Поэт Мирзо Турсун-Заде

Бо супориши Раҳмон 110 - солагии Мирзо Турсунзода таҷлил мешавад

216
(Таҷдидшуда 17:42 16.02.2021)
Аз Вазорати маорифу фарҳанг сар карда, то роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои баргузор намудани ҷашни 110-солагии Мирзо Турсунзода супоришу вазифаҳо гирифтанд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки соли ҷорӣ ҷашни 110 солагии  Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил шавад, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Ба иттилои манбаъ, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии ҷашнӣ аз Вазорати маориф то Вазорати фарҳанг супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Таджикский поэт Карим Хайдар
предоставлено пресс-службой мэрии Душанбе

Гуфта мешавад, ба хотири таҷлили солгарди Турсунзода, конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ" баргузор мегардад.

Илова бар ин, дар матбуоти даврӣ доир ба хизматҳои шоистаи Мирзо Турсунзода мақолаҳои илмиву оммавӣ ба нашр мерасанд. 

Зимнан, Вазорати фарҳанг вазифадор карда шуд, ки аз ашъори Мирзо Турсунзода барномаи консертӣ омода карда, онро дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бо риояи чораҳои беҳдоштӣ баргузор намояд.

Ҳамчунин, рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ) муваззаф шуданд, ки зери рубрикаи "Ба истиқболи 110-солагии Мирзо Турсунзода" мақолаҳо интишор гардонанд.

Гилаи Гулрухсор ва посухи Раҳмонзода: чаро Бозор Собирро бо “усули мисрӣ” дафн карданд?

Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ чорабиниҳои илмиву адабӣ доир мешавад.

216
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, супориш, Мирзо Турсунзода
Зрители в кинотеатре

Филми "Парвонаҳо" дар Қазон ҷоиза гирифт - видео

54
(Таҷдидшуда 18:37 02.03.2021)
Филми "Парвонаҳо"-и коргардони тоҷик дар Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.

Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад. 

Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.

Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.

Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.

54
Барчаспҳо:
КИНО, Қазон, ҷоиза, коргардон, Тоҷикистон
Книга, архивное фото

"Қонуни тиб"- и Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе бознашр шуд

85
(Таҷдидшуда 17:12 02.03.2021)
Кормандони маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии Тоҷикистон “Қонуни тиб” (китоби 5) - ро тарҷума ва бознашр намуданд, ки ҷилди 16 - уми Осори Абуалӣ ибни Синоро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст.

"Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад", -  таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев. 

Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд, шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.

Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. 

Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои "Китоб - уш – шифо",  "Ҷадал", "Хитоба", "Суфастоӣ" ва "Фанни шеър" - и  Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.

Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.

85
Барчаспҳо:
китоб, қонун, Ибни Сино, Сино, Тоҷикистон

Мардҳо ғамгину занҳо дар интизори гул Боку дар арафаи ҷашни 8 март

0
(Таҷдидшуда 10:04 08.03.2021)
Мардҳо дар Озарбойҷон ба занҳои худ дар ҷашни 8 март чӣ туҳфа мекунанд? Sputnik Озарбойҷон дақиқи кард, ки мардон ба занони худ чӣ гуна тӯҳфаҳо тақдим мекунанд. Муфассалтар дар навор тамошо кунед

Тиҷорати гул дар 8 март дар авҷ аст.

Дар ин рӯзҳо нархи гулҳо ба осмон мерасанд. Дар ин рӯз ҳар як мард мехоҳад гулдастаи беҳтаринро интихоб кунад. Ҳамин тавр, дар ин рӯзҳо арзиши як лола ба 5 (3 доллар) манат ва садбарг ба 6 (3,5 доллар)манат мерасад. Ҳамин тариқ, арзиши миёнаи як даста гули хоксорона тақрибан 25-30 манат (наздик ба 18 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, нархномаҳо танҳо табъи мардонро хира мекунанд, дар ҳоле ки занон ба иди дӯстдоштаи худ омодагӣ мегиранд. Тавре ки маълум шуд, занон дар ин рӯз интизори тӯҳфаҳо ҳастанд. Онҳо интизори як даста гул ё атр мебошанд. Дар баробари ин, худи занҳо барои оила ва дӯстон тӯҳфаҳо омода мекунанд.

Дар ин рӯзҳо мардон кушиш мекунанд занон, модарон ва хоҳарони худро бо як даста гул табрик намоянд. Мисли ҳамеша, мардон дар ин рӯз то лаҳзаи охир пушти хариди тӯҳфаҳо мераванд.

0
Барчаспҳо:
мард, тӯҳфа, занон, дақиқ, туҳфа, Озарбойҷон