Носир Хасанов, таджикский актёр

Носир Ҳасанов, ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик даргузашт

684
(Таҷдидшуда 18:36 20.02.2021)
Носир Ҳасанов, ҳунарманди шинохтаи театр ва синамои тоҷик дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. Дар ин бора сафҳаи фейсбукии taj_actyor хабар додааст.
“Имрӯз аз сафи ҳунармандони тоҷик боз як ҳунарманди маъруфи тоҷик Носир Ҳасанов моро тарк гуфтанд”,- навиштааст манбаъ.

Парвиз Бобошарипов, ҷияни ҳунарманди шинохта низ навиштааст: "Имрӯз яке аз шахсони ба Ман наздик тағои азизам актёри советии Тоҷик актёри театр ва кино артисти халқии Тоҷикистон аз дунё чашм пӯшида, Носир Ҳасанов Абдуллоевич моро тарк карданд, дар ҳаққи эшон дуогӯ бошед".

Тибқи иттилои гирдовардаи сомонаи Китобхонаи миллии кишвар, Носир Ҳасанов 11 августи соли 1935 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.

Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1955 ба Институти кишоварзӣ ба ҳайси механизатор дохил шуд.

Ӯ тасодуфан ҳунарманд шуд - ҳангоми сайругашт бо дӯстонаш дар маркази шаҳр, аз назди Вазорати фарҳанг гузашта, Носир эълони дари вазоратро мушоҳида кард. Дар он оид ба қабули довталабон ба Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро буд ва ҳамин эълон роҳи ӯро дар зиндагӣ иваз кард.

Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1974, Артисти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1990, Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро хатм кардааст.

Аз соли 1961 Носир Ҳасанов ҳаёти худро ба театр ва кино бахшид.

Аввал актёри театри мазҳакаи мусиқӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ 1960-1961 ва аз соли 1961 актёри Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ.

Носир Ҳасанов зиёда аз 50 нақшҳои асосан лирикию драмавии аз қабили Образҳои Маҳмад ("Нурхон"-и К. Яшин, 1961), Раҳмат ("Ҳукми модар", 1963) ва Хуршед ("Ҳаёт ва ишқ"-и Ф. Ансорӣ, 1964), Карим ("Хуррият" 1964) ва Масхарабоз ("Рустам ва Сӯҳроб"-и Ғ. Абдулло, 1967), Бобо Шодӣ ("Дилҳои сӯзон"-и Ҷ. Икромӣ, 1967)-ро бозидааст.

Ҳамзамон  Саша дар ("Корвони бахт"-и М. Миршакар, 1970), Файзулло Хӯҷаев ("Сарбозони Инқилоб"-и Ғ. Абдулло, 1970), Оқйигит ("Шаби гирифтаи моҳ"-и М. Карим, 1972), Шокирхон ("Зебуннисо"-и Ш. Қиёмов ва Ш. Мастон, 1977), Освалд ("Шоҳ Лир"-и У. Шекспир, 1982), Муллоазим ("Вопасин арӯси амиралмуъминин-и" Ф. Муҳаммадиев, 1983), Толибов ("Дар чорсӯ"-и Н. Табаров, 1984), Загареский ("Додаз дасти ақл"-и Н. Грибоедов, 1988) ва ғайра аз қобили беҳтари нақшҳоянд.

Носир Ҳасанов дар инкишофи санъати кинои тоҷик низ ҳиссагузорӣ карда, нақшҳои Сафархӯҷа ("Бачаҳои Помир", 1967), Қарошир ("Ниссо", 1966), Носир ("Ҳасани аробакаш", 1966), Дадаҷон ("Ҷӯра - саркор", 1970), Мудири анбор ("Асрори оила"), 1984)-ро хеле ҷозибанок офаридааст. Аз соли 1963 узви Итиҳодияи киноматографияи Тоҷикистон ва Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон (1968) мебошад.

Ёдовар мешавем, қаблан Аҳмадшо Улфатшоев, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон низ даргузашта буд.

684
Тасвири офаридаи Азимов Сарваршоҳ, ки дар Маскав соҳиби ҷойи аввал шуд

Тоҷикона: тасвири либосу хони тоҷикии рассоми наврас ғолиби фестивале дар Маскав шуд

1
Дар шаҳри Маскав тариқи фазои маҷозӣ Фестивали байналмилалии истеъдодҳои наврас ҷамъбаст гардид, ки навраси тоҷик соҳиби мақоми аввал шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нуҳумин фестивали байналмиллалии истеъдодҳои наврас таҳти унвони "Волшебная сила голубого потока — МОСГАЗ зажигает звезды" дар шаҳри Маскав ҷамъбаст шуд.

