Народная поэтесса Таджикистана Гулрухсор Сафиева

Гилаи Гулрухсор ва посухи Раҳмонзода: чаро Бозор Собирро бо “усули мисрӣ” дафн карданд?

6413
(Таҷдидшуда 20:59 23.12.2020)
Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистон, қабл аз марги худ васият кардааст, ки ӯро ба “усули мисрӣ” дафн кунанд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ин яке аз нуктаҳои суханронии Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар анҷумани Иттифоқи нависандагон буд, ки дар посух ба Гулрухсор, дигар Шоири халқии Тоҷикистон баён дошт. Хонум Гулрухсор дар ин анҷуман аз он гила кард, ки эҳтироми Мӯъмин Қаноат ва Бозор Собир, бузургони адабиёти тоҷик, ҳангоми гӯру чӯбашон ба ҷо оварда нашудааст.

“Устод Мӯъмин Қаноатро бо мошини боркашӣ ба қабристон бурдем. Барои Бозор чаро панҷ виза гирифтем? Барои он ки даруни мошин бимонему бубарем? Ман мехоҳам гӯям, ки мо ба онҳое ҳукм накунем, ки ба ҳукм ниёз надоранд”, - гуфт Гулрухсор.

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар посух ба ин суханон гуфт, замоне, ки Бозор Собир дар Амрико фавтид, Президент шахсан ба сафири Тоҷикистон дар Амрико ва ҳам вазири корҳои хориҷии кишвар дастур дод, ки ҳама тадбирро барои овардани ҷанозаи ӯ ба ватан андешанд.

“Шодравон Бозор Собир ба фарзандонашон васият карда будаанд, ки он касро бо усули мисрӣ дафн кунанд. Вақте ин нуктаро ба раҳбари давлат расондем, гуфтанд, ҳар чӣ васият кардааст, иҷро кунед. Нимпайкараи зебое, ки сари қабри устод Муъмин Қаноат гузошта шуд, ибтикори шахсии раҳбари давлат буд”, - гуфт ёрдамчии Президенти Тоҷикистон.

Набояд ҳамаро бо чашми бад дид. Мо ҳама хуб медонем, ки ҷаноби Президент муҳаббати хоса ба хонум Гулрухсор доранд ва он касро ҳамчун шоираи халқӣ эҳтиром мекунанд. Набояд гила кунем. Гулрухсор аз мадди назари на Президент, на давлат ва на ҳукумат дур нест ва намемонад, афзуд вай.

Ёди бузургон: “Бозор Собир Мӯъмин Қаноатро ҳайкали хомӯшӣ мегуфт”

Бозор Собир 14 май ва Муъмин Қаноат 18 майи соли 2018 дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе, ҷое, ки дигар бузургони сиёсат ва илму адаби тоҷик, назири Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Раҳим Масов, Гулназар ва дигарон ба хок супурда шудаанд, хонаи охирати худро пайдо карданд.

Аммо ҳоло баргардем ба қиссаи Бозор Собир ва ин ки чаро, ба қавли шоҳидон, танҳо ӯ бо “усули мисрӣ” дафн шуд?

Ду усли дафн дар Тоҷикистон

Саидмукаррам Абдуқодирзода, муфтӣ ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки шахсан ҷанозаи Бозор Собирро хондааст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар кишвар ду усули шаръии дафн истифода мешавад, ки якеро “лаҳадӣ” ва дигареро “шомӣ” (кӯфӣ, мисрӣ) гӯянд.

“Дар ҳарду усул дарозии “лаҳад”, вобаста ба қади одам то 2, бар - 1 ва баландӣ низ 1 метр аст. Дар усули “лаҳадӣ” аввал “долон” ва дар канораш “лаҳад” мекобанд. Тибқи усули “шомӣ”, “лаҳад” дар идомаи “долон” сохта мешавад. Усули “шомӣ” дар заминҳое ба кор бурда мешавад, ки нарм ё регӣ ҳастанд, бахусус дар бештари кишварҳои араб”, - гуфт Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Усули “лаҳадӣ”, баръакс, дар заминҳои сахт истифода мешавад, бахусус кишварҳои минтақаи мо. Аз назари шаръӣ, ҳарду усул дуруст аст. Муҳим “лаҳад” зуд тахриб нашавад, афзуд вай.

Ҳудуди 93% - и Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил мекунанд. Заминҳои региву нарм ҳам дар кӯҳистон ва ҳам водиҳо дучор меоянд, аз ин хотир, сокинони ин гуна манотиқ дар қабристонҳои худ аз усули “шомӣ” – и дафн кор мегиранд.

Расми обову аҷдод

Дар ҳамин ҳол, ба қавли шоҳидон, қабрҳои дигар бузургоне, ки дар қабристони Лучоб ҷойгиранд, умдатан бо усули “лаҳадӣ” ҳафр шудаанд. Суол ҳам ин аст, ки чаро шоири маъруфе, назири Бозор Собир кандани қабри худро ба усули “шомӣ” ё “мисрӣ” васият кард?

Муъмин Қаноат дар оромгоҳи Лучоб дар паҳлуи Бозор Собир дафн шуд

Масъуд Собиров, бародарзодаи Бозор Собир, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ин ки шоири марҳум чунин васият кардааст, хабар надорад, аммо ин усули дафн як шеваи хонаводагӣ аст.

“Умуман, дар деҳаи мо – Сӯфиён (-и ноҳияи Файзобод), он қадар, ки хабар дорам, ҳадди ақал падару бобо ва наздикони мо бо ин усул дафн шудаанду мешаванд. Тасмим гирифтем, ки устодро низ ҳамин гуна ба хок супорем. Ин як усули дафн аст, ки қабр зуд хароб намешавад”, - гуфт Масъуд Собиров.

Оё Бозор Собир аз ин расми хонаводагии худ хабар, ё фикри дигаре дар сар дошт, ки усули дафни худро ҷиддӣ гирифт ва чунин васияте кард? Ин роз ба ҷуз ӯву Офаридгор ба каси дигаре кушода нест. Шояд чунин васиятеро ҳам накарда ва ин тасмими наздиконаш буд.

Ҳар чӣ ҳасту нест, ин суханони яке аз мухлисонаш посухи муносибе ба ин суолҳо метавонад бошад, ки гуфт, Бозор Собир дар миёни шоирон як чеҳраи ғайриоддиву истисноӣ буд ва дар қабр низ миёни онҳо чунин ҷое ёфт...

6413
В Душанбе состоялась фотовыставка Анисы Сабири Знаки Согдианы

Нахустин филми тоҷикию бритониёӣ аз рӯи филмномаи Аниса Собирӣ наворбардорӣ мешавад

281
(Таҷдидшуда 18:07 20.01.2021)
Филмномаи навиштаи Аниса Собирӣ дар озмуни мактаби синамои Лондон баранда шуда, аз рӯи он филм сабт хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Филмнома ё худ сенарияи Аниса Собирӣ дар London Film School беҳтарин эътироф шуд, хабар дод котиботи ин муассисаи таълимӣ.

Филмномаи "Таноб" – "Tightrope" аз миёни 6 сенарияи дигар пирӯз дониста шудааст.

Ин сенария аз саргузашти сарбозе қисса мекунад, ки аз асорат дар Афғонистон ба ватанаш, шаҳри Дардобод бармегардад. Собиқ низомӣ зодгоҳашро комилан дигаргуна ёфт, маъюберо мебинад, ки замоне ситораи балет буд, ҳамсарашро низ пайдо мекунад, ки аз ӯ рӯй мегардонад.

Ҳаводиси филмнома дар пасманзари таҳаввулоте рух медиҳанд, ки шаҳр дар ҳоли табдилёбӣ ба пойтахти як давлати нав мебошад.

“Ростӣ, интизор надоштам, чун ҳамкурсонам хеле бомаҳоратанд. Мо бо як суръат пеш мерафтем, фаъолона сари лоиҳаҳо кор мекардем ва ман то ҷое худро каме нороҳат эҳсос мекунам, ки пирӯз шудам, гарчанде хеле хурсанд ҳам ҳастам”, - изҳор дошт Аниса дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Филмномаи Аниса, аллакай мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Созишнома низ бо продюсери шинохтаи бритониёӣ Люк Шиллер баста шудааст, ки бо Тилдо Суинтон ва Тосин Коул кор кардааст.

