Масъулони ҳукумат мегӯянд, мардум ба тӯйҳои 40 - нафарӣ одат кардаанд

476
(Таҷдидшуда 16:45 20.02.2021)
Масъулони ҳукумати вилояти Суғд дар умури танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯянд, бо гузашти бештар аз шаш моҳ мардум ба баргузории тӯйҳои то 40 - нафарӣ одат кардаанд

ДУШАНБЕ, 20 фев – Sputnik. Суҳроб Рустамзода, сардори бахш оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҳукумати Суғд, мегӯяд, мардум ба баргузории тӯйҳои танзимшудаи то 40-нафарӣ одат намудаанд.

Ин масъули ҳукумати Суғд гуфт, ҳангоми суҳбат аксари онҳое, ки ба баргузории маросим омодагӣ доранд, меъёри муқарраршударо мувофиқ мешуморанд.

“Аксарият ба мо изҳор мекунанд, ки даъват намудани 40-50 нафар барои баргузории тӯй кифоя аст”, -  гуфт Рустамзода.

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар Тоҷикистон тӯйҳои бодабдаба расм шуда буданд, аммо баъдан мақомот қонунан теъдоди меҳмонон дар тӯйро то 150 нафар маҳдуд карданд. Дар замони пандемия шумораи меҳмонон то 40 нафар маҳдуд шуд.

Ҳудуди ҳашт моҳ қабл, Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории COVID -19 ба далели шиддат гирифтани хуруҷи пандемия баргузории тӯйҳои арӯсию домодиро дар кишвар манъ карда буд. Сипас шурӯъ аз моҳи июн бо дарназардошти зарурати масъала ба шарти муқаррароти нав ба баргузории тӯйҳо дар кишвар иҷоза дода шуд.

 Даъват намудани то 40 нафар ва риояи тадбирҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла бастани ниқоб барои ҳамаи иштирокдорон ва риояи масофаи иҷтимоӣ аз ҷумлаи шартҳои баргузории тӯйҳо буданд.

Ба иттилоъи шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҳукумати Суғд, соли 2020 дар умум 17 ҳазору 369 тӯйи арӯсию домодӣ баргузор шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли қаблӣ 7 ҳазору 62 ҳолат кам будааст.

“Бо назардошти пешгирӣ аз каронавирус бисёриҳо аз баргузор намудани туйю маъракаҳо худдорӣ намуданд”, - зикр кард Рустамзода.

Ин масъули ҳукумат ҳамчунин гуфт, ки дар ин давра ҳолатҳои қонуншиканӣ ҳам дар вақти баргузории маъракаҳо коҳиш ёфтааст. Бино ба иттилоъи ӯ, соли гузашта 151 ҳолати қонуншиканӣ сабт шудааст, ки дар муқоиса ба як соли қаблӣ 22 маврид камтар мебошад.

Аксарият барои риоя накардани моддаҳои қонуни танзим ва бархеи дигар вобаста ба риоя накардани талаботи замони пандемия дар вақти баргузории маросим ҷарима шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон сар аз моҳи июли соли 2020 дар пайи авҷгирии хуруҷи каронавирус ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот варид намуда, расман барои набастани ниқоб дар ҷойҳои муайянкардаи ҷамъиятӣ ҷарима таъин намуд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди ду моҳ ба ин тараф дар кишвар сирояти коронавирус сабт нашудааст. Ба иттилоъи ин ниҳод, дар умум дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 13 ҳазаору 218 нафар шифо ёфта, 90 нафар фавтидаанд.

476
Барчаспҳо:
танзим, Ҳукумат, Тоҷикистон
Зрители в кинотеатре

Филми "Парвонаҳо" дар Қазон ҷоиза гирифт - видео

48
(Таҷдидшуда 18:37 02.03.2021)
Филми "Парвонаҳо"-и коргардони тоҷик дар Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.

Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад. 

Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.

Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.

Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.

48
Барчаспҳо:
КИНО, Қазон, ҷоиза, коргардон, Тоҷикистон
Книга, архивное фото

"Қонуни тиб"- и Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе бознашр шуд

81
(Таҷдидшуда 17:12 02.03.2021)
Кормандони маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии Тоҷикистон “Қонуни тиб” (китоби 5) - ро тарҷума ва бознашр намуданд, ки ҷилди 16 - уми Осори Абуалӣ ибни Синоро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст.

"Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад", -  таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев. 

Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд, шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.

Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. 

Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои "Китоб - уш – шифо",  "Ҷадал", "Хитоба", "Суфастоӣ" ва "Фанни шеър" - и  Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.

Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.

81
Барчаспҳо:
китоб, қонун, Ибни Сино, Сино, Тоҷикистон
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол