Сипоси Захарова барои ташкили Маркази фарҳангии Русия: Талко биноро бепул дод

172
(Таҷдидшуда 15:30 18.01.2021)
Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия, зимни нишасти ҳаррӯзаи матбуотияш аз Маркази фарҳангии Русия дар Тоҷикистон суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Захарова таъкид кард, ки лоиҳа бо ташаббуси ҷамъияти Русия дар Тоҷикистон бо дастгирии сафорат ва мақомоти маҳаллӣ татбиқ шуд. Ахиран нахустин маркази фарҳангӣ-маърифатии Русия дар шаҳри Турсунзода бо номи "Созидание" ифтитоҳ шуда буд.

Ӯ аз ҷумла ба корхонаи “Талко” сипос гуфтааст, ки барои Маркази фарҳангӣ ройгон биноро додааст.

Мария Захарова ба ҳамаи дастандаркорони ин иқдом, аз ҷумла ҷамъияти Русия, сафорат, мақомоти маҳаллӣ, епархияи тоҷикистонии калисои православии Русия, намояндагии "Россотрудничество", Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва дигарон изҳори миннатдорӣ намуд.

Ӯ афзуд, дар маркази мазкур омӯзиши забони русӣ барои довталабон, ки мехоҳанд ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд, роҳандозӣ мегардад. Дар ояндаи наздик кушодани маркази таълимию методии забон ва адабиёти рус, студияҳои мусиқӣ ва рассомӣ, маҳфили математикӣ ба нақша гирифта шудааст.

172
Барчаспҳо:
фарҳанг, марказ, Русия, Тоҷикистон
Тасвири офаридаи Азимов Сарваршоҳ, ки дар Маскав соҳиби ҷойи аввал шуд

Тоҷикона: тасвири либосу хони тоҷикии рассоми наврас ғолиби фестивале дар Маскав шуд

25
(Таҷдидшуда 13:07 02.03.2021)
Дар шаҳри Маскав тариқи фазои маҷозӣ Фестивали байналмилалии истеъдодҳои наврас ҷамъбаст гардид, ки навраси тоҷик соҳиби мақоми аввал шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нуҳумин фестивали байналмиллалии истеъдодҳои наврас таҳти унвони "Волшебная сила голубого потока — МОСГАЗ зажигает звезды" дар шаҳри Маскав ҷамъбаст шуд.

Ин озмун дар фазои маҷозӣ баргузор шуд. Дар озмуни мазкур иштирокчиёни беш 70 манотиқи Русия ва 4 давлат бо шумули Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар фестивали мазкур донишҷӯёни Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов" намояндагӣ карданд.

Сомонаи "МОСГАЗ зажигает звезды" исми ғолибони фестивалро нашр намудааст, ки миёни ғолибон Азимов Сарваршоҳ Ҳамзалиевич низ зикр гардидааст. Сарваршоҳ дар бахши "Сулҳи хонадони ман" тасвири сирф тоҷиконаро кашидааст, ки ба эҳтимоли зиёд фазои зебои тоҷикона доваронро тасхир намудааст.

Рассоми навраси тоҷик суратеро офаридааст, ки дар он зану марди солхӯрда бо либоси шинами тоҷикӣ сари хон нишастаанд. Ин тасвири Сарваршоҳ ба гирифтани мақом аввал даст ёфт.

Ҷамъан 55 нафар иштирокчиёни фестивал ба гирифтани ҷоиза мушарраф шуданд.

25
Барчаспҳо:
ғолиб, тоҷик, рассом, Маскав, фестивал
Режиссер Сохибер Толибов на съемках

"Моҳиҳои бузург" сабт шуду “Қаландар” дар ҳоли таҳия: Соҳибёр дар Русия чӣ кор мекунад?

594
(Таҷдидшуда 14:52 28.02.2021)
Соҳибёри Толиб, рӯзноманигор ва коргардони тоҷик филми ҷадидаш зери унвони “Моҳиҳои бузург” – ро дар вилояти Ленинград ба навор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Филм дар бораи бекорхӯҷаи 35-солаи бе хона ва шуғли муайян қисса мекунад, ки бо дидадароияш боварии хонумҳои сарватмандро ба даст оварда, аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекунад.

Қаҳрамони лаванд бо зане бо номи София, ки 10 сол аз худаш калон аст, робита барқарор мекунад. Далер, писари София, бо хушдори муфтхӯри модараш муноқиша мекунад ва ӯро водор месозад, то биравад.

Ба гуфтаи коргардон, "мушкилоти матраҳшуда ҳамагонӣ буда, дар ҷомеаи Русия низ мубраманд”.

Продюсери филм Беҳзод Исомиддин изҳор медорад, ки дар ҷараёни таҳияи филм ба муаллиф озодии комили эҷодӣ  бидуни маҳдудияти тиҷорӣ дода шуда буд.

Нақшҳои асосиро дар филм Александр Громико ва Антон Логвиненко иҷро намуда, Оксана Полевикова, Олга Афанасева ва Даниил Худоногов низ нақш офаридаанд. Наворбардори филм Павел Смирнов ва рассом – саҳнасоз Ксения Неб мебошанд.

