Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон 2021-ро соли вазнину душвор хонда, ба истеҳсоли бештари маҳсулот даъват кад

249
(Таҷдидшуда 12:56 31.01.2021)
Сардори давлат деҳқонон ва боғбонони тоҷикро ба омодагӣ ба "соли душвор" даъват кард

ДУШАНБЕ, 31 январ - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо иди миллии Сада табрик гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари ҷумҳурӣ.

Раисиҷумҳур дар паёми худ аҳамияти ҷашнро барои мардуми тоҷик таъкид карда, гуфтааст, Сада дарвоқеъ, таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд.

Ба гуфтаи президенти ҷумҳурӣ, Сада иди деҳқонон аст. Вай изҳори итминон кард, ки боғдорони тоҷик ба корҳои баҳорӣ саривақт шурӯъ хоҳанд кард, то дар оянда ҳосили хуб ва пурсамар ба даст оранд.

"Хусусан, имсол, ки тибқи пешгӯии мутахассисону коршиносон ва таҳлилҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ соли вазнину душвор меояд, кишоварзони мо бояд аз соли гузашта низ беҳтар заҳмат кашида, ҳарчи бештар маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол намоянд",-таъкид кардааст, президент.

Сукунат ё тӯфон - ҳавосанҷи иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2021 ба куҷо ишора мекунанд

Раисиҷумҳур гуфт, ки деҳқонону боғдорони мо бояд ин рӯзҳоро самаранок истифода бурда, ба мардум ниҳолҳои беҳтарину серҳосил ва тухмиҳои аълосифатро пешкаш гардонанд ва бо ҳамин роҳ ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, рушди соҳаи кишоварзӣ ва ободии Ватани маҳбубамон, саҳми муносиби худро гузоранд.

Ин вақт, ба гуфтаи президент, барои тоза кардани боғҳои кӯҳна ва парвариши ниҳолҳо барои боғҳои нав хеле хуб аст.

Эмомалӣ Раҳмон аз сокинон даъват ба амал овардааст, ки бо истифода аз ҳар рӯзи мусоиди ин айём ба тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зисти худ машғул бошанд, корҳои ободониро вусъат диҳанд ва ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯз кӯчаву хиёбонҳо ва шаҳру деҳотро ободу зебо гардонанд.

Ёдовар мешавем, ки ин ҷашн имрӯз дар сатҳи баланд дар Душанбе таҷлил карда мешавад. Дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Фирдавсӣ намоишгоҳи тухмиҳо, техникаи кишоварзӣ ва ҳайвоноти зотӣ ташкил карда мешавад.

Як сол кам аст: коршинос чуну чарои лағви андози замин дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Ғайр аз ин, дар ин ҷо метавон хӯрокҳои миллии тоҷикиро чашиду, ниҳолҳои дарахтҳо ва ҳунарҳои дастиро харид.

249
Барчаспҳо:
ҷашни Сада, табрикот, Эмомалӣ Раҳмон
Режиссер Сохибер Толибов на съемках

"Моҳиҳои бузург" сабт шуду “Қаландар” дар ҳоли таҳия: Соҳибёр дар Русия чӣ кор мекунад?

493
(Таҷдидшуда 14:52 28.02.2021)
Соҳибёри Толиб, рӯзноманигор ва коргардони тоҷик филми ҷадидаш зери унвони “Моҳиҳои бузург” – ро дар вилояти Ленинград ба навор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Филм дар бораи бекорхӯҷаи 35-солаи бе хона ва шуғли муайян қисса мекунад, ки бо дидадароияш боварии хонумҳои сарватмандро ба даст оварда, аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекунад.

Қаҳрамони лаванд бо зане бо номи София, ки 10 сол аз худаш калон аст, робита барқарор мекунад. Далер, писари София, бо хушдори муфтхӯри модараш муноқиша мекунад ва ӯро водор месозад, то биравад.

Ба гуфтаи коргардон, "мушкилоти матраҳшуда ҳамагонӣ буда, дар ҷомеаи Русия низ мубраманд”.

Продюсери филм Беҳзод Исомиддин изҳор медорад, ки дар ҷараёни таҳияи филм ба муаллиф озодии комили эҷодӣ  бидуни маҳдудияти тиҷорӣ дода шуда буд.

Нақшҳои асосиро дар филм Александр Громико ва Антон Логвиненко иҷро намуда, Оксана Полевикова, Олга Афанасева ва Даниил Худоногов низ нақш офаридаанд. Наворбардори филм Павел Смирнов ва рассом – саҳнасоз Ксения Неб мебошанд.

