Книга, архивное фото

Кумитаи забон овозаҳои баргардондани "ы", "ц", "щ" ба алифбои тоҷикиро рад кард

1168
(Таҷдидшуда 20:58 20.02.2021)
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, сарусадоро дар бораи он, ки ҳарфҳои "ы", "ц", "щ" дубора ба алифбои забони тоҷикӣ баргардонда мешаванд, рад намуд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи истилоҳоти Кумитаи забони Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки сару садо дар бораи дубора ҷой додани ҳарфҳои "ы", "ц", "щ" дуруст нестанд.

Ба гуфтаи Зулфониён, аз ду ниҳоди давлатӣ дар мавриди ворид кардани ин ҳарфҳо ба алифбои тоҷикӣ пешниҳод омада буд, вале Кумитаи забон онро қотеъона рад кард. Ӯ афзудааст, ки дар қоидаҳои нав танҳо мавридҳои навишти ин ҳарфҳо мутобиқ бо савтиёти забони тоҷикӣ нашр шудаанд.

Ин тавзеҳи Зулфониён дар ҳолест, ки шабакаҳои иҷтимоиро тайи рӯзҳои охир сарусадо дар бораи он фаро гирифт, ки гӯиё дар қоидаҳои нави нав ҳарфҳои қаблан лағвшуда баргардонда мешаванд.

Абдуқодири Рустам, донишманд ва адиби шинохтаи тоҷик мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии ин иштибоҳфаҳмӣ, тасмими давлати Тоҷикистон дар мавриди чоп накардани лоиҳаи Қоидаҳо барои баррасии умумӣ мебошад.

Олимҷон  Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон низ зимни нишасти матбуотӣ таъкид карда буд, ки баргардондани ҳарфҳои "ы", "ц", "ь", "щ" матраҳ нест. Ин ҳарфҳо аз алифбои тоҷикӣ соли 1998 гирифта шуда буданд.

Раиси Кумитаи забон тавзеҳ дод, ки дар имлои ҷадид тарзи навишти ин ҳарфҳо дар калимаҳои иқтибосӣ нишон дода шудааст, аммо онҳо ба алифбо баргардонда намешаванд.

“Вақте қоидаҳои имло мегӯем, сухан дар бораи 35 ҳарфи забон мегӯем. Яке аз бобҳои имлоро ба калимаҳои иқтибосӣ бахшидем, ба тарзи навишти ҳарфҳое, ки дар алифбои мо нестанд”, - изҳор дошта буд Муҳаммадҷонзода зимни нишасти матбуотӣ.

Ӯ таъкид намуд, ки дар имлои ҷадид тарзи навишти дурусти калимаҳое ба монанди “Щербакову Цветков” мушаххас нишон дода хоҳад шуд.

Ба иттилои Кумитаи забон, қоидаҳои ҷадид 108 тағйироти хурду бузургро фаро мегиранд, ки баъди тасдиқ тафсилоташон ироаи омма мегарданд.

“Номи ҳарфҳо тағйир ёфтанд. Ба асолати тоҷикӣ баргаштем.  Хусуиятҳои фонетикӣ, садонокҳо ҳамсадаҳо ба асолати худ баргаштанд”, - изҳор дошта буд раиси Кумитаи забон.

1168
Барчаспҳо:
баҳси алифбо, Кумитаи забон ва истилоҳот, Тоҷикистон
Таджикская певица Манижа, архивное фото

Тоҷикдухтар Манижа Сангин, Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

1902
(Таҷдидшуда 01:05 09.03.2021)
Сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шабакаи якуми телевизиони Русия дар бораи роҳёбии Манижа Сангин ба Евровидение-2021 эълон кард.

Гуфта мешавад, Манижа Сангин Русияро бо таронаи Russian woman. намояндагӣ хоҳад кард.

Қаблан шабака иттилоъ дода буд, ки иштирокчии Евровидение аз кишвар рӯзи душанбе - бо овоздиҳии тамошобинон дар як намоиши махсуси идона муайян карда мешавад.
Довталабон Manizha, #2Маши или Therr Maitz буданд, ки тоҷикдухтар соҳиби роҳхат ба Евровидение-2021 гардид.
Евровидение-2021 рӯзҳои 18-22 май дар шаҳри Роттердами Нидерландия баргузор мешавад ва дар он сарояндагон аз 41 кишвар ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, озмун ба таври муқаррарӣ баргузор мешавад, аммо ҳайатҳо ва шумораи рӯзноманигорон коҳиш дода мешаванд.

Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

Ҳанӯз маълум нест, ки тамошобинон ба намоишҳо ҳозир мешаванд ё не.

Соли гузашта Евровидение бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуда буд. Мебоист Русияро гурӯҳи Little Big намояндагӣ мекард.

