ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Қарор буд, дар нимаҳои дуюми моҳи январи соли ҷорӣ аввалин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи умра раванд, аммо бо сабаби хуруҷи каронавируси навъи нав ё “бритонӣ” сафар ба таъхир монда шудааст.
Абдулмаҷид Зокиров, масъули ширкати сайёҳии "Расулсохтмон", рӯзи 14 январ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, кишвари Арабистони Саудӣ дар бораи чунин таъхиргузорӣ дар қабули зиёраткунандагон, рӯзи гузашта аз тариқи расонаҳои ахбори умум эълон кардааст.
“Хуруҷи “вируси бритонӣ” масъулини кишвари Арабистони Саудиро андаке ба ташвиш гузоштааст, онҳо аз нав дарҳоро бастаанд. Ҷониби Арабистон тавассути расонаҳои ахбори умум иттилоъ нашр кардаанд, ки аз охирҳои моҳи март ба қабули зиёраткунандагон шурӯъ хоҳанд кард”,-гуфт намояндаи “Расулсохтмон”.
Масъулони Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ баъди таъхири чандвақта, моҳи декабри соли гузашта эълон намуда буданд, ки сар аз моҳи 6 уми солшумории қамарӣ, ки ба нимаҳои дуюми моҳи январи соли 2021 рост меояд, ба қабули шаҳрвандони Тоҷикистон, барои зиёрати шаҳрҳои муқаддаси Ислом - Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара шурӯъ мекунанд.
Абдулмаҷид Зокиров иброз намуд, ки сафарбаршавии сокинон барои Ҳаҷҷи умра аз қабули масъулини Арабистони Саудӣ вобаста аст, бо сабаби вазъи беҳдоштӣ мутафаққиф мешавад.
“Мо танҳо аз беҳтаршавии вазъи саросарии беҳдоштӣ умедвор буда, то он рӯз сабр мекунем. Агар дар ин миён то охирҳои моҳи март, ягон хабари хуш расад, ҳатман мардумро огоҳ мекунем”, - зикр кард Зикров.
Сафарбаршавии сокинони кишвар барои Ҳаҷҷи умра аз суи ширкатҳои сайёҳии "Расулсохтмон" ва "Ормон" роҳандозӣ мешавад. Вазорати Ҳаҷҷи кишвари Арабистон синну соли зиёраткунандаҳоро бо сабаби хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19, маҳдуд намуда эълон намуд, ки танҳо, барои аз 18 то 50 - солаҳо барои сафар ба ин кишвар иҷозат дода мешавад.
Дар пайи хуруҷи бемории ҳамагирии коронавирус ва сабти он дар Арабистони Саудӣ, ин кишвар баҳори соли гузашта сафари зоирин ба шаҳрҳои муқаддаси Исломро манъ намуд ва барои аввалин бор, соли 2020 маросими Ҳаҷ баргузор нагардид. Моҳи ноябри соли 2020 баъди таваққуфи чандмоҳа Арабистони Саудӣ феҳрасти кишварҳоро нашр кард, ки сафари шаҳрвандони онҳо дар ин кишвар рухсат шудааст.
Дар ин руйхат кишварҳои қораи Осиё, мисли Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Туркия, Озарбойҷон ва давлати Белорус шомил буданд.
Сафари шаҳрвандони давлатҳои Эрон, Миср, Қатар, Италия Қирғизистон, Кувейт, Русия, Англия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ба Ҳаҷҷи умра ба таври муваққат манъ гуфта мешуд.
Нимаҳои моҳи декабри соли 2020 табибон дар бораи сирояти навъи ҷадиди коронавирус дар кишварҳои Британия иттилоъ дода гуфтанд, ки вируси мазкур аз COVID-19 наздики 70 дарсад хавфноктар аст ва суръати паҳншавии он низ бамаротиб фарқ мекунад.
Дар гузашта аз Тоҷикистон ҳазорҳо нафар, барои зиёрати маконҳои муқаддаси Ислом ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекарданд.
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти тоҷик, таҷлили Сада рӯзи 31 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Манбаъ таъкид кард, ки дар маросим намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор гардида, ҳамчунин дар саҳни боғи мазкур рамзи ҷашни Сада- оташи калон афрӯхта мешавад.
“Дар ҷашни мазкур кишоварзони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат олоти кории кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ярмарка-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш мегузоранд”, - омадааст дар иттилоия, ки “Ховар” нашр кардааст.
Таъкид шудааст, ки дар ҷашни имсола олимони соҳаи кишоварзӣ, тухмипарварони мамлакат ва боғпарварон навъҳои гуногуни зироати донагӣ ва ниҳолу буттаҳоро ба намоиш гузошта, ба деҳқонон роҳу усули парвариши онро тавсия медиҳанд.
Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш изҳор дошт, ки ифтихор дорем, ки Тоҷикистон барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва ин мояи ифтихори мост.
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарор дар бораи иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритусро якдилона қабул кардааст.
Ба иттилои котиботи палатаи болоии парлумон, қарори мазкур имрӯз дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ қабул шуд.
Бар асоси Донишномаи озод, ноҳияи Шаҳритус, яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст, ки ҳанӯз 29 августи соли 1930 дар Тоҷикистони шӯравӣ таъсис ёфтаст.
Ноҳияи Шаҳритус бо ҳудуди наздики 2,4 ҳазор километри мураббаъ дар дараи рӯди Кофарниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо Вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, дар шарқ бо ноҳияи Қубодиён, дар ғарб бо ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб бо вулусволии Хулм аз бахшҳои Вилояти Балх дар Афғонистон ҳаммарз аст.
Дар ҳудуди ноҳияи мазкур водии Бешкент ҷойгир аст, ки дарозиаш 70 километр бараш то 5 километр буда, яке аз водиҳои гармтарини ҷумҳурист.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Авазхон Кабиров муассиси бозори "Султони Кабир" ба вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковники милиса Раҳимзода Рамазон Ҳармо изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст, хабар медиҳад нашрияи СССР.
Манбаъ аз қавли Кабиров менависад, ки баробари аланга гирифтани оташ, раёсати ВКД ва ҳатто худи вазир ба макони ҳодиса ташриф оварда, кори оташнишононро назорат ва сафарбар мекард.
Муассиси бозори мазкур саҳми оташнишонону кормандони раёсати ВУД - ро махсусан қайд карда, изҳор доштааст, ки "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".
Ёдовар мешавем, рӯзи 25 январ дар бозори "Султони Кабир" сӯхтор сар зад. Омили асосии сӯхтор ба расиши кӯтоҳи ноқилҳо рабт дода шуд.
Боздошти як гурӯҳ дуздони кисабур дар бозори “Султони Кабир”
Зарари расонидашуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор фаъолият мекунанд мекунанд.