Латукӯб. Акс аз бойгонӣ

Ятими ҷавон аз Чкаловскро барои дуздӣ куштанд

2
(Таҷдидшуда 15:07 19.01.2015)
Талоши дуздии маблағ аз хазинаи як маркази тиҷоратӣ дар Чкаловск сабаби қатли як шогирди ятимхона ва захмӣ шудани дигарӣ шуд. Нисбати кормандони бозор, ки ҷавонро латукӯб кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Латукӯби як шогирди 17-солаи ятимхонаи шаҳри Чкаловск боъиси марги вай шудааст, хабар медиҳад сойти интернетии ВКД.

Хабар дода мешавад, ки соъати яки шаб ду ноболиғи шогирдони ятимхона бо шикастани қулфи дар ба маркази тиҷоратии "Сабрина", воқеъ дар бозори "Назари Нек"-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мешаванд.

"Онҳо аз хазинаи ин мағоза 386 сомонӣ гирифта таҷамуъи кормандони бозорро мебинанд ва ба анбори мағоза ворид шуда, дар дохилаш паноҳ мебаранд. Вале дар ниҳоят онҳо пайдо мешаванду аз сӯйи мудири ва кормандони бозор латукӯб мешаванд", — омадааст дар хабари ин ниҳод.

Мудири бозори "Назари Нек" Рустамҷон Ҷӯраев ва кормандонаш Бобурҷон Юсуфов ва Аҳлиддин Файзиев ҷавононро аз дохили анбор бароварда бо маводди пластмасӣ латукӯб мекунанд, ки дар натиҷа як шогирди ятимхона дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешаваду дуввумӣ бо ҷароҳатҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ мешавад.

Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқот идома дорад.

2
Барчаспҳо:
дуздӣ ва қатл, "Назари Нек", Рустамҷон Ҷӯраев, Чкаловск, Тоҷикистон
Мавзуъ
ВКД ҶТ ба хонаводаи навраси шиканҷашуда 300 ҳазор сомонӣ медиҳад