бо боз шудани марзҳо аз таҳдиди COVID 19 нақша дорем оид ба тоҷикони Руссияву Амрико ва Аврупову Африқо барнома таҳия созем", - меафзояд Фатҳиддини Замон.
Ин лоиҳа бо чунин шаклу услуб бори нахуст дар телевизиони "Тоҷикистон" аст. Дар назар ҳаст баъзе аз барномаҳои "Тоҷикони Дунё" дар дохил ва хориҷи кишвар ба тариқи онлайн сурат гирад.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.
“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.
Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.
“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.