Певец Джонибек Муродов

“Ғамгин машав, Худо ҳаст” истиқболи гарм аз суруди нави Ҷонибек - видео

1133
(Таҷдидшуда 19:46 22.02.2021)
Ҷонибек Мурод, овозхони шинохтаи тоҷик, суруди ҷадидашро зери унвони “Худо ҳаст” – ро пешкаши мухлисонаш кардааст

ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik.  Суруди ҷадиди Ҷонибек Мурод рӯзе қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, то ҳол онро даҳҳо ҳазор бор гӯш кардаанд. Ин сурудро дар ютуб беш аз 3,1 ҳазор нафар маъқул дониста, танҳо 38 нафар написандидаанд.

Дар суруд таъкид мешавад, ки ғамгин машав Худо ҳаст. Роҳ агар баста аст, пой агар хаста аст, хона вайрона шуд, мисли ғамхона шуд, ғамгин мешав, Худо ҳаст, омадааст дар матни суруд.

Зикр шудааст, ки бо ин ки ҳама бандагонем, бахшидани хаторо мо низ метавонем. Илова шудааст, ки кори вафо зи дасти ҳар нокас наояд.

Ҷонибек Муродов, писари ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷӯрабек Муродов мебошад, ки роҳи эҷодиашро аз гурӯҳи наврасон зери унвони "Боло" сар кардааст. Ӯ мегӯяд, дигар ҳаммаслаконаш дар ин гурӯҳи наврасон роҳи тиҷоратро пеш гирифтанд ва ҳоло соҳибкорони муваффақ мебошанд. 

Ӯ бошад сипас бо ҳунарманди марҳум Ҳасани Вализод гурӯҳи "Вазир"-ро ташкил кардаву ду сол дар ин ҳайат эҷод кардааст ва пас аз пошхӯрии ин гурӯҳ соле дар андешаи интихоби ояндаи худ гашта, ба роҳашро дар саҳнаи тоҷик идома додааст. Феълан яке аз овозхонҳои шинохтаи кишвар ба шумор меравад.

1133
Барчаспҳо:
истиқбол кардан, суруд, Тоҷикистон
Таджикская певица Манижа, архивное фото

Тоҷикдухтар Манижа Сангин Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

40
(Таҷдидшуда 00:46 09.03.2021)
Сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шабакаи якуми телевизиони Русия дар бораи роҳёбии Манижа Сангин ба Евровидение-2021 эълон кард.

Гуфта мешавад, Манижа Сангин Русияро бо таронаи Russian woman. намояндагӣ хоҳад кард.

Қаблан шабака иттилоъ дода буд, ки иштирокчии Евровидение аз кишвар рӯзи душанбе - бо овоздиҳии тамошобинон дар як намоиши махсуси идона муайян карда мешавад.
Довталабон Manizha, #2Маши или Therr Maitz буданд, ки тоҷикдухтар соҳиби роҳхат ба Евровидение-2021 гардид.
Евровидение-2021 рӯзҳои 18-22 май дар шаҳри Роттердами Нидерландия баргузор мешавад ва дар он сарояндагон аз 41 кишвар ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, озмун ба таври муқаррарӣ баргузор мешавад, аммо ҳайатҳо ва шумораи рӯзноманигорон коҳиш дода мешаванд.

Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

Ҳанӯз маълум нест, ки тамошобинон ба намоишҳо ҳозир мешаванд ё не.

Соли гузашта Евровидение бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуда буд. Мебоист Русияро гурӯҳи Little Big намояндагӣ мекард.

Манижа Сангин, сарояндаи тоҷики муқими Русия соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст ва ба гуфти худаш замони нооромиҳо бо аҳли оилаашон ба Русия омадааст.

Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шӯҳрат пайдо кард.

Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфт қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд. Ахиран ӯ намоҳанги худ "Не до славянка"-ро пешкаши мухлисон кард ва дар он бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом дод, ки ин тарона мавриди истиқболи коргарон қарор гирифт. 

Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон

Номбурда мегӯяд, аз 8-солагӣ ба эҷоди суруд машғул ҳаст ва ҳамаи намоҳангҳои худро худаш монтаж ва омода мекунад.

Ӯ ахиран соли гузашта нахустин сафири ҳусни нияти Русия оид ба гурезагон дар Созмони Миллали Муттаҳид интихоб шуд.

40
Зрители в кинотеатре

Филми "Парвонаҳо" дар Қазон ҷоиза гирифт - видео

55
(Таҷдидшуда 18:37 02.03.2021)
Филми "Парвонаҳо"-и коргардони тоҷик дар Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.

Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад. 

Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.

Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.

Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.

55
Барчаспҳо:
КИНО, Қазон, ҷоиза, коргардон, Тоҷикистон