Пирӯзии Паричеҳраи тоҷик дар озмуни байналмилалии телевизионӣ-видео

427
(Таҷдидшуда 17:47 31.12.2020)
Паричеҳра Камолова, овозхони ҷавони тоҷик дар озмуни байналмилалии телевизионии “Во весь голос 2020” дар номинаи беҳтарин овозхон ғолиб дониста шуд

Овозхони тоҷик аз миёни даҳ иштирокдори даври ниҳоии озмун ғолиб эълон гардид.

Камолова 17 сол дошта, дар оилаи овозхон Ҳасани Камол дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.

Интихоби иштирокдори ин озмуни байналмилалӣ имсол тариқи озмуни ҷумҳуриявӣ дар шабакаи телевизиони “Баҳористон” сурат гирифта буд.

Имсол наврасон аз кишварҳои ИДМ ва Исроил  дар озмун қувваозмоӣ карданд. Намояндагон аз Русия беҳтарин ансамбл, гуруҳи  JAM аз Қазоқистон беҳтарин гуруҳи эҷодӣ ва беҳтарин овозхон миёни наврасон Ефин Рабинович аз Исроил эълон шуд.

Озмуни "Во весь голос" бори чорум баргузор шуда истодааст. Намояндагони Тоҷикистон қаблан низ мақомҳои аввалро ишғол мекарданд. Аз ҷумла Амал Ҳафизова соли 2017 ва Афзалшо Сафарзода соли 2018 ҷойҳои намоёнро гирифтанд.

Роҳбари “Россотрудничества”,  Евгений Примаков гуфт, ин озмуни байналмилалӣ бо ҳадафи наздиксозии овозхонҳои ҷавон аз кившарҳои ИДМ ва дигар давлатҳо роҳандозӣ шудааст.

"Во весь голос 2020"  — озмуни овозхонӣ мебоошад, ки иштирокдорони он аз 13 то 17 сол доранд. То ҳол дар он намояндагон аз Русия, Тоҷикистон, Гурҷистон, Латвия, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус ва Қазоқистон иштирок доштаанд. Ин чорабинӣ бо мусоидати “Россотрудничества” баргузор мешавад.

427
Барчаспҳо:
ИДМ, Тоҷикистон
Ҷашни Сада, акс аз бойгонӣ

Эълони санаи таҷлили Сада бо оташи калон дар Душанбе

468
(Таҷдидшуда 13:52 27.01.2021)
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳукумати Душанбе санаю шеваи таҷлили ҷашни Сада дар пойтахтро баён доштанд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik.  Тибқи иттилои мақомоти тоҷик, таҷлили Сада рӯзи 31 январ  дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Манбаъ таъкид кард, ки дар маросим намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор гардида, ҳамчунин дар саҳни боғи мазкур рамзи ҷашни Сада- оташи калон афрӯхта мешавад.

“Дар ҷашни мазкур кишоварзони тамоми шаҳру навоҳии  мамлакат олоти кории кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ярмарка-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш  мегузоранд”, - омадааст дар иттилоия, ки “Ховар” нашр кардааст.

Таъкид шудааст, ки дар ҷашни имсола олимони соҳаи кишоварзӣ, тухмипарварони мамлакат ва боғпарварон навъҳои гуногуни зироати донагӣ ва ниҳолу буттаҳоро ба намоиш гузошта, ба деҳқонон  роҳу усули парвариши онро тавсия медиҳанд.

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш изҳор дошт, ки ифтихор дорем, ки Тоҷикистон барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва ин  мояи ифтихори мост.

468
Барчаспҳо:
ниҳол, Душанбе, ҷашн, оташ, Тоҷикистон
Маркази шаҳри Душанбе

С ба ҷои З: парлумон номи як ноҳияи Тоҷикистонро тағйир дод

6174
(Таҷдидшуда 16:20 25.01.2021)
Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати кишвар дар номи яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон як ҳарфро иваз намуд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарор дар бораи иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритусро якдилона қабул кардааст. 

Ба иттилои котиботи палатаи болоии парлумон, қарори мазкур имрӯз дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ қабул шуд. 

Бар асоси Донишномаи озод, ноҳияи Шаҳритус, яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст, ки ҳанӯз 29 августи соли 1930 дар Тоҷикистони шӯравӣ таъсис ёфтаст.

Ноҳияи Шаҳритус бо ҳудуди наздики 2,4 ҳазор километри мураббаъ дар дараи рӯди Кофарниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо Вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, дар шарқ бо ноҳияи Қубодиён, дар ғарб бо ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб бо вулусволии Хулм аз бахшҳои Вилояти Балх дар Афғонистон ҳаммарз аст.

Дар ҳудуди ноҳияи мазкур водии Бешкент ҷойгир аст, ки дарозиаш 70 километр бараш то 5 километр буда, яке аз водиҳои гармтарини ҷумҳурист.

6174
Барчаспҳо:
тағйир, парлумон, Тоҷикистон
Самолет на закате, архивное фото

Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав

0
Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди кишвар дар соли 2020, ки имрӯз тақрибан тамоми рӯз идома ёфт, президенти кишвар ба масоили хадамоти ҳавоӣ низ дахл кардааст

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси  васеи Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини хадамоти ҳавоии кишвар дастур додааст, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд.

“Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром, директорони генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбони Алимардон дастур доданд, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд”,-афзудааст, котиботи президент.

Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта зимни ироаи паёми солона Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ба зудӣ парвозҳоро бо дигар кишварҳо барқарор мекунад.
Дар баробари ин, президент санаи дақиқи бозкушоии марзҳоро нагуфт.

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон аз саргирии парвозҳо бо шарафи пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус даст медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 январ аз пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус эълом кард.

Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард

Дар баробари ин президент қайд кард, ки дар сурати бозкушоии марзҳо, карантини 14 - рӯза низ барқарор мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз тобистони соли гузашта инҷониб бо Русия, ки хатсайри маъмул ба шумор меравад, масъалаи барқарор кардани парвозҳоро баррасӣ дорад. Аммо то кунун чизе дар ин самт рушан нашудааст.

0
Барчаспҳо:
дастур, парвозҳо, Эмомалӣ Раҳмон