Национальные танцы в Хатлонской области

Дар Тоҷикистон таҷлили Наврӯз иҷоза шуд, аммо оммавӣ не

605
(Таҷдидшуда 17:22 15.02.2021)
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо COVID-19 расман эълон кард, ки ҷашни Наврӯз-2021 дар Тоҷикистон бояд чӣ гуна баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 15 фев - Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон баргузории Иди байналмилалии Наврӯзро дар кишвар расман иҷозат дод, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Традиционный праздничный стол на Навруз
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Тибқи қарори ситод, баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, тантанаҳои идона дар Наврӯз иҷозат шуда, аммо намоишҳои оммавии театрӣ дар майдонҳо ҳанӯз ҳам манъ карда шудаанд.

"Сарфи назар аз он ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторони бемории сироятии коронавирус  ба қайд гирифта нашуда бошанд ҳам, қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд",-омадааст дар қарор.

Танҳо дар чунин шароит баргузор намудани чорабиниҳо зикршуда имконпазир мегардад.

Ситод қайд мекунад, ки ҷашни бостонии Наврӯз бояд ҳамчун арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон ва арзишҳои миллӣ таҷлил карда шавад.

Эълони санаи таҷлили Сада бо оташи калон дар Душанбе

Ҳамзамон, ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки дар рӯзҳои таътили солона ба исрофкориҳо ва хароҷоти аз ҳад зиёд роҳ надиҳанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки риояи қоидаҳои гигиена, бехатарӣ ва тартиботи ҷамъиятиро дар рӯзи ид таъмин кунанд.

605
Барчаспҳо:
вируси корона, Иди Наврӯз, Тоҷикистон
Режиссер Сохибер Толибов на съемках

"Моҳиҳои бузург" сабт шуду “Қаландар” дар ҳоли таҳия: Соҳибёр дар Русия чӣ кор мекунад?

590
(Таҷдидшуда 14:52 28.02.2021)
Соҳибёри Толиб, рӯзноманигор ва коргардони тоҷик филми ҷадидаш зери унвони “Моҳиҳои бузург” – ро дар вилояти Ленинград ба навор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Филм дар бораи бекорхӯҷаи 35-солаи бе хона ва шуғли муайян қисса мекунад, ки бо дидадароияш боварии хонумҳои сарватмандро ба даст оварда, аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекунад.

Қаҳрамони лаванд бо зане бо номи София, ки 10 сол аз худаш калон аст, робита барқарор мекунад. Далер, писари София, бо хушдори муфтхӯри модараш муноқиша мекунад ва ӯро водор месозад, то биравад.

Ба гуфтаи коргардон, "мушкилоти матраҳшуда ҳамагонӣ буда, дар ҷомеаи Русия низ мубраманд”.

Продюсери филм Беҳзод Исомиддин изҳор медорад, ки дар ҷараёни таҳияи филм ба муаллиф озодии комили эҷодӣ  бидуни маҳдудияти тиҷорӣ дода шуда буд.

Нақшҳои асосиро дар филм Александр Громико ва Антон Логвиненко иҷро намуда, Оксана Полевикова, Олга Афанасева ва Даниил Худоногов низ нақш офаридаанд. Наворбардори филм Павел Смирнов ва рассом – саҳнасоз Ксения Неб мебошанд.

"Моҳиҳои бузург" дуввумин филми ҳунарии Соҳибёри Толиб аст. Ӯ қаблан  дар Тоҷикистон "Талош" – нахустин филми хомӯш дар таърихи кинои тоҷикро ба навор гирифта, дар ҷашнвораи синамои “Дидор” ҷоизаи ба номи Тоҳир Собиров аз Кумитаи радио ва телевизионро ба даст овард.

Филми мазкур инчунин ба барномаи озмунии Мактаби байналмилалии синамогарони ҷавони ИДМ - "Иттиҳод" ё худ "Содружество" дар Батуми қабул карда шуд, ки мебоист аз 18 то 24 майи соли 2020 баргузор мешуд, аммо ба таъхир афтода, ҳанӯз баргузор нагардидааст.

