Дар Зафаробод шавҳар хонумашро ҳафт корд зад

© Sputnik / Mish SukharevНож
Нож - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муноқишаи хонаводагӣ бо кордзанӣ анҷом ёфт ва марди муттаҳам дар талош барои қатли хонумаш аз сӯйи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон боздошт шудааст.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Сокини 44 солаи ноҳияи Зафаробод хонумашро бо корд ҳафт маротиба задааст, менависад сомонаи ВКД Тоҷикистон.

Тибқи иттилои ин мақомот,  тахминан соати 2 шаби 27 январ О. Ҳасанов дар пайи муноқиша бо хонумаш Дилрабо Қобилова ӯро 7 маротиба бо корд задааст.

Ҷабрдида ба бемористон бо захмҳои сангин мунтақил шудааст. Дар бораи вазъи саломатии феълии вай иттилоъ пахш нашудааст.

Алайҳи шавҳараш, ки аллакай боздошт шудааст, ба иттиҳоми талоши қатл парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқи он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0