Пойгоҳи низомии 201-уми ФР дар Душанбе

Пойгоҳи низомии 201-ум барои артиши ҶТ афсарони хурдро омода мекунад

14
Муовини вазири дифои Русия ба вазири дифои Тоҷикистон ваъда додааст, ки Русия барои таҳким ва таъмини нирӯҳои мусаллаҳи ҶТ тамоми кӯмаки лозимро хоҳад расонд.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Пойгоҳи низомии мавсум ба 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, ба омодасозии афсарони хурд барои артиши Тоҷикистон оғоз мекунад, иттилоъ медиҳад сомонаи Вазорати дифои Русия.

"Мо мӯътақидем, ки бо таҳкими Тоҷикистону таҳкими нирӯҳои мусаллаҳаш, мо амнияти Русияро таҳким мебахшем. Алтернативаи дигаре, ба ҷуз аз ҳамкорӣ ва рушди мушорикат надорем, чунки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия дар рӯбарӯи айни чолишҳо қарор гирифтаанд…, дар заминаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия мо ба омодасозии афсарони хурд барои артиши Тоҷикистон шурӯъ мекунем. Тайи яку ним моҳи давраи омӯзишӣ афсарони ояндаи тоҷик нозукиҳои касби ронандагии техникаи ҳарбиро аз бар хоҳанд кард",- иброз дошт Анатолий Антонов, муовини вазири мудофиаи Русия.

Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов аснои мулоқоташ дар Душанбе, ки рӯзи 27-уми январ сурат гирифт, ба Шералӣ Мирзо вазири дифои Тоҷикистон ваъда додааст, ки Русия барои таҳким ва таъмини нирӯҳои мусаллаҳи ҶТ тамоми кӯмаки лозимро хоҳад расонд.

Мавзӯи таъмину таҳкими нирӯҳои низомиву амниятии Тоҷикистон дар пасманзари таҳаввулоте, чун хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ва дигарбора сар баровардани таҳдиди ҷангиёни исломӣ  ва созмонҳои ифротие, чун "Давлати исломӣ", Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ ва амсоли ин, доғтар шудааст. Тоҷикистон бо Афғонистон, як манбаи асосии таҳдиди ҷангиёни исломӣ 1370 километр марзи мустақим дорад, ки қад-қади рӯди Омӯ(дар саргаҳаш — Панҷ) мегузарад ва бино бар релефи мураккаби аксаран кӯҳистониаш хуб ҳифозат намешавад.

14
Барчаспҳо:
омодасозӣ, афсарони хурд, пойгоҳи 201, Анатолий Антонов, Шералӣ Мирзо, ФР, Душанбе
Мавзуъ
Низомиёни тоҷику рус масоили муқобала бо терроризмро баррасӣ мекунанд
Поисковая экспедиция на месте где были бои во время Великой Отечественной войны 1941-45 годов, архивное фото

Ҷасади Раҷабов, куҳансарбози тоҷик, дар Калининград ёфт шуд: кӣ мешиносад?-видео

1074
(Таҷдидшуда 15:51 09.07.2020)
Ҷасади боз як сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Зеленоград пайдо карда шуд, ки ба гуфтаи ҷустуҷӯгарон аз Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гуруҳҳои ҷустуҷӯии "Совест" дар минтақаҳое, ки ҳангоми амалиёти Пруссияи шарқӣ задухӯрдҳо сурат гирифтаанд, кор карда,  дар ноҳияи Зеленоград ҷасади боз як сарбози ҶБВ-ро пайдо намуданд, хабар дод шабакаи телевизионии  "Вести-Калининград".

Муайян шудааст, ки сарбози ҳалокгардида Каримҷон Раҷабов аз Тоҷикистон будааст.

Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?

“Раҷабов зодаи Тоҷикистон мебошад. Феълан ба макони таваллуд ва даъваташ дархостҳо равон карда шудаанд. Умедворем, ки наздиконаш пайдо шаванду мо тавонем мукофоти ҷангияшро ба онҳо супорем. Шояд онҳо бихоҳанд, ки боқимондаҳо дар ватан ба хок супорида шаванд”, - изҳор дошт Руслан Хисамов, роҳбари гуруҳи ҷустуҷӯӣ дар гузориши телевизионӣ.

Қаблан дар ин минтақа ҷасади 7 сарбозеро пайдо карданд, ки аз пораҳои гулӯлаҳои  артиллерӣ ба ҳалокат расидаанд.

1074
Барчаспҳо:
сарбоз, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон
Пистолет

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

1227
(Таҷдидшуда 21:30 19.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

1227
Барчаспҳо:
қочоқи нафт, силоҳ, Тоҷикистон
Сотрудники МВД Таджикистана

Рутбаи ғайринавбатӣ ва телевизор: қадрдонии корманди милиса барои наҷоти духтар дар Норак

0
(Таҷдидшуда 13:53 10.07.2020)
Маликшо Неъматзода, раиси шаҳри Норак милисае, ки аз ғарқшавӣ як духтарро наҷот додааст бо ифтихорномаву туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, ахиран дар бинои шуъбаи Вазорати умури дохилаи шаҳри Норак ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он як корманди милиса барои наҷоти духтараки ғарқшуда аз дарёи Вахш қадрдонӣ шуд.

Неъматзода Маликшо, раиси шаҳри Норак рафтори наҷибонаи корманди милиса Анвар Сафаровро, ки аз ғарқшавӣ духтареро наҷот додааст, намунаи баланди хизмати содиқона ба касб ва қаҳрамони замон арзёбӣ кард.

Мақомоти Норак ба ин милиса ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим кард.
Ҳамзамон, сардори шуъба подполковники милиса Саидаҳрор Мирзоев ба самъи ҳозирин фармон дар бораи додани рутбаи ғайринавбатӣ ва 1 адад телевизорро расонд.

Гуфта шудааст, ки Сафаров Анвар рӯзи 8 июли соли 2020 ҳангоми адои хизмат духтараки ғарқшударо аз дарёи Вахш наҷот дода, бо ин амали худ ҷасорату мардонагӣ ва ба касби худ содиқ буданро нишон дод.

0
Барчаспҳо:
туҳфа, ифтихорнома, наҷот, ғарқшавӣ, Норак, Тоҷикистон