Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Русия ба тақвияти ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон кӯмак мекунад

10
(Таҷдидшуда 17:53 28.01.2015)
Тавофуқоте, ки дар авохири соли гузашта миёни раҳбарони Тоҷикистон ва Русия дар чорчӯби СПАД ба даст омадаанд, бояд комилан ва сареъ иҷро шаванд, гуфтааст раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Масоили ҳамкориҳои фаннӣ-низомӣ дар робита ба тақвияти ҳифозати марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ва омодагии зиддитеррористиро имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов матраҳ кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Вазифаҳаи аз ҳама муҳимро ҷонибҳо иҷрои сареъи тавофуқоте, ки авохири соли гузашта миёни раҳбарони Тоҷикистону Русия дар чорчӯби СПАД ба даст омадааст, унвон кардаанд.

Раҳмон зикр кардааст, ки тавофуқоти ба даст омада бояд сареъан ва ба шакли комил иҷро шаванд, зеро "Русия ва кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ ба таъмини амният дар минтақаи мо манфиатдор мебошанд".

Қаблан, дар дидор бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, Антонов гуфта буд, ки бо тақвияти Тоҷикистон ва нерӯҳои мусаллаҳаш, онҳо амнияти Русияро тақвият медиҳанд.

Ба гуфтаи Антонов, ду кишвар роҳи дигаре надоранд, зеро Тоҷикистону Русия бо хатароти муштарак ва танишҳо рӯбарӯ мебошанд.
"Мо ҳоло дарк мекунем, ки Тоҷикистон ин марҳилаи нахустини мо дар муқобала бо терроризм ва анвои дигари танишҳову хатарот мебошад", — таъкид кард муовини вазири дифоъи Русия.

Антонов рӯзи сешанбеи 27-уми январ барои анҷоми як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шуд.

10
Барчаспҳо:
дидори Раҳмон бо Антонов, СПАД, Анатолий Антонов, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи СПАД ба Маскав рафт
Пойгоҳи низомии 201-ум барои артиши ҶТ афсарони хурдро омода мекунад
Русия пойгоҳи низомиашро дар Тоҷикистон тақвият медиҳад
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото

Дастури Раҳмон барои тақвияти артиш ва марз: вазъи минтақа мураккаб

255
(Таҷдидшуда 15:26 26.01.2021)
Бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳад, махсусан, бо Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дода, ки барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Тоҷикистон стратегияи миллии зидди терроризмро барои солҳои 2021-2025 таҳия хоҳад кард, гуфт президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумон.

Президент гуфт, тадбирҳо на танҳо ба ҳимояи манфиатҳои кишвари мо, балки ба оромиву суботи кишварҳои дуру наздик, бахусус, кишварҳои минтақа низ мусоидат менамоянд.

Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифадор шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ҷиҳати ҳимояи устувори сарҳади давлатӣ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ пайваста чораҷӯӣ карда, назоратро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намояд.

Раисиҷумҳури кишвар гуфт, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем.

Зеро вазифаи аз ҳама муҳим - ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.

Навигариҳои хизмати ҳарбӣ: хизмати пулакӣ, дипломдорҳо ҳам раванд, ба кор намегиранд

Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, моро зарур аст, ки бо дарназардошти шароити имрӯза Қувваҳои Мусаллаҳи худро азнавсозӣ кунем ва онҳоро бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ таъмин намоем.

“Таъкид месозам, ки дар ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати воқеии ҳимоя кардани давлат аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мебошад”,-гуфт, президент.

Кишвардори Тоҷикистон гуфт, Вазорати мудофиа барои таҳия ва роҳандозии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиаи кишвар, тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, инчунин, таъмини артиш бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ бояд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Қабули қонунҳо: хизмати ҳарбӣ барои кор дар гумрук, суд, додситонӣ ҳатмӣ шуд

Вазорати мудофиа, инчунин, вазифадор карда мешавад, ки корро бо захираҳои сафарбарии ҳайати эҳтиётӣ тақвият бахшида, омӯзонидани онҳоро аз рӯи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монад ва ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ, гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, таълими саҳроӣ ва машқҳои низомӣ бо истифода аз тарзу усулҳои муосир аҳаммияти аввалиндараҷа диҳад.

255
Барчаспҳо:
артиш, минтақа, марз, Эмомалӣ Раҳмон
Послание президента Таджикистана парламенту

Раҳмон аз хоинону нақшаҳояшон гуфт: мехоҳанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил кунанд

407
(Таҷдидшуда 14:56 26.01.2021)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз  вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир ёдовар шуда, аз мақомоти қудратии кишвар хост, ки ба масъалаи таъмини амният диққати ҷиддӣ диҳанд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона гуфт, зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд, гуфт ӯ.

"Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд”,-афзуд, раисиҷумҳури кишвар.

Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард

Ба гуфти президент, онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Ӯ гуфт, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд ва ба ин хотир ӯ Прокуратураи генералировазифадор кард, ки лоиҳаи нави “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025”–ро таҳия кунад.

Мо борҳо эълон намудаем, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ тавр ба муҳоҷирати меҳнатӣ хотима дод

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро зарур аст, ки ҳамкориро бо сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар ин самт тақвият бахшанд.

407
Барчаспҳо:
фарҳанг, нақша, терроризм, Эмомалӣ Раҳмон

Интиқоди тунди Жириновский аз Туркия: наравед ба он ҷо

0
(Таҷдидшуда 20:07 26.01.2021)
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз сафар ба "кишвари маккор" - Туркия, ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия, Владимир Жириновский макони истироҳат - Туркияро кишвари "маккортарин" номид.

"Ба Туркия наравед, маккортарин кишвар аст", - изҳор дошт Жириновский.

Бо чунин суханон Жириновский ҳамлаи мусаллаҳона ба чор шаҳрванди Русияро шарҳ дод. Ин ҳамла дар кӯчаи Бешикташи шаҳри Истамбул ба вуқӯъ пайвастааст.

Як марди кӯчарӯб ба ду зан ва як марди русиягӣ ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ҷиҳати равонӣ бемор будааст.

Шаҳрвандони Русия ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Сокинони маҳаллӣ ба захмиён кумаки аввалия расонида ва баъдтар онҳо бистарӣ карда шуданд.

Яке аз замхиёнро ба зудӣ аз бемористон ҷавоб хоҳанд дод, чун вазъи саломатии ӯ хуб арзёбӣ мешавад.

Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш нархномаи истироҳат барои шаҳрвандони Русия дар Туркия дар қиёс бо соли 2020, то 15 дарсад боло рафт.

Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ин нархнома боз ҳам гаронтар хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки 90 дар сади истироҳаткунандагон Анталияро интихоб мекунанд.

0
Барчаспҳо:
Русия, Туркия, Владимир Жириновский