Феълан Соҳибёри Толиб ба таҳияи филми мустанад таҳти унвони кории "Отшельник" - “Қаландар” машғул аст. Филм дар бораи зиндагии муҳоҷири тоҷик қисса мекунад, ки наметавонад ба ватан баргардад ва ранҷ мекашад. Наворбардорӣ тобистон ва зимистон сурат гирифта, намоиши он охири соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Ҳарду филм дар доираи озмоишгоҳи коргардонии "Кинокоммуна" -и назди Маркази ҷавонони Иттифоқи синамогарони  Санкт-Петербург таҳия шудаанд.  Соҳибёр Толиб дар баробари таҳияи филмҳо донишҷӯи бахши сенарияи Донишкадаи синамо ва телевизиони Санкт-Петербург мебошад.

590
Барчаспҳо:
нашр, таҳия, филм, Тоҷикистон
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ

"Юбилей" - и Баҳром бе ӯ: ёди дӯсти Ғафурӣ аз ҷашнҳои зодрӯз, туҳфаи дӯстдошта ва нақшаҳо

2954
(Таҷдидшуда 13:48 28.02.2021)
Баҳром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, агар зинда мебуд имрӯз 45-солагияшро таҷлил мекард. Фахриддин Холбек, дӯсти Баҳром ёд овард, ки солҳои гузашта ин рӯзро чӣ гуна мегузаронданду марҳум барои 45-солагияш чӣ нақша дошт ва чӣ туҳфаро меписандид

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Аслан ин рӯз дар тақвим тайи чор сол як бор меояд, аммо Фахриддин Холбек мегӯяд, барои ҳалқаи дӯстону наздикони Баҳром ҳар сол ин рӯз вуҷуд дошт.

Дар нахустин рӯзи мавлуди Баҳром Ғафурӣ, ки бидуни соҳибҷашн мегузарад,  Холбек дар саҳифааш аз шеваи таҷлили ин рӯз дар гузашта ва ниятҳои овозхон барои имсол навиштааст:

Ин субҳ, ки ман дар сари қабраш истодаам, дар гузашта як субҳи хосе буд. Ҳар сол ин субҳ занг мезад ва мегуфт: “Аввалин касе ҳастӣ, ки фарёдат мекунам. Бегоҳ ҷое наравӣ, хонаи поён меравем. Ёдат наравад!”

Ва мо ҳар сол имрӯз ба хонаи поён мерафтем. Хонаи амаки Шамсиддин. Он ҷо ҳама мебуданд: Садриддин, Остон, Зикриоллоҳ, Рустам, марҳум Суҳробу. Ҳама. Рӯшан ба ёд оварда наметавонам, ки тайи 18 соли гузашта он бегоҳҳо боз киҳо ҷамъ мешуданд. Он бегоҳҳо оши бомаззаи холаам буду дастурхони пур, тарона буду шодмонӣ, шавқ буду шӯр, хонданҳову хандаҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир, ки ҳоло дигар моли хотираҳо шудаанд.

Зодрӯзе, ки имсол дар тақвим нест

Ӯ ин субҳ занг назад. Ҳеҷ кас занг назад. Ман ҳам интизор надоштам, ки касе занг мезанад. Касе, ки занг мезад, дигар нест, ба ҷовидона пайвастааст. Ман дигар он садои хоболудашро намешунавам. Оне ҳам, ки исрор кунад, “ҷое наравӣ!”, нест, балки худ рафтааст. Фақат дар хобҳоям пайдо мешавад, хобҳое, ки замину замонро сарам чаппа мекунанд. Дилам танг мешавад.

Солҳои пеш маро ғофилгир мекард, ё аз ёди ман мерафт, ки он рӯз чӣ рӯз аст. Вале имсол хуб медонам, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Ҳатто як моҳ пеш медонистам, се рӯзи пеш ва ин субҳ ҳам аввалин фикрам ин буд, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Фақат бо ин фарқ, ки медонам, касе зангам намезанад ва ман ҳам ба ӯ занг намезанам, то бигӯямаш: “Додаракам, боз як соли дигар пир шудӣ!” Фақат ба ин фарқ, ки имрӯз дигар ҳеҷ гоҳ як рӯзи оши бомаззаи холаам, таронаву шавқу шӯр, хонданҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир нахоҳад буд. Чанд рӯз аст, ки дасту дилам ҳам кор намеравад.

Шояд барои ҳамеша як рӯзи дигар хоҳад буд. Ҳанӯз як соли пеш орзу дошт, ки ба шарафи 45 – солагӣ – “юбилей” – е, ки мегуфт, як консерт барпо карда бошад, консерти хайрия ва беҳтарин таронаҳои умри худро бихонад. Чӣ орзуе ғайриоддӣ! Дар ин соли ҳамагирӣ, ки мардум дар фикру ҷону нон буданд ва ин ҳама хушназариву хушбинии як ошиқи зиндагиву тарона. Ҳатто ёдаш рафта буд, ки саҳнаҳо ҳам бастаанд.

