Барои раҳоии тоҷикон аз дасти Толибон амалиёти вижа роҳандозӣ шуд

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкМарзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чаҳор нафар шаҳрванди Тоҷикистон 20 декабр ба асорати Толибон афтода буданд

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Барои озод кардани марзбонони рабудашудаи Тоҷикистон полиси вилояти Қундузи Афғонистон амалиёти махсусеро оғоз намуд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Чаҳор нафар шаҳрванди Тоҷикистон 20 декабр ба асорати Толибон афтода буданд.

Сухангӯйи нерӯҳои пулиси Афғонистон дар вилояти Қундуз Сарвар Ҳусайнӣ ба Озодӣ хабар додааст, ки амалиёт шурӯъ шудааст ва гаравгонҳо дар деҳаи Қаламгузари ноҳияи Имом Соҳиб нигаҳдорӣ мешаванд. Вале шумораи мусаллаҳони гурӯҳи Толибон дар ин ҷо номаълум аст.

“Толибон” 12 корманди бандари Шерхонро рабудааст

Ҳусайнӣ гуфтааст, сарбозони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳоле ба асорати толибҳо афтодаанд, ки дар хатти марз бо чидани ҳезум машғул буданд. Қаблан хабар расида буд, ки толибҳо чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлонро рабудаанд.

Раиси ноҳияи Қумсангир Холмурод Раҳмонов ба Озодӣ гуфтааст, мақомоти ноҳия аз ҳеч гуна гаравгонгирии сокинони ин ноҳия аз тарафи Толибон иттилоъ надоранд.

"Мо аз ин қазия огоҳ нестем. Мақомот ҳам чизе нагуфтаанд. Агар ягон нафар марзшиканӣ мекард ва ё аз марз берун мешуд, мо ҳатман огоҳ мешудем. Зеро ҳар субҳ ҳам мақомоти умури дохилӣ ва ҳам марзбонӣ барои мо ҳисобот медиҳанд, ки рӯзи гузашта дар марз чӣ ҳодиса сар задаст. Эҳтимол чунин як ҳодиса сар зада бошад, аммо аз дигар ноҳия. Аз Қумсангир не", — афзудааст Раҳмонов.

Ба ин тартиб ҳанӯз рӯшан нест, ки чаҳор нафари рабудашуда сарбозони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонанд ё шаҳрвандони одӣ.

Сарвари ноҳияи Имом Соҳиб, Амониддин Қурайшӣ рӯзе пеш иттилоъ дода буд, ки толибҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро рабуда, гуфтаанд, дар ивази озодии тарафдорони худ аз маҳбасҳои Тоҷикистон ин чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро раҳо хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0