Вазъият дар Сурия. Акс аз бойгонӣ

Маркази исломӣ ба дархости ҷиҳод дар Тоҷикистон посух дод

18
(Таҷдидшуда 13:36 08.01.2015)
“Ҷиҳоди эшон дар Тоҷикистон фикри ҷоҳилона ва бемаъност. Пас, ин ифротиёни хоин бояд дар тафаккур ва андешаи худ ҷиҳод бикунанд!”, - ҳамчунин зикр шудааст дар баёния.

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як баёния аз дархости ахири ҷангҷӯёни тоҷики гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" барои ҷиҳод дар кишвар изҳори нигаронӣ кардааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

"Дар кишваре, ки зиёда аз 99 дарсади онро мусулмонон ташкил медиҳанд, чӣ гуна "муҷоҳид"-е (ва он ҳам ҳамватани мо) метавонад "ҷиҳод" бикунад? "Ҷиҳод" бо кӣ мекунанд? Ин ҳақро ба онҳо кӣ додааст, ки нисбат ба як кишвари дорои беш аз ҳашт миллион мусулмон ҳукм намоянд?!", — омадааст дар баёния.

Ахиран, ба Интернет наворе роҳ ёфт, ки дар бораи дархости ҷангҷӯёни тоҷик дар Ироқ аз Абубакр Бағдодӣ, раҳбари созмони террористии ДИИШ барои ҷиҳод дар Тоҷикистон қисса мекунад. Дар ин навор як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз худ Абӯ Умариён ном мебарад, мегӯяд, онҳо аз Бағдодӣ дархост кардаанд, барои ҷиҳод дар Тоҷикистон иҷоза диҳад. Вале ба гуфтаи онҳо, дар посух омадааст, ки ҳоло каме сабр кунанд.

Маркази исломии Тоҷикистон дар баёнияаш мегӯяд, ин гуна дархост хоси террористон буда, "ин афрод ҳаргиз аз дину ойини хеш дарак надоранд".

"Ҷиҳоди эшон дар Тоҷикистон фикри ҷоҳилона ва бемаъност. Пас, ин ифротиёни хоин бояд дар тафаккур ва андешаи худ ҷиҳод бикунанд!", — ҳамчунин зикр шудааст дар баёния.

Маркази исломии Тоҷикистон дар идома гуфтааст, нишонаи имондории шахс дӯст доштани Ватан аст ва ин ҳам дар Қуръони карим ва ҳам дар суннати расули Худо борҳо таъкид шудааст.

"Дар ҳоле ки ин гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" худ муҳимтарин аҳкоми шариати исломиро риоя намекунанд, чӣ гуна метавонанд аз боби ҷиҳод ҳарф бизанад?", — мегӯяд Маркази исломӣ.

Дар охир аз сокинони кишвар даъват шудааст, бо дарназардошти ҳамаи ин хатарҳо ва падидаҳои номатлуб, падару модарон ва дар маҷмӯъ ҷомеаро мебояд, дар ин самт бетараф набошанд ва ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон иқдом кунанд.

18
Барчаспҳо:
баёния, фатво, даъват, ҷиҳод, Маркази исломии Тоҷикистон, Давлати исломӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Созмони тундгарои “Давлати исломӣ”
Поисковая экспедиция на месте где были бои во время Великой Отечественной войны 1941-45 годов, архивное фото

Ҷасади Раҷабов, куҳансарбози тоҷик, дар Калининград ёфт шуд: кӣ мешиносад?-видео

1154
(Таҷдидшуда 15:51 09.07.2020)
Ҷасади боз як сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Зеленоград пайдо карда шуд, ки ба гуфтаи ҷустуҷӯгарон аз Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гуруҳҳои ҷустуҷӯии "Совест" дар минтақаҳое, ки ҳангоми амалиёти Пруссияи шарқӣ задухӯрдҳо сурат гирифтаанд, кор карда,  дар ноҳияи Зеленоград ҷасади боз як сарбози ҶБВ-ро пайдо намуданд, хабар дод шабакаи телевизионии  "Вести-Калининград".

Муайян шудааст, ки сарбози ҳалокгардида Каримҷон Раҷабов аз Тоҷикистон будааст.

Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?

“Раҷабов зодаи Тоҷикистон мебошад. Феълан ба макони таваллуд ва даъваташ дархостҳо равон карда шудаанд. Умедворем, ки наздиконаш пайдо шаванду мо тавонем мукофоти ҷангияшро ба онҳо супорем. Шояд онҳо бихоҳанд, ки боқимондаҳо дар ватан ба хок супорида шаванд”, - изҳор дошт Руслан Хисамов, роҳбари гуруҳи ҷустуҷӯӣ дар гузориши телевизионӣ.

Қаблан дар ин минтақа ҷасади 7 сарбозеро пайдо карданд, ки аз пораҳои гулӯлаҳои  артиллерӣ ба ҳалокат расидаанд.

1154
Барчаспҳо:
сарбоз, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон
Пистолет

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

1229
(Таҷдидшуда 21:30 19.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

1229
Барчаспҳо:
қочоқи нафт, силоҳ, Тоҷикистон
День 16 июля

Ҷашнҳои рӯзи 16 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:36 15.07.2020)
Рӯзи шонздаҳуми июл дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Рӯзи кормандони металлург ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 16 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1850 дар Франсия озодии матбуот маҳдуд карда шуд.

Соли 1918 дар Конгресси ИМА оид ба идора кардани воситаҳои телекомуникатсионӣ қарор қабул карда шуд.

Соли 1999  арзиши саҳмияҳои ширкати "Майкрософт", ки Билл Гейтс муассиси он аст, ба 100 миллиард доллари амриокӣ баробар шуд.

Билл Гейтс, архивное фото
© Sputnik / Григорий Сысоев
Билл Гейтс, архивное фото

Соли 1925 дар Бағдод аввалин маротиба интихоботи парлумонии Ироқ баргузор гардид.

Рӯзи 16 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҷаласаи 15-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои Ҳаракати адами тааҳҳуд суханронӣ намуд.

День 15 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рўдакӣ ва Ҳисор дидан карда, бо роҳбарону фаъолон ва кишоварзони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Зикр гардид, ки Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ҳамдастию ҳамбастагӣ метавонанд дар ҳалли бисёр мушкилоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон нақши муассир дошта бошанд.

Соли 2018 масъалаҳои мубрами равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 16 июл

  • Дар Уругвай – Рӯзи ғалаба дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол.
  • Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Рӯзи металлург.
  • Дар Украина — Рӯзи муҳосибон.

Рӯзи 16 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 1872 — Руал Амундсен, тадқиқотчии норвегӣ, сайё ва кашфкунанда.

Соли 1907 — Барбара Стэнвик ҳунарманди амрикоӣ, дорандаи премияи "Эмм", "Золотой глобус" ва "Оскар".

Рӯзи 16 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1900-1967) – овозхони опера, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Залмон Муллоқандов.

Солҳои (1947-2009) – доктори илмҳои иқтисод Дона Гулмирзоев.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон