Раскопки городища Тахти-сангин (ХРАМ ОКСА)

Пешниҳоди Тоҷикистон ба ЮНЕСКО дар бораи "Тахти Сангин"-и ноҳияи Қубодиён

234
(Таҷдидшуда 19:20 12.01.2021)
Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод кардааст, ки 2500 - солагии ёдгории Шаҳристони "Тахти Сангин" - и ноҳияи Қубодиёнро ба рӯйхати ҷашнҳо ворид намояд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ба ЮНЕСКО пешниҳод намуданд, ки 2500 - солагии ёдгории Шаҳристони "Тахти Сангин" - и ноҳияи Қубодиёнро ба рӯйхати ҷашнҳо ва бузургдоштҳое, ки созмон солҳои 2022 - 2023  дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мекунад, ворид намояд, иттилоъ додааст рӯзномаи "Ҷумҳурият".

"Ҳуҷҷатҳои лозима, аллакай, ба  ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд. Агар дархости мо пазируфта шавад, соли 2022  - ум 2500 - солагии ин ёдгории нодир дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил хоҳад шуд", - иттилоъ додааст Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ.

Гуфта шудааст, ки маҳз ба ҳамин хотир қарор аст, дар соли 2021 калонтарин экспедитсияи бостоншиносӣ дар мавзеи "Тахти Сангин" роҳандозӣ шавад.

Шаҳристони "Тахти Сангин" ёдгории нодири асрҳои lV то милод – III милодӣ буда, дар баробари Қалъаи Ҳисор, Дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва шаҳри Ҳулбук барои ворид шудан ба Феҳристи ҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.

234
Барчаспҳо:
пешниҳод, рӯйхат, Шаҳристон, Қубодиён, ЮНЕСКО, Тоҷикистон
В Душанбе состоялась фотовыставка Анисы Сабири Знаки Согдианы

Нахустин филми тоҷикию бритониёӣ аз рӯи филмномаи Аниса Собирӣ наворбардорӣ мешавад

259
(Таҷдидшуда 18:07 20.01.2021)
Филмномаи навиштаи Аниса Собирӣ дар озмуни мактаби синамои Лондон баранда шуда, аз рӯи он филм сабт хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Филмнома ё худ сенарияи Аниса Собирӣ дар London Film School беҳтарин эътироф шуд, хабар дод котиботи ин муассисаи таълимӣ.

Филмномаи "Таноб" – "Tightrope" аз миёни 6 сенарияи дигар пирӯз дониста шудааст.

Ин сенария аз саргузашти сарбозе қисса мекунад, ки аз асорат дар Афғонистон ба ватанаш, шаҳри Дардобод бармегардад. Собиқ низомӣ зодгоҳашро комилан дигаргуна ёфт, маъюберо мебинад, ки замоне ситораи балет буд, ҳамсарашро низ пайдо мекунад, ки аз ӯ рӯй мегардонад.

Ҳаводиси филмнома дар пасманзари таҳаввулоте рух медиҳанд, ки шаҳр дар ҳоли табдилёбӣ ба пойтахти як давлати нав мебошад.

“Ростӣ, интизор надоштам, чун ҳамкурсонам хеле бомаҳоратанд. Мо бо як суръат пеш мерафтем, фаъолона сари лоиҳаҳо кор мекардем ва ман то ҷое худро каме нороҳат эҳсос мекунам, ки пирӯз шудам, гарчанде хеле хурсанд ҳам ҳастам”, - изҳор дошт Аниса дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Филмномаи Аниса, аллакай мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Созишнома низ бо продюсери шинохтаи бритониёӣ Люк Шиллер баста шудааст, ки бо Тилдо Суинтон ва Тосин Коул кор кардааст.

"Созишномаро ҳанӯз дар замони таҳсилам дар мактаби синамо бастем, замоне, ки ба Люк филмномаи маро тавсия доданд ва ӯ дар охири соли таҳсил роҳнамои ман шуд. Дар натиҷаи баъзе мулоқотҳо мо созишномаро бастем", - илова намуд Аниса Собирӣ.