"Моҳиҳои бузург" дуввумин филми ҳунарии Соҳибёри Толиб аст. Ӯ қаблан  дар Тоҷикистон "Талош" – нахустин филми хомӯш дар таърихи кинои тоҷикро ба навор гирифта, дар ҷашнвораи синамои “Дидор” ҷоизаи ба номи Тоҳир Собиров аз Кумитаи радио ва телевизионро ба даст овард.

Филми мазкур инчунин ба барномаи озмунии Мактаби байналмилалии синамогарони ҷавони ИДМ - "Иттиҳод" ё худ "Содружество" дар Батуми қабул карда шуд, ки мебоист аз 18 то 24 майи соли 2020 баргузор мешуд, аммо ба таъхир афтода, ҳанӯз баргузор нагардидааст.

Феълан Соҳибёри Толиб ба таҳияи филми мустанад таҳти унвони кории "Отшельник" - “Қаландар” машғул аст. Филм дар бораи зиндагии муҳоҷири тоҷик қисса мекунад, ки наметавонад ба ватан баргардад ва ранҷ мекашад. Наворбардорӣ тобистон ва зимистон сурат гирифта, намоиши он охири соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Ҳарду филм дар доираи озмоишгоҳи коргардонии "Кинокоммуна" -и назди Маркази ҷавонони Иттифоқи синамогарони  Санкт-Петербург таҳия шудаанд.  Соҳибёр Толиб дар баробари таҳияи филмҳо донишҷӯи бахши сенарияи Донишкадаи синамо ва телевизиони Санкт-Петербург мебошад.

493
Барчаспҳо:
нашр, таҳия, филм, Тоҷикистон
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ

"Юбилей" - и Баҳром бе ӯ: ёди дӯсти Ғафурӣ аз ҷашнҳои зодрӯз, туҳфаи дӯстдошта ва нақшаҳо

2289
(Таҷдидшуда 13:48 28.02.2021)
Баҳром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, агар зинда мебуд имрӯз 45-солагияшро таҷлил мекард. Фахриддин Холбек, дӯсти Баҳром ёд овард, ки солҳои гузашта ин рӯзро чӣ гуна мегузаронданду марҳум барои 45-солагияш чӣ нақша дошт ва чӣ туҳфаро меписандид

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Аслан ин рӯз дар тақвим тайи чор сол як бор меояд, аммо Фахриддин Холбек мегӯяд, барои ҳалқаи дӯстону наздикони Баҳром ҳар сол ин рӯз вуҷуд дошт.

Дар нахустин рӯзи мавлуди Баҳром Ғафурӣ, ки бидуни соҳибҷашн мегузарад,  Холбек дар саҳифааш аз шеваи таҷлили ин рӯз дар гузашта ва ниятҳои овозхон барои имсол навиштааст:

Ин субҳ, ки ман дар сари қабраш истодаам, дар гузашта як субҳи хосе буд. Ҳар сол ин субҳ занг мезад ва мегуфт: “Аввалин касе ҳастӣ, ки фарёдат мекунам. Бегоҳ ҷое наравӣ, хонаи поён меравем. Ёдат наравад!”

Ва мо ҳар сол имрӯз ба хонаи поён мерафтем. Хонаи амаки Шамсиддин. Он ҷо ҳама мебуданд: Садриддин, Остон, Зикриоллоҳ, Рустам, марҳум Суҳробу. Ҳама. Рӯшан ба ёд оварда наметавонам, ки тайи 18 соли гузашта он бегоҳҳо боз киҳо ҷамъ мешуданд. Он бегоҳҳо оши бомаззаи холаам буду дастурхони пур, тарона буду шодмонӣ, шавқ буду шӯр, хонданҳову хандаҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир, ки ҳоло дигар моли хотираҳо шудаанд.

Зодрӯзе, ки имсол дар тақвим нест

Ӯ ин субҳ занг назад. Ҳеҷ кас занг назад. Ман ҳам интизор надоштам, ки касе занг мезанад. Касе, ки занг мезад, дигар нест, ба ҷовидона пайвастааст. Ман дигар он садои хоболудашро намешунавам. Оне ҳам, ки исрор кунад, “ҷое наравӣ!”, нест, балки худ рафтааст. Фақат дар хобҳоям пайдо мешавад, хобҳое, ки замину замонро сарам чаппа мекунанд. Дилам танг мешавад.