Ҳатто зодрӯзаш ҳам ғайриоддӣ буд. Мегуфт, рӯзи мавлудаш 29 феврал аст. Ин рӯз агар дар чор сол як бор такрор шавад, барои мо ҳар сол вуҷуд дошт, чун зодрӯзи ӯ буд.

Зиёрати қабристон ва дуои дигар ба ҷои "100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ"

Солҳое буд, ки аз қабл ба ин рӯз омодагӣ медидам. Медонистам, ки барояш беҳтарин туҳфа таронаи нав аст, як таронаи “коғазпеч”. Соли 2003 ин туҳфа “Абри гирёни ғуруб”, соли 2008 – “Муҳоҷирбача” ва баъд... дар ба дари студияҳо гаштану шабу нимашаб танзим кардану хондану шунидан. Ҳамин тавр, бо зодрӯзи ӯ таронаҳо ҳам ба дунё меомаданд.

Имрӯз на дар фикри туҳфае ҳастам ва ҳам намедонам, ки чӣ кор кунаму бо кӣ аз ӯ гӯям. Шаҳр хеле шуд, ки бо рафтанаш холӣ шудааст. Хонаи поён ҳам. 9-ум километру Мавлоно ҳам. Паймонаҳо шикаста, дилҳо шикаста, орзуву армонҳо шикаста... Додаракам ҳам дигар пир намешавад. Рафт. Ҷояшро ҳам дигар касе гирифта натавонист. Мегуфт, бо ман бошӣ, дилам пур аст. Ҳоло мегӯям, нестӣ, дилам пур нест. Холист. Балки худ як холигоҳи бузург шудаам.

Ин субҳ дилам сахт танг шуд ва рафтам ба мазораш, то бигирям, бигиряму... табрикаш кунам. Як роҳе ҳаст, як мӯъҷизае, фариштае ҳаст, ки садои маро ба ӯ бирасонад:

Зодрӯз муборак, додараки ширинам, 45-солагӣ муборак!

Ва ба ҷои “100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ!”, мегӯям, “Ҷоят ҷаннат! Дидорат ба қиёмат!” Дили ман танги ту шуд, кошки пайдо бишавӣ!

Ин ёддошти дӯсти Баҳром Ғафурӣ дар ҳолест, ки овозхони шинохта бар асари як тасодуф дар роҳ 7 августи 2020, тақрибан соатҳои 4:00 дар синни 44-солагӣ даргузашт. Ҳодиса дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух додааст. Мошине, ки овозхон мусофираш буд,  ба автомашинаи "КаМаз" бархӯрд.  Ӯро ба шъъбаи 5-уми беморхонаи Қарияи Боло интиқол медиҳанд, аммо ӯро наҷот дода наметавонанд. Ҷасади ӯ, худи ҳамон рӯз дар қабристони деҳаашон дар маҳаллаи маъруф ба Мавлоно ба хок супурда шуд.

2954
Барчаспҳо:
зодрӯз, фавт, овозхон, Тоҷикистон
Камнепад в Таджикистане

Ҳушдори КҲФ аз селу сангрезӣ ва дамои ҳаво барои имрӯз

12
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар такя ба Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ додааст, ки дар кишвар ҳавои ноустувор ва боришот то охири ҳафта боқӣ хоҳад монд.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, бо сабаби боришоти дарпешистода ва болоравии заминаи ҳарорат, обшавии босуръати барф дар кӯҳҳо ба амал меояд, ки метавонад ба эрозияи хок ва ҳаракати онҳо, ба баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо, обанборҳо ва инчунин ба харобӣ ва эрозияи хатти соҳили дарёҳо ва кӯлҳо.

"Дар натиҷаи боришот, хатари фаромадани тарма, сел ва сангрезаҳо боқӣ мондааст",-афзудааст манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аҳолиро даъват мекунад, ки аз сафар, сайругашт ба минтақаҳои тарма, ҷамъоварии гиёҳҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

Тибқи иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти борон дар назар аст.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва  рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 18-23 ва рӯзона  2-7 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрноки бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда,  танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон пешбинӣ мешавад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм ва рӯзона  3+8  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона  1+3  ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

12