ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Бо қарори раиси Душанбе ҳайати Комиссияи шаҳрии “Озмуни дастархонороӣ” тасдиқ шуд.
Шаҳрдор Сарраёсати молияи Душанберо муваззаф кардааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси пойтахт 13 ҳазору 290 сомониро барои озмун ҷудо кунад.
Таъкид шудааст, ки озмуни мазкур дар доираи Низомномаи тасдиқкардаи кумитаи дини Тоҷикистон баргузор мегардад.
Озмуни дастархоноро тайи солҳои охир бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар гузаронда мешавад. Ҳадафи озмун бо истифодаи сарфакории моҳиронаву ҳунармандона беҳтар намудани сифати оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои масъулин ҳунари иштирокчиёни озмун аз рӯи тарзи истифодаи сарфакории моҳирона, зебо, хушоянд ва дилписанд оростани дастархон, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташуда баҳогузорӣ мегардад.
Соли гузашта дар озмуни мазкур ардид.дастархони оростаи сокинони ноҳияи Сино ҷои якум гирифта бо маблағи 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуд. Ҷойи дуюм ба ноҳияи Фирдавсӣ бо 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм ба ноҳияи Шоҳмансур бо 1000 сомонӣ мукофотпулӣ сазовор дониста шуд.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.
Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад.
Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.
Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.
Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст.
"Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад", - таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев.
Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд, шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.
Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.
Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои "Китоб - уш – шифо", "Ҷадал", "Хитоба", "Суфастоӣ" ва "Фанни шеър" - и Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.
Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.
Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.
"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", - гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.
Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.
Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод
Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.
Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.