Курбонали Абдуллоев

Даргузашти овозхон Қурбоналӣ Абдуллоев: гирифтори коронавирус буд"- видео

4605
(Таҷдидшуда 18:32 11.01.2021)
Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони шинохтаи Тоҷикистон, ки соли гузашта эълон кард, саҳнаро тарк мекунад, имрӯз дунёро падруд гуфтааст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Қурбоналӣ Абдуллоев, чанд моҳ пеш ба бемории ҳамагири "коронавирус" гирифтор шуда буд хабар додааст сомонаи "Оила". Ӯ дар синни 57-солагӣ ҷон дод.

"Сад афсус, ки ин вабо дар охир риштаи умри ин шахсияти наҷиб ва нотакрорро барканд", - навиштааст манбаъ.

Қурбоналӣ Абдуллоев, моҳи майи соли гузашта эълон кард, ки ба фаъолияти овозхонияш хотима мебахшад, аммо овозхон сабаби чунин тасмимашро шарҳ надода буд.

“Қарорам қатъист. Аз ҳама азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додам бисёр узр металабам. Умед дорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳаи мағфират маро мебахшед. Боқӣ Аллоҳ нигоҳбонатон, ОМИН” - навишта буд овозхон.

Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи он сарояндаҳоест, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дошта, бештар бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ машҳур аст.

Беш аз сӣ сари сол дар саҳнаи ҳунари тоҷик овозхонӣ мекард. Ӯ солиёни зиёд дар  ансамбли "Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизион кор карда, соли 2015 аз ин даргоҳ ба нафақа баромад.

Бар асоси Донишномаи озод, Қурбоналӣ Абдуллоев соли 1963 дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, ӯ ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1987 хатм намуда буд. 

4605
Ҷашни Сада, акс аз бойгонӣ

Эълони санаи таҷлили Сада бо оташи калон дар Душанбе

409
(Таҷдидшуда 13:52 27.01.2021)
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳукумати Душанбе санаю шеваи таҷлили ҷашни Сада дар пойтахтро баён доштанд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik.  Тибқи иттилои мақомоти тоҷик, таҷлили Сада рӯзи 31 январ  дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Манбаъ таъкид кард, ки дар маросим намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор гардида, ҳамчунин дар саҳни боғи мазкур рамзи ҷашни Сада- оташи калон афрӯхта мешавад.

“Дар ҷашни мазкур кишоварзони тамоми шаҳру навоҳии  мамлакат олоти кории кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ярмарка-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш  мегузоранд”, - омадааст дар иттилоия, ки “Ховар” нашр кардааст.

Таъкид шудааст, ки дар ҷашни имсола олимони соҳаи кишоварзӣ, тухмипарварони мамлакат ва боғпарварон навъҳои гуногуни зироати донагӣ ва ниҳолу буттаҳоро ба намоиш гузошта, ба деҳқонон  роҳу усули парвариши онро тавсия медиҳанд.

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш изҳор дошт, ки ифтихор дорем, ки Тоҷикистон барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва ин  мояи ифтихори мост.

409
Барчаспҳо:
ниҳол, Душанбе, ҷашн, оташ, Тоҷикистон
Маркази шаҳри Душанбе

С ба ҷои З: парлумон номи як ноҳияи Тоҷикистонро тағйир дод

6131
(Таҷдидшуда 16:20 25.01.2021)
Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати кишвар дар номи яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон як ҳарфро иваз намуд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарор дар бораи иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритусро якдилона қабул кардааст. 

Ба иттилои котиботи палатаи болоии парлумон, қарори мазкур имрӯз дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ қабул шуд. 

Бар асоси Донишномаи озод, ноҳияи Шаҳритус, яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст, ки ҳанӯз 29 августи соли 1930 дар Тоҷикистони шӯравӣ таъсис ёфтаст.

Ноҳияи Шаҳритус бо ҳудуди наздики 2,4 ҳазор километри мураббаъ дар дараи рӯди Кофарниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо Вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, дар шарқ бо ноҳияи Қубодиён, дар ғарб бо ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб бо вулусволии Хулм аз бахшҳои Вилояти Балх дар Афғонистон ҳаммарз аст.

Дар ҳудуди ноҳияи мазкур водии Бешкент ҷойгир аст, ки дарозиаш 70 километр бараш то 5 километр буда, яке аз водиҳои гармтарини ҷумҳурист.

6131
Барчаспҳо:
тағйир, парлумон, Тоҷикистон
Мужчина с автоматом в руке, архивное фото

Ҳимояи худу фарзандон: шарҳи дастгиршуда дар Турсунзода дар бораи нигоҳдории силоҳ - видео

0
(Таҷдидшуда 20:55 27.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини шаҳри Турсунзода барои нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ хабар додааст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik.  Бар асоси гузориши ВУД, маъмурини Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар пайи як амалиёт Маъбурҷон Таҳоров, сокини кӯчаи Айнии шаҳри Турсунзодаро дастгир кардаанд.

Дар пайи кофтукоб дар боми хонаи падари дастгиршуда, дар деҳаи Шукурови шаҳри Турсунзода як автомати Калашников бо 29 дона тир ва норинҷак пайдо карда шуд. Таҳоров дар гузориш изҳор медорад, ки ин аслиҳаро солҳои 1997 ё  1998 ба ивази 300 доллар бо ҳадафи ҳимоя харид.

Ӯ тавзеҳ дод, ки ин силоҳро он замон барои ҳимояи худу фарзандонаш гирифта буд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан алайҳи Таҳоров парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ин ниҳод зикр намуд, афроде, ки ихтиёран ба мақомоти умури дохилӣ силоҳи оташфишон месупоранд аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.

0
Барчаспҳо:
силоҳ, шаҳри Турсунзода, Тоҷикистон