Интизор меравад, ки нахустин филми муштараки тоҷику бритониёӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба навор гирифта шавад.

259
Барчаспҳо:
филм, Тоҷикистон
Намозгузорон дар масҷиди Душанбе, акс з бойгонӣ

Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо

691
(Таҷдидшуда 14:44 20.01.2021)
Кумитаи дини Тоҷикистон хабарҳо вобаста ба иҷозаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳоро шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ дар мавриди иҷозати фаъолияти масҷидҳо ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст, хабар дод Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъ ва ба эътибор гирифтани таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, инчунин дархости зиёди ҳамватанон, Кумитаи дин барои фаъоолияти масоҷид ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод ироа намудааст. Афшин Муқим таъкид кардааст, ки феълан интизори тасмими Ситоданд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмии пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи қариб 10 рӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Ахиран хабар дода шуд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Шӯрои уламои Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми омодагиҳоро барои боз кардани масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъро рӯи даст гиранд.

“Агар як вазъи дигари хос пеш наояд, омодагиҳо барои боз кардани масҷидҳо аз 1 феврали соли равон бояд гирифта шаванд”, - гуфт манбаъ.

Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.

Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.

Азбаски ин тасмим қабл аз моҳи шарифи Рамазон гирифта шуд, баргузории намози таровеҳ ва ҳатто намозу идгардаки моҳи Рамазон низ манъ шуд.

Дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳудуди 10 рӯзи охир эълон медорад, ки ягон мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” дар кишвар расман сабт нашуда, ягон нафар ҳам дар шифохонаҳои ин кишвар бо ин ташхис бистарӣ нест ва ин вазъ роҳро барои боз кардани дари масҷидҳо боз кардааст.

691
Барчаспҳо:
масҷид, кумитаи дин, Тоҷикистон

Ҳукумати Қирғизистон боз истеъфо дод

0
(Таҷдидшуда 13:28 21.01.2021)
Тасмими истеъфои кабинаи вазирони Қирғизистон баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон бо роҳбарии Содир Ҷабборов дубора ба истеъфо рафт, иттилоъ додааст ба хабарнигорон роҳбари дастгоҳи президент Суюнбек Касмамбетов.

Ин тасмимро кабинаи вазирони Қирғизистон дар робита ба эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ гирифтааст.

"Ҳамин ки натиҷаҳои интихобот эълом шуданд, Содир Нургожоевич аз мақоми сарвазир истеъфо дод. Ҳукумат истеъфо дод ва аъзои кабинаи вазирон вазифаҳои худро то ташкили ҳайати нави ҳукумат иҷро хоҳанд кард", - таъкид дошт Касмамбетов.

Ёдрас мешавем, ки Ҷабборов дар ҷараёни тазоҳуротҳо, ки пас аз интихоботи парлумонии моҳи октябр сар зада буд, нахуствазир интихоб шуд. Дар интихобот ҳузури райдиҳандагон ба 56,5 дарсад расида буд.

Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон, дар интихобот ду ҳизби ҷонибдори давлат "Биримдик" ("Ваҳдат") ва "Мекеним Қирғизистон" ("Ватани Қирғизистон") раъйи бештарро ба даст оварданд. Инчунин дар интихобот ду ҳизби марказгаро - "Қирғизистон" ва "Бутун Қирғизистон" низ пирӯз шуданд. Қисми боқимондаи фраксияҳо ҳатто то 7 дарсад раъй ба даст наоварданд.

Пас аз эълони натиҷаҳо, дар Бишкек эътирозҳои тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, оғоз ёфт. Баъдтар, КМИ Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи гузаштаро бекор кард ва овоздиҳии нав эълон кард ва Сооронбай Жээнбеков аз вазифаи президентӣ истеъфо дод.

Баъд аз истеъфои Жээнбеков Ҷабборов иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур интихоб шуд.

0
Барчаспҳо:
Кабинаи вазирони Қирғизистон, интихобот, истеъфо, Ҳукумат, Қирғизистон