Манижа Сангин, сарояндаи тоҷики муқими Русия соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст ва ба гуфти худаш замони нооромиҳо бо аҳли оилаашон ба Русия омадааст.

Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шӯҳрат пайдо кард.

Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфт қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд. Ахиран ӯ намоҳанги худ "Не до славянка"-ро пешкаши мухлисон кард ва дар он бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом дод, ки ин тарона мавриди истиқболи коргарон қарор гирифт. 

Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон

Номбурда мегӯяд, аз 8-солагӣ ба эҷоди суруд машғул ҳаст ва ҳамаи намоҳангҳои худро худаш монтаж ва омода мекунад.

Ӯ ахиран соли гузашта нахустин сафири ҳусни нияти Русия оид ба гурезагон дар Созмони Миллали Муттаҳид интихоб шуд.

1902
Зрители в кинотеатре

Филми "Парвонаҳо" дар Қазон ҷоиза гирифт - видео

64
(Таҷдидшуда 18:37 02.03.2021)
Филми "Парвонаҳо"-и коргардони тоҷик дар Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.

Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад. 

Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.

Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.

Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.

64
Барчаспҳо:
КИНО, Қазон, ҷоиза, коргардон, Тоҷикистон
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото

Фейсбук сафҳаҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо мудиронашон бастааст

0
Дасти кам даҳ ширкати тоҷикӣ баста шудани сафҳаҳои худ дар Фейсбукро таъйид карданд. Сабаб ин иқдомро Фейсбук шарҳ надодааст

ДУШАНБЕ, 09 мар — Sputnik. Яке аз масъулони ин ширкатҳо, ки нахост номаш фош шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тариқи почтаи электронӣ як мактуберо дарёфт кардаанд, ки дар он гуфта шудааст, шумо аз “мудирияти тиҷорӣ” – ии Фейсбук ҳазф карда шудаед.

“Дар идома омадааст: “Ин бад-он маънӣ аст, ки шумо дигар ба ҳисобҳои рекламавӣ ё сафаҳоте, ки ба унвони корманди ширкат бо онҳо кор кардаед, дастрасӣ надоред. Агар фикр мекунед набояд ҳазф мешудед, бо мудири Мудирияти тиҷорӣ тамос гиред”.

Ин паём ирсол шудааст: Facebook, inc., Таваҷҷуҳ: Пуштибонии ҷомеа, 1 Facebook way, Menlo Рark, CA 94025”, - гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба ҳамин минвол, тоҷирон ва афроди масъули ширкатҳо, ки аз Фейсбук ҳазф шудаанд, ҳам ба сафҳаи ширкат ва ҳам ҳисобҳои худ дар ин шабака дастрасӣ надоранд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ӯ метавонад муҳтавои қаблан гузошташуда аз сӯи ширкат ё худро бубинад, аммо амалан коре дар онҳо карда наметавонад, ҳатто наметавонад “лайк” гузорад.

“Аз рӯи таҳлилҳои мо, ҳамон сафҳаҳое ҳазф шудаанд, ки тариқи имейли худ ё ширкат дар Фейсбук сабти ном шудаанд. Асосан админ ё мудирони сафҳаҳоро ҳазф кардаанд. Онҳое, ки сафҳаҳояшонро тариқи рақамҳои телефонҳои худ сабти ном кардаанд, алъон аз дасти бераҳми Фейсбук дар амонанд. Мо ду рӯз пеш ба “мудирияти тиҷорӣ” – и Фейсбук навиштем, ки сабабҳои ҳазф карданро шарҳ диҳад. То ба ҳол посухе нест”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Моҳи ноябри соли равон Фейсбук як сафҳаи маъруф дар Тоҷикистон – “Ман Хуҷандро дӯст медорам” – ро ба хотири ҷой додани рекламаи маводи тиббӣ дар замони пандемияи “вируси корона” баста буд.

Фейсбук ба мудирони ин гуруҳ ваъда супурда буд, ки як моҳ пас посухи боз кардан ё дигар боз накардани сафҳаашонро хоҳад дод.

Аммо 6 моҳ мегузараду аз санг садо ҳаст, аз Фейсбук на. 3 марти соли равон Кумитаи андози Тоҷикистон хабар дода буд, ки сомонаи иҷтимоии Facebookро ҳамчун андозсупоранда сабти ном кардааст.

Аз канали Зеваров то "Дугонаҳо"-ву "ORZU": Кумитаи андоз 10-гонаи блогерҳоро ҳисоб кард

Аммо дар навбати худ Фейсбук низ саҳафоти ширкатҳои тиҷории Тоҷикистонро андоз мебандад ё хайр, ё онҳоро ҳам мисли сафҳаи “Ман Хуҷандро дӯст медорам” моли таърих хоҳад кард, як суоли боз аст.

0
Барчаспҳо:
сафҳа, Фейсбук, Тоҷикистон