Военнослужащие США в Афганистане, архивное фото

Поёни маъмурияти низомии ИМА ва НАТО дар Афғонистон

18
(Таҷдидшуда 12:47 29.12.2014)
Генерал Ҷон Кэмпбелл, фармондеҳи Нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният, ё ISAF парчами сафеду сабзро ҷамъ карда, гуфт, "мо дар паҳлӯи ҳамдигар, афғонҳоро аз торикӣ ва ноумедӣ хориҷ кардем ва ба онҳо умед бахшидем."

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва ИМА рӯзи якшанбеи 28 декабр ба маъмурияти ҷангии 13 солаи худ дар Афғонистон поён доданд, менависад радиои Озодӣ.

НАТО дар Афғонистон маъмурияти низомии худро ба поён расонд ва маросими поёни ин маъмурият, рӯзи якшанбе дар Кобул бинобар таҳдиди Толибон, ба таври махфиёна баргузор шудааст. Ба ин тартиб, маъмурияти ҷангии нерӯҳои байналмилалии амниятӣ бо раҳбарии Амрико (мулаққаб ба ISAF) дар Афғонистон ба маъмурияти "омӯзишӣ ва пуштибонӣ"-и НАТО дар ин кишвар табдил мешавад.

Аз соли 2001, ки нерӯҳои хориҷӣ вориди Афғонистон шуданд, то кунун 3485 сарбози ин нерӯҳо кушта шудаанд. Аз ин шумора, 2224 нафарашонро низомиёни ИМА ташкил медиҳанд.

Генерал Ҷон Кэмпбелл, фармондеҳи Нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният ё ISAF дар ин маросим гуфтааст, мо ҳамеша ба кӯмаки мардуми Афғонистон омода будем ва дар ин росто кори зиёдеро анҷом додем.

"Мо дар паҳлӯи ҳамдигар, афғонҳоро аз торикӣ ва ноумедӣ хориҷ кардем ва ба онҳо умед бахшидем… Шумо Афғонистонро қудратмандтар ва кишварҳои худро амнтар сохтаед",- иброз доштааст генерал Кэмпбэлл.

Бо вуҷуди поёни маъмурияти ҷангии НАТО дар Афғонистон, ҳамчунин 12 ҳазору 500 сарбоз дар ин кишвар боқӣ мемонад ва ба тамрину машварати нерӯҳои ҳукуматӣ машғул мешаванд, ки бештари онҳо низомиёни амрикоӣ хоҳанд буд. Шумораи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон то пеш аз соли 2011 беш аз 130 ҳазор нафар буд, ки аз 50 кишвари дунё барои ҷанг бо Толибон ва Ал-Қоида ба ин кишвар омада буданд. Афғонистон дар ҳоли ҳозир 350 ҳазор нерӯи амниятӣ дорад, ки аз соли 2013 масъулияти таъмини амнияти кишвари худро бар ӯҳда гирифтаанд.

Генерал Ҷон Кэмпбелл дар суханронии худ ваъда додааст, ки нерӯҳои боқимондаи НАТО дар ин кишвар, дӯстони афғони худро танҳо нахоҳад гузошт ва аз мухолифони мусаллаҳ дар ин кишвар хост, то бо замин гузоштани силоҳ, ба раванди сулҳ ва бозсозии Афғонистон бипайванданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта Сергей Шойгу, вазири мудофеаи Русия дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон аз Тоҷикистон даъват кард, ки ба бадтарин пайомад омода бошанд.

"Дар пешорӯи ихроҷи неруҳои байналмилалии эътилофӣ аз Афғонистон Қувваҳои мусаллаҳи мо бояд ба ҳама гуна тағйирёбии авзоъ, аз ҷумла пайомади бадтарин низ омода бошанд",-иброз дошт Шойгу аснои сӯҳбат бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо.

18
Барчаспҳо:
поёни маъмурияти низомӣ, хурӯҷ, неруҳои низомӣ, ISAF, НАТО, Ҷон Кэмпбелл, Сергей Шойгу, Афғонистон, ИМА