Пояс смертника. Архивное фото

Боздошти як маргталаби 13-сола дар Кобул

9
(Таҷдидшуда 09:01 19.12.2014)
Истифодаи ноболиғон ба ҳайси фидоӣ (маргталаб) мақомоти Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст.

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Маргталаби сенздаҳсола дар Кобул аз сӯи кормандони Раёсати амнияти миллии Афғонистон ба ҳабс гирифта шуд, хабар медиҳад сомонаи Афганистан.Ру.

Ин наврас замоне боздошт шуд, ки ҷойи серодам барои инфиҷори бомбро ҷустуҷӯ мекард. Ӯ ба гуноҳи худ иқрор шуд ва иброз дошт, ки омодагии ҷангиро дар яке аз тамрингоҳҳои маргталабон дар хориҷи кишвар пушти сар кардааст. Истифодаи ноболиғон ба ҳайси фидоӣ (маргталаб) мақомоти Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст.

Созмондиҳандагони чунин ҷиноёт кӯдаконро гумроҳ сохта мегӯянд, таркиш хатаре ба ҷони онҳо надорад. Ба маргталабони бузургсол бошад, пас аз марг ваъдаи оромиш дар биҳиштро медиҳанд.

Ин аввалин ҳодисаи боздошт ва даст ба амалиёти террористи задани сокинон дар Кобул нест.Ҳафта қабл бар асари ҳамлаи як маргталаб ба як автобуси хурди сарбозони афғон, 6 нафари онҳо кушта шуданд.

Бомбгузорӣ субҳи барвақт ҳангоми шитоби мардум ба ҷойи корашон рух дод. Толибон масъулияти ин бомбгузориро бар ӯҳда гирифтанд. Аз ин пеш ва дар чанд ҳафтаи гузашта ҷангҷӯёни Толибон ба қароргоҳҳои низомӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар муассисаҳои хориҷӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон ҳамла карданд.

9
Барчаспҳо:
маргталаб, таркиш, инфиҷор, боздошт, тамрингоҳҳои маргталабон, Толибон, Кобул, Афғонистон