Ин озмун дар фазои маҷозӣ баргузор шуд. Дар озмуни мазкур иштирокчиёни беш 70 манотиқи Русия ва ҳамчунин аз 4 давлат бо шумули Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар фестивали мазкур донишҷӯёни Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов" намояндагӣ карданд.

Сомонаи "МОСГАЗ зажигает звезды" исми ғолибони фестивалро нашр намудааст, ки миёни ғолибон Азимов Сарваршоҳ Ҳамзалиевич низ зикр гардидааст. Сарваршоҳ дар бахши "Сулҳи хонадони ман" тасвири сирф тоҷиконаро кашидааст, ки ба эҳтимоли зиёд фазои зебои тоҷикона доваронро тасхир намудааст.

Рассоми навраси тоҷик суратеро офаридааст, ки дар он зану марди солхӯрда бо либоси шинами тоҷикӣ сари хон нишастаанд. Ин тасвири Сарваршоҳ ба гирифтани мақом аввал даст ёфт.

Ҷамъан 55 нафар иштирокчиёни фестивал ба гирифтани ҷоиза мушарраф шуданд.

1
Барчаспҳо:
ғолиб, тоҷик, рассом, Маскав, фестивал
Режиссер Сохибер Толибов на съемках

"Моҳиҳои бузург" сабт шуду “Қаландар” дар ҳоли таҳия: Соҳибёр дар Русия чӣ кор мекунад?

594
(Таҷдидшуда 14:52 28.02.2021)
Соҳибёри Толиб, рӯзноманигор ва коргардони тоҷик филми ҷадидаш зери унвони “Моҳиҳои бузург” – ро дар вилояти Ленинград ба навор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Филм дар бораи бекорхӯҷаи 35-солаи бе хона ва шуғли муайян қисса мекунад, ки бо дидадароияш боварии хонумҳои сарватмандро ба даст оварда, аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекунад.

Қаҳрамони лаванд бо зане бо номи София, ки 10 сол аз худаш калон аст, робита барқарор мекунад. Далер, писари София, бо хушдори муфтхӯри модараш муноқиша мекунад ва ӯро водор месозад, то биравад.

Ба гуфтаи коргардон, "мушкилоти матраҳшуда ҳамагонӣ буда, дар ҷомеаи Русия низ мубраманд”.

Продюсери филм Беҳзод Исомиддин изҳор медорад, ки дар ҷараёни таҳияи филм ба муаллиф озодии комили эҷодӣ  бидуни маҳдудияти тиҷорӣ дода шуда буд.

Нақшҳои асосиро дар филм Александр Громико ва Антон Логвиненко иҷро намуда, Оксана Полевикова, Олга Афанасева ва Даниил Худоногов низ нақш офаридаанд. Наворбардори филм Павел Смирнов ва рассом – саҳнасоз Ксения Неб мебошанд.

"Моҳиҳои бузург" дуввумин филми ҳунарии Соҳибёри Толиб аст. Ӯ қаблан  дар Тоҷикистон "Талош" – нахустин филми хомӯш дар таърихи кинои тоҷикро ба навор гирифта, дар ҷашнвораи синамои “Дидор” ҷоизаи ба номи Тоҳир Собиров аз Кумитаи радио ва телевизионро ба даст овард.

Филми мазкур инчунин ба барномаи озмунии Мактаби байналмилалии синамогарони ҷавони ИДМ - "Иттиҳод" ё худ "Содружество" дар Батуми қабул карда шуд, ки мебоист аз 18 то 24 майи соли 2020 баргузор мешуд, аммо ба таъхир афтода, ҳанӯз баргузор нагардидааст.

Феълан Соҳибёри Толиб ба таҳияи филми мустанад таҳти унвони кории "Отшельник" - “Қаландар” машғул аст. Филм дар бораи зиндагии муҳоҷири тоҷик қисса мекунад, ки наметавонад ба ватан баргардад ва ранҷ мекашад. Наворбардорӣ тобистон ва зимистон сурат гирифта, намоиши он охири соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Ҳарду филм дар доираи озмоишгоҳи коргардонии "Кинокоммуна" -и назди Маркази ҷавонони Иттифоқи синамогарони  Санкт-Петербург таҳия шудаанд.  Соҳибёр Толиб дар баробари таҳияи филмҳо донишҷӯи бахши сенарияи Донишкадаи синамо ва телевизиони Санкт-Петербург мебошад.

594
Барчаспҳо:
нашр, таҳия, филм, Тоҷикистон