Ҷарроҳӣ. Акс аз бойгонӣ

“Озодӣ”: сарбози дар Саричашма захмӣ шуда ҷарроҳӣ шуд

11
(Таҷдидшуда 15:07 19.01.2015)
Ба гуфтаи сардухтури бемористони вилоятии Хатлон, марзбон Фаридун Олимов 18-уми январ дар пайи даргирӣ дар марз бо Афғонистон аз шикамаш захмӣ шуд. То ҳол таъйиди ин хабар аз сӯйи мақомоти расмӣ нест.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Фаридун Олимов, ки дар пайи даргирӣ дар минтақаи марзии Шӯроободи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон аз шикамаш шадидан захмӣ шудааст, дар бемористони шаҳри Кӯлоб ҷарроҳӣ шудааст, хабар медиҳад радиои "Озодӣ".

Сардухтури бемористони вилоятӣ Низом Латипов ба Радиои "Озодӣ" гуфтааст, ки Олимов соли 1992 таваллуд шуда сокини дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор аст. Марзбони захмишуда дар яке аз воҳидҳои низомии шумораи 2931 Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар минтақаи Шӯрообод хидмат мекардааст.

"Тир ба ҳеҷ як узви барои зиндагӣ муҳим осеб нарасонидааст. Феълан вазъи марзбон қаонъатманд аст. Баъд аз анҷоми ҷарроҳӣ мо огоҳ шудем, ки марзбон дар пайи тирпарронӣ аз самти Афғонистон захмӣ шудааст", — гуфтааст Латипов.

Ба иттилоъи манобеъи радио, субҳи 18-уми январ дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи №2, ки дар рустои Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод воқеъ аст, ба сӯйи Олимов тирпарронӣ сурат гирифтааст. Ӯро дар ҳолати вазнин бо чархбол ба бемористони вилояти шаҳри Кӯлоб мунтақил кардаанд.

Ҳамакнун рӯшан нест, ки ба сӯйи ин марзбон ки тирпарронӣ кардааст. Намояндагони КДАМТ низ ин ҳодисаро шарҳ намедиҳанд.

Дар рӯзҳои ахир гузориш мешавад, ки дар манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон таҷамуъи ҷангиён мушоҳида мешавад, ки бештаре аз онҳо атбоъи тоҷик ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мебошанд ва аъзои гурӯҳҳои тундраву террористии "Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон", "Ансоруллоҳ" ва "Толибон" ҳастанд.

Аз 28-уми декабри соли гузашта низоми хидмати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ташдид шудааст.

Имтидоди марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳудуди 1400 километр аст.

11
Барчаспҳо:
захмӣ шудани марзбон, КДАМТ, Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, Низом Латипов, Фаридун Олимов, Афғонистон, Тоҷикистон