Глава Комитета по архитектуре и строительству Махмадсаид Зувайдзода

Зувайдзода гуфт, Боғи Истиқлолро кӣ ва аз кадом ҳисоб месозад

576
(Таҷдидшуда 17:29 05.02.2021)
Пояи 121-метрие, ки рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" унвон мешавад, дар маркази шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати чинӣ сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik.  Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ба суол дар мавриди он, ки маҷмааи Боғи Истиқлол дар Душанбе аз ҷониби кӣ ва бо кадом маблағ бунёд мешавад, посух дод.

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, маҷмааи Боғи Истиқлол аз ҳисоби маблағҳои буҷетии ҳукумати шаҳри Душанбе сохта мешавад. Ӯ афзуд, ки маҷмаа бар асоси 6 лот бунёд мегардад ва маблағи умумияш то ҳол ҳам муайян нест.

Ба иттилои Зувайдзода, худи поя ё худ стелларо чиниҳо месозанд ва лотҳои боқимонда аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ амалӣ карда мешавад.

Қаблан хабар дода шуд, ки масоҳати маҷмааи Боғи Истиқлол наздики 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

"Дар ин ҷо майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад", - хабар дода буд котиботи раисҷумҳур.

Ба иттилои манбаъ, баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Ин маҷмаа аз муҳимтарин иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки гуфта мешуд, бояд соли 2021 мавриди истифода қарор гирад.

576
Барчаспҳо:
меъмориҳои шарқиёна, сохтмон, боғ, Тоҷикистон
Таджикская певица Манижа, архивное фото

Тоҷикдухтар Манижа Сангин, Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

1955
(Таҷдидшуда 01:05 09.03.2021)
Сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шабакаи якуми телевизиони Русия дар бораи роҳёбии Манижа Сангин ба Евровидение-2021 эълон кард.

Гуфта мешавад, Манижа Сангин Русияро бо таронаи Russian woman. намояндагӣ хоҳад кард.

Қаблан шабака иттилоъ дода буд, ки иштирокчии Евровидение аз кишвар рӯзи душанбе - бо овоздиҳии тамошобинон дар як намоиши махсуси идона муайян карда мешавад.
Довталабон Manizha, #2Маши или Therr Maitz буданд, ки тоҷикдухтар соҳиби роҳхат ба Евровидение-2021 гардид.
Евровидение-2021 рӯзҳои 18-22 май дар шаҳри Роттердами Нидерландия баргузор мешавад ва дар он сарояндагон аз 41 кишвар ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, озмун ба таври муқаррарӣ баргузор мешавад, аммо ҳайатҳо ва шумораи рӯзноманигорон коҳиш дода мешаванд.

Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

Ҳанӯз маълум нест, ки тамошобинон ба намоишҳо ҳозир мешаванд ё не.

Соли гузашта Евровидение бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуда буд. Мебоист Русияро гурӯҳи Little Big намояндагӣ мекард.

Манижа Сангин, сарояндаи тоҷики муқими Русия соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст ва ба гуфти худаш замони нооромиҳо бо аҳли оилаашон ба Русия омадааст.

Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шӯҳрат пайдо кард.

Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфт қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд. Ахиран ӯ намоҳанги худ "Не до славянка"-ро пешкаши мухлисон кард ва дар он бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом дод, ки ин тарона мавриди истиқболи коргарон қарор гирифт. 

Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон

Номбурда мегӯяд, аз 8-солагӣ ба эҷоди суруд машғул ҳаст ва ҳамаи намоҳангҳои худро худаш монтаж ва омода мекунад.

Ӯ ахиран соли гузашта нахустин сафири ҳусни нияти Русия оид ба гурезагон дар Созмони Миллали Муттаҳид интихоб шуд.

1955
Зрители в кинотеатре

Филми "Парвонаҳо" дар Қазон ҷоиза гирифт - видео

64
(Таҷдидшуда 18:37 02.03.2021)
Филми "Парвонаҳо"-и коргардони тоҷик дар Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.

Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад. 

Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.

Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.

Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.

64
Барчаспҳо:
КИНО, Қазон, ҷоиза, коргардон, Тоҷикистон
(0:57 / 6.34Mb / просмотров видео: 5583)

"Маскав зиндагӣ мекунад": Путин дар бораи таассуроти меҳмон аз Аврупо - видео

0
Шиносҳои роҳбари Русия гуфтаанд, ки дар шаҳрҳои бузурги Аврупо ҳама ҷо пӯшида аст, дар кӯчаҳо қариб, ки касе нест

 

Президенти Русия Владимир Путин нақл кард, ки ҳамкасбаш аз Аврупо аз Маскав чӣ таассурот бардошт. 

Роҳбари давлат изҳор дошт, ки шиноси вай аз "зиндагӣ"-и Маскав дар тааҷҷуб буд.

"Дар мо мегӯяд, ки дар шаҳрҳои бузург дар кӯча мошинҳо кам ва мардум қариб ки нестанд, ҳама ҷо маҳкам аст", - гуфтааст Путин.

Президент таъкид кард, ки ҷониби Русия бар он аст, ки пирӯзии комилро танҳо бо роҳи муттаҳид кардани  қувва, аз ҷумла дар саҳнаи байналмилалӣ ба даст овард.

Бино бар иттилои СУТ, дар ҷаҳон 115,2 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 2,5 миллион кас вафот карданд. 

Кай ҳамагирии коронавирус анҷом меёбад: пешгӯии навбатии СҶБ

Аз ин ношондод 4,3 меллион бемор ва 88,7 ҳазор қурбонӣ ба Русия рост меояд.

0
Барчаспҳо:
Аврупо, меҳмонӣ, Путин, Маскав