"Созишномаро ҳанӯз дар замони таҳсилам дар мактаби синамо бастем, замоне, ки ба Люк филмномаи маро тавсия доданд ва ӯ дар охири соли таҳсил роҳнамои ман шуд. Дар натиҷаи баъзе мулоқотҳо мо созишномаро бастем", - илова намуд Аниса Собирӣ.

Интизор меравад, ки нахустин филми муштараки тоҷику бритониёӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба навор гирифта шавад.

281
Барчаспҳо:
филм, Тоҷикистон
Намозгузорон дар масҷиди Душанбе, акс з бойгонӣ

Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо

705
(Таҷдидшуда 14:44 20.01.2021)
Кумитаи дини Тоҷикистон хабарҳо вобаста ба иҷозаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳоро шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ дар мавриди иҷозати фаъолияти масҷидҳо ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст, хабар дод Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъ ва ба эътибор гирифтани таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, инчунин дархости зиёди ҳамватанон, Кумитаи дин барои фаъоолияти масоҷид ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод ироа намудааст. Афшин Муқим таъкид кардааст, ки феълан интизори тасмими Ситоданд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмии пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи қариб 10 рӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Ахиран хабар дода шуд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Шӯрои уламои Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми омодагиҳоро барои боз кардани масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъро рӯи даст гиранд.

“Агар як вазъи дигари хос пеш наояд, омодагиҳо барои боз кардани масҷидҳо аз 1 феврали соли равон бояд гирифта шаванд”, - гуфт манбаъ.

Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.

Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.

Азбаски ин тасмим қабл аз моҳи шарифи Рамазон гирифта шуд, баргузории намози таровеҳ ва ҳатто намозу идгардаки моҳи Рамазон низ манъ шуд.

Дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳудуди 10 рӯзи охир эълон медорад, ки ягон мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” дар кишвар расман сабт нашуда, ягон нафар ҳам дар шифохонаҳои ин кишвар бо ин ташхис бистарӣ нест ва ин вазъ роҳро барои боз кардани дари масҷидҳо боз кардааст.

705
Барчаспҳо:
масҷид, кумитаи дин, Тоҷикистон
 Председатель Демократической партии  Саидджафар Усмонзода

Роҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ маълум шуд

0
(Таҷдидшуда 21:07 21.01.2021)
Мақсуд Нуруллоев раиси бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ интихоб шудааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж” интихоби Мақсуд Нуруллоев дар ҳолест, ки моҳи апрели соли гузашта раиси собиқи бахши ҲДТ дар ноҳияи Панҷ Шариф Назаров, бинобар сабаби гирифторӣ бемории ҳамагири коронавирус аз олам даргузашт.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода таъкид доштааст, ки  Мақсуд Нуруллоев аз соли 2013 инҷониб узви ҳизб аст. Вай қайд кардааст, ки ҲДТ дар ноҳияи Панҷ 227 аъзо дорад.

Усмонзода сабаби интихоби шудани Нуруллоевро ба раисии бахши ҳизб дар ин ноҳия ба “фаъолу дилсӯз” будани ӯ рабт дод.

Манбаъ зикр кардааст, ки Мақсуд Нуруллоев соли гузашта дар баробари раиси феълии ноҳияи Панҷ Шоҳиён З. дар интихобот ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-54, тариқи худпешбарӣ, номзад буд, аммо мутаасифона интихоб нагардид.

Нуруллоев Мақсуд Бекмуродович 26-уми июли соли 1977 дар деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, дар оилаи ронанда ба дунё омада, солҳои 1983-1993 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳааш таҳсил кардааст. Ихтисосаш ронанда аст. Ӯ то чанд соли охир раисии кумитаи маҳаллаи деҳаи ба номи Ҳасан Шеровро ба уҳда дошт.

0
Барчаспҳо:
интихоб, Панҷ, раис, Ҳизби демократи Тоҷикистон