Солҳои пеш маро ғофилгир мекард, ё аз ёди ман мерафт, ки он рӯз чӣ рӯз аст. Вале имсол хуб медонам, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Ҳатто як моҳ пеш медонистам, се рӯзи пеш ва ин субҳ ҳам аввалин фикрам ин буд, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Фақат бо ин фарқ, ки медонам, касе зангам намезанад ва ман ҳам ба ӯ занг намезанам, то бигӯямаш: “Додаракам, боз як соли дигар пир шудӣ!” Фақат ба ин фарқ, ки имрӯз дигар ҳеҷ гоҳ як рӯзи оши бомаззаи холаам, таронаву шавқу шӯр, хонданҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир нахоҳад буд. Чанд рӯз аст, ки дасту дилам ҳам кор намеравад.

Шояд барои ҳамеша як рӯзи дигар хоҳад буд. Ҳанӯз як соли пеш орзу дошт, ки ба шарафи 45 – солагӣ – “юбилей” – е, ки мегуфт, як консерт барпо карда бошад, консерти хайрия ва беҳтарин таронаҳои умри худро бихонад. Чӣ орзуе ғайриоддӣ! Дар ин соли ҳамагирӣ, ки мардум дар фикру ҷону нон буданд ва ин ҳама хушназариву хушбинии як ошиқи зиндагиву тарона. Ҳатто ёдаш рафта буд, ки саҳнаҳо ҳам бастаанд.

Ҳатто зодрӯзаш ҳам ғайриоддӣ буд. Мегуфт, рӯзи мавлудаш 29 феврал аст. Ин рӯз агар дар чор сол як бор такрор шавад, барои мо ҳар сол вуҷуд дошт, чун зодрӯзи ӯ буд.

Зиёрати қабристон ва дуои дигар ба ҷои "100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ"

Солҳое буд, ки аз қабл ба ин рӯз омодагӣ медидам. Медонистам, ки барояш беҳтарин туҳфа таронаи нав аст, як таронаи “коғазпеч”. Соли 2003 ин туҳфа “Абри гирёни ғуруб”, соли 2008 – “Муҳоҷирбача” ва баъд... дар ба дари студияҳо гаштану шабу нимашаб танзим кардану хондану шунидан. Ҳамин тавр, бо зодрӯзи ӯ таронаҳо ҳам ба дунё меомаданд.

Имрӯз на дар фикри туҳфае ҳастам ва ҳам намедонам, ки чӣ кор кунаму бо кӣ аз ӯ гӯям. Шаҳр хеле шуд, ки бо рафтанаш холӣ шудааст. Хонаи поён ҳам. 9-ум километру Мавлоно ҳам. Паймонаҳо шикаста, дилҳо шикаста, орзуву армонҳо шикаста... Додаракам ҳам дигар пир намешавад. Рафт. Ҷояшро ҳам дигар касе гирифта натавонист. Мегуфт, бо ман бошӣ, дилам пур аст. Ҳоло мегӯям, нестӣ, дилам пур нест. Холист. Балки худ як холигоҳи бузург шудаам.

Ин субҳ дилам сахт танг шуд ва рафтам ба мазораш, то бигирям, бигиряму... табрикаш кунам. Як роҳе ҳаст, як мӯъҷизае, фариштае ҳаст, ки садои маро ба ӯ бирасонад:

Зодрӯз муборак, додараки ширинам, 45-солагӣ муборак!

Ва ба ҷои “100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ!”, мегӯям, “Ҷоят ҷаннат! Дидорат ба қиёмат!” Дили ман танги ту шуд, кошки пайдо бишавӣ!

Ин ёддошти дӯсти Баҳром Ғафурӣ дар ҳолест, ки овозхони шинохта бар асари як тасодуф дар роҳ 7 августи 2020, тақрибан соатҳои 4:00 дар синни 44-солагӣ даргузашт. Ҳодиса дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух додааст. Мошине, ки овозхон мусофираш буд,  ба автомашинаи "КаМаз" бархӯрд.  Ӯро ба шъъбаи 5-уми беморхонаи Қарияи Боло интиқол медиҳанд, аммо ӯро наҷот дода наметавонанд. Ҷасади ӯ, худи ҳамон рӯз дар қабристони деҳаашон дар маҳаллаи маъруф ба Мавлоно ба хок супурда шуд.

2289
Барчаспҳо:
зодрӯз, фавт, овозхон, Тоҷикистон
Горы в  Таджикистане, архивное фото

Қарорҳои Ҳукумат барои тағйири номҳо: аз номи нави фурудгоҳи Хоруғ то қуллаи Боми Ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:03 28.02.2021)
Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.

Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.

Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.

0
Барчаспҳо:
Хоруғ, фурудгоҳ, Тоҷикистон