"Моҳиҳои бузург" дуввумин филми ҳунарии Соҳибёри Толиб аст. Ӯ қаблан  дар Тоҷикистон "Талош" – нахустин филми хомӯш дар таърихи кинои тоҷикро ба навор гирифта, дар ҷашнвораи синамои “Дидор” ҷоизаи ба номи Тоҳир Собиров аз Кумитаи радио ва телевизионро ба даст овард.

Филми мазкур инчунин ба барномаи озмунии Мактаби байналмилалии синамогарони ҷавони ИДМ - "Иттиҳод" ё худ "Содружество" дар Батуми қабул карда шуд, ки мебоист аз 18 то 24 майи соли 2020 баргузор мешуд, аммо ба таъхир афтода, ҳанӯз баргузор нагардидааст.

Феълан Соҳибёри Толиб ба таҳияи филми мустанад таҳти унвони кории "Отшельник" - “Қаландар” машғул аст. Филм дар бораи зиндагии муҳоҷири тоҷик қисса мекунад, ки наметавонад ба ватан баргардад ва ранҷ мекашад. Наворбардорӣ тобистон ва зимистон сурат гирифта, намоиши он охири соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Ҳарду филм дар доираи озмоишгоҳи коргардонии "Кинокоммуна" -и назди Маркази ҷавонони Иттифоқи синамогарони  Санкт-Петербург таҳия шудаанд.  Соҳибёр Толиб дар баробари таҳияи филмҳо донишҷӯи бахши сенарияи Донишкадаи синамо ва телевизиони Санкт-Петербург мебошад.

594
Барчаспҳо:
нашр, таҳия, филм, Тоҷикистон
Тюремная вышка, архивное фото

Баъди падар фарзанд: додгоҳ писари муовини раиси ҲСДТ Махмурод Одинаевро зиндон кард

0
(Таҷдидшуда 13:30 02.03.2021)
Додгоҳи шаҳри Ҳисор ҳукми писари муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро содир кардааст

ДУШАНБЕ, 2 мар- Sputnik. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали ҲСДТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, додгоҳ Шайхмуслиҳиддин Ризоевро барои шаш сол равонаи зиндон кард.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси тоҷик, баррасии парванда ва ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев бидуни ширкати хонаводаи ӯ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи Ҳакимов, қаблан баҳонаи оғози нофаҳмиҳо миёни мақомот ва Маҳумрод Одинаев маҳз ҳамин писараш буд, зеро ӯ аз нигоҳи равонию шунавоӣ ва биноӣ мушкил дорад, аммо кормандони комиссариати ҳарбии Ҳисор ӯро бо усули "облава" ба хизмат фиристоданӣ мешаванд.

Номбурда гуфт, ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев низ шояд ангезаи сиёсӣ дошта бошад.

Як манбаъ аз додситонии шаҳри Ҳисор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаҳои 237, қисми 2 ва 32-138, ки авбошӣ ва кӯшиши таҷовуз ба номус мебошад, муҷрим шинохта мешавад.

Маҳмурод Одинаев, ноиби зиндонии раиси ҲСДТ, қаблан дар расонаҳо аз латукӯби писараш, ки таксӣ меронад,  хабар дода, эҳтимолан онро ба фаъолияти сиёсии худ рабт дод.

Изҳороти ВКД дар бораи Маҳмурод Одинаев: "шахси моҷароҷӯ" аст

Аммо ВКД баъдан ба фаъолияти сиёсии Одинаев рабт доштани латукӯби писараш - Шайхмуслиҳиддин Ризоевро рад карда, изҳор дошт, ки ӯ аз ҷониби Имомиддин Амиршоев, муҳофизи тарабхонаи “Шоми Шӯроб” латукӯб шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса тақрибан соати 2-и шаб дар ҳоле рух додааст, ки муҳофизони тарабхона хостаанд, духтар Шаҳноза Саидоваро аз дасти Ризоев халос кунанд.

Шаҳноза Саидова дар гузориш гуфтааст, ки бо мошини Ризоев назди тарабхона омадааст, аммо пулро надода, изҳор доштааст, ки маблағро дугонааш медиҳад, аммо ронанда бовар накардааст ва муноқиша рух додааст.

Худи Ризоев дар шарҳи қазия изҳор дошт, ки духтари мусофирро аз роҳ савор карда, то пеши тарабхонаи “Шоми Шӯроб”-и деҳаи Шӯроби шаҳри Ҳисор бурд, аммо духтар гуфт, ки маблағро дугонааш медиҳад, ки дар тарабхона аст. Ӯ афзуд, ки дар тарабхона дугонаро наёфт ва вақте баромад, Саидова аллакай ба дигар мошин савор шуданӣ буд.

“Ман ӯро аз даруни мошин кашида фаровардам, якто задам, ки бачаҳо тарафи ман давида маро заданд”, - гуфт Шайхмуслиҳиддин Одинаев.

Раёсати тафтишотии ВКД он замон нисбати Амиршоев Эмомиддин ва Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаи 237 қ.2 банди б-и КҶ ҶТ, яъне авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, гуфта буд, ки вобаста ба кирдорҳои бадахлоқонаи Шайхмуслиҳиддин Ризоев корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, 28 январи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ худи Одинаевро барои 14 сол равонаи зиндон кард ва қабл аз ӯ нисбат ба Ҳабибулло Ризоев писари дигараш низ айб эълон шуда 58 